Маҷлиси хатмкунандагон

Рафиқон! Инак имсол ҳам соли таҳсил дар аксари макотиби таҳсили ҳамагонӣ, ногаҳон ва ғайричашмдошт, чӣ мегўед, ки ба охир расид ва шахсан мактаби мо имсол ҳам чун солҳои пешин хатмкунандагонамонро ба шаҳрҳои калони бурунмарзӣ, яъне ба хориҷаи дур, на он қадар дур ва на он қадар наздик мефиристад.
Агар соли гузашта мо наваду панҷ фоизи (95%) хонандагонамонро ба хориҷа фиристода бошем, имсол кўшиш ба харҷ медиҳем, ки бештар аз наваду шаш фисадашон (96%) сафари мамолики хориҷа кунанд. Чунки мактаби мо ҳамеша пешқадам буд, ҳаст ва мемонад. Абадан.

Аз рўи инсофу адолат қайд кардан зарур аст, ки рафиқон, на ҳамаи хатмкунандагони имсола, ки рахти сафар ба мамолики хориҷа бастанианд, тамоми ҳарфҳои алифборо мешиносанд. Вале ин муҳим нест, зеро онҳо корашонро хеле хуб медонанд.

Мо, муаллимон, ба онҳо кашидани аробаҳои дучархаю чорчарха ва ҳангоми шикастурехти техникаи мазкур таъмиру тармими онро ба талабагонамон хуб омўзонидаем. Инчунин, кандани хандақу ташноб ва ба дараҷаи лозими бардоштани таҳкурсӣ (фундамент)-ҳоро ҳам онҳо ба воситаи муаллимони сахтгиру оқилашон нағз азёд кардаанд.Ҳатто онҳое, ки дар вақташ дарсгурезӣ кардаю касбҳои дар боло
гуфта гузаштаро хуб аз худ накардаанд, умедворем , ки дар хориҷа аз
хатмкунандагони пештаррафтаамон меомўзанд.

Ногуфта намонад , ки аз хатмкунандагони пештараи мактабамон, сифру аз сад ду фоизашон (0, 02%) аллакай ба қатори одам даромадаанд. Яъне, онҳо дар он ҷо ягон занаки... аз шавҳарҳояш ҷудошударо ёфта, хонадор шудаанд ва имрўз ҷои хоби алоҳида доранд. Якто - нимтоашон ҳатто соҳиби мошини тамғаи «Москвич - 408» гащтаанд.

Масалан, ба хориҷа рафтани хатмкунандаи мактабамон, бачаи беваи Хатичаро ҳанўз панҷ соли буд ҳам нашудааст, вале вай аллакай
ба модараш 600 доллари амрикоӣ кафанпулӣ фиристодааст. Мо аз муаллими фанни математика хоҳиш кардем, ки он маблағро ба пули худамон гардонад. Вай қаламу коғаз гирифта, баромаду пас аз як шабонарўз ҷавобашро ба мо овард, рафиқон... Он рақаме, ки вай ба мо номбар кард, агар маоши тамоми муаллимони мактабро якҷоя бо маоши фаррошамон дар муддати як сол ҷамъ кунем, қариб нисфаш мешавад. Бинобар ин, шўрои педагогии мактаб қарор қабул кард, ки тамоми муаллимони мактаб (ба ғайр аз директору фаррош) имсол ба назди хатмкунандагони пештараамон рафта, ба онҳо шогирд шаванд.

Дар ҳақиқат, рафиқон, дигар ба омўзиши илмҳое, ки мактабҳои дигар ба талабагонашон меомўзонанд, ҳоҷат намондааст. Барои мисол дур намеравем. Ҳамсинфи бачаи ҳамон беваи Хатича, номаш Сангин буд,.. Кулўхин буд, чӣ буд, аълочӣ мешавам гуфта бисёр хонд... Хонде бачаи мардак! Аз хондана чашмонашро кўр карду, акнун барои харидани айнак пул надорад. Маҷбур шудем шишаи ягона микроскопи мактабро канда, ба вай диҳем.

Бинобар ин, ман таклиф мекунам, ки ҳамаи муаллимон то пагоҳ нағз тайёрӣ бинанд ва барои баланд бардоштани фоизи (%) хориҷаравии мактабамон роҳи мамолики ғайрро пеш гиранд. Ба раҳмататон диққат... яъне ташаккур!