Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар кишварҳои гуногуни олам, ба хотири пуштибонӣ аз Маҷид Таваккулӣ, як донишҷӯи боздоштшудаи эронӣ, даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Маҷид Таваккулӣ моҳи декабри соли гузашта баъди он боздошт шуда буд, ки дар як гирдиҳамоии донишҷӯён ҳукуматро дар нақзи ҳуқуқи башар, “душманӣ бо демократия” ва бетафувутӣ ба мушкилоти мурдуми Эрон айбдор намуд.
Ин ҳафта ӯ алайҳи интиқол ёфтанаш ба ҳуҷраи инфиродии зиндон гуруснанишиниро шурӯъ кард. Алӣ, бародари Таваккулӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳбусон ба хонаводаи онҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳати Маҷид бар асари гуруснанишинӣ хабар додаанд. Ба гуфтаи маҳбусон, садои сулфаи пайваставу тулонии Маҷидро шунидаанд. Алӣ мегӯяд, ки бародараш ба маризии роҳҳои нафас мубталост.
Муҷозот барои эътироф накардани Аҳмадинажод?
Ба навиштаи хабаргузориҳо, Маҷид Таваккулӣ баъд аз суханронӣ дар намоиши эътирозӣ дар канори донишгоҳи Амир Кабири Теҳрон боздошт ва лату кӯб шуд. Ба думболи ин хабаргузории Форс ба хотири бадном сохтани Таваккулӣ акси ӯро дар пироҳани занона нашр кард. Ва аммо ин амал, ғайриинтизори мақомот, боиси ба роҳ мондани маъракаи байнулмилалии пуштибонӣ аз Таваккулӣ гардид.
Маҷид Таваккулӣ моҳи январи соли равон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, таҳқири раисиҷумҳур ва тарғибот алайҳи ҳукумат ба ҳашту ним соли зиндон маҳкум шуд. Пахши иттилоъ дар бораи гуруснанишинии Маҷид Таваккулӣ, ки рӯзи 23 май шурӯъ шудааст, фаъолони ҳуқуқи башар дар кишварҳои гуногуни оламро ба шурӯъи маъракаи гуруснанишинии оммавӣ ба хотири раҳоии ӯ аз маҳбас таҳрик дод. Гуруснанишинии оммавӣ рӯзи 26 май оғоз ёфт.
Миёни онҳое,ки даст ба ин иқдом задаанд, Асал Ахавон, донишҷӯи эронии муқимии шаҳри Мелбурн низ ҳаст. Хонум Ахавон умедвор аст, ки ин маърака фишорро болои мақомоти Эрон барои раҳоии Таваккулӣ аз маҳбас афзоиш хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, гуруснанишини худро ҳеҷ наметавонад бо азияте қиёс кунад, ки Таваккулӣ дар зиндон мекашад. “Ин амали мо намоиши пуштибонӣ аз онҳост, то ки онҳову хонаводаҳояшон бидонанд, ки танҳо нестанд”, мегӯяд Асал Ахавон.
“Мо ҳама Маҷидем!”
Фаъолони ҳуқуқи башари Эрон ҳамчунин дар саҳифаҳои худ дар Facebook навиштаи “Мо ҳама Маҷидем”-ро бо акси Таваккулӣ ва акси худ ҷой доданд. Алӣ, бародари Таваккулӣ мегӯяд, ки модараш ҳам баъд аз шунидани гуруснанишинии Маҷид аз обу ғазо даст бардоштааст. Ӯ ҳам умедвор аст, ки гуруснанишинии оммавӣ ба раҳоии писараш аз маҳбас мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳи Амир Кабир бо пахши як изҳорот масъулияти зиён ба вазъи сиҳати Маҷид Таваккулиро бар дӯши раҳбари мазҳабии кишвар Оятулло Хоманей вогузоштаанд.
Ба гуфтаи онҳо, фишор болои Таваккулӣ дар маҳбас ва интиқоли ӯ ба ҳуҷраи инфиродӣ - вокуниш ба сарпечии маҳбус аз эътирофи Маҳмуди Аҳмадинажод чун раисиҷумҳури Эрон аст. Асал Ахавон, ки бо Таваккулиро солҳо боз мешиносад, мегӯяд, Маҷид барои пойдор мондан дар мавқеъи худ, пуштибонӣ аз ҳуқуқи башар ва демократия қабл аз боздошташ дар моҳи декабр ду бори дигар ҳам зиндонӣ шуда буд.
Моҳи март Маҷид Таваккулӣ аз сӯи созмони ғайриҳукуматии “Ниёзмандии инсон”, мақараш дар шаҳри Прага, “барои дифоъ аз ҳуқуқи башар, демократия ва ҳалли мусолиматомези низоъҳои сиёсӣ” ба ҷоизаи Ҳумо Ҳоминӣ мушарраф шуда буд.