Панҷумин нишасти раҳбарони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва шеваҳои мубориза бо шиканҷаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ин ҳамоиш, ки бо ширкати раҳбарони додгоҳҳои олии Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар қарогоҳи Пуғуси ноҳияи Варзоб ҷараён дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз раҳбарони додгоҳҳои олии ин кишварҳо вуҷуди мавориди шиканҷаро монеъае дар риояти ҳуқуқи башар талаққӣ карда ва бар зарурати ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бо ин зуҳурот таъкид кардаанд.
Шиканҷа мушкили ҳамаи кишварҳои узв
Шеваҳои қонунии мубориза алайҳи шиканҷа дар ҳоле дар нишасти Варзоб мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аксари раҳбарони додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ бар вуҷуди шиканҷа ва ё усулҳои номашруъи озори афроди мазнун, мутаҳҳам ва муҷрим дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо таъкид доранд.
Мусобек Алимбеков, раиси Додгоҳи олии Қазоқистон дар ин бора мегӯяд, «мавориди истифодаи усулҳои номашрӯъ ба ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо вуҷуд дорад ва чунин фактҳо дар ҳама ҷо ҳаст. Наметавон гуфт, ки чунин ҳолат танҳо дар Қазоқистон ба мушоҳида мерасад. Ҳатто дар Аврупо, низ маъмурони пулис аз ваколатҳои худ барои ошкор кардани ҷиноят аз ин усулҳо кор мегиранд. Аммо муҳим он аст, ки давлат дар ҷорчуби қонун ва ҳам дар амалия аз ин падида ҷилавгирӣ мекунад».
Вячеслав Лебед, раиси Додгоҳи олии Русия низ ин гуна маворидро таъид кард ва гуфт, «албатта, наметавон ҳолатҳои таҳқир, паст задани обрӯ ва эътибори инсон, шиканҷа, бархӯрди номуносиб ва дигар маворид ба ҳангоми тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи парвандаро инкор кард. Қонунгузории Русия дар ин замина роҳу василаи бонизомеро дар назар гирифтааст. Аммо ҳангоме, ки нисбати фарди гумонбар, боздоштшуда ва шахси дигар аз зӯр кор гирифта мешавад, ман бар инам, ки ин бархурди номуносиб ба шеваи фишори равонӣ амалӣ карда мешавад, ки бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳатто набуди шароити муносиби нигаҳдорӣ барои фарди гумонбар ва ё боздоштшуда фишори равонӣ нисбати ӯро бештар мекунад. Ин кори дурусте нест ва нақзи ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад».
Раҳбарони додгоҳҳои олии Чину Кирғизистон низ назароти мушобеҳе дар мавриди масоили шиканҷа баён карданд.
Узбакистон истисност?
Аммо Шералӣ Раҳмонов, муъовини раиси Додгоҳии олии Узбакистон, нахост бо хабрнигорон дар ин замина сӯҳбат кунад. Ҳатто он аҷиб буд, ки ин мақоми узбак, хоҳиши Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва садри нишастро низ рад кард ва аз хабарнигорон дурӣ ҷуст.
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар Узбакистон аз кишварҳои ба истилоҳ «пӯшида» дар заминаи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад. Гузоришҳо ҳокист, ки мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Узбакистон ба ҳадест, ки ҳатто мавориди кушта шудани бархе аз маҳбусон бар асари озору шиканҷаи маъмурони зиндонҳо низ ба мушоҳида расидааст.
"Моддаи ҷудогонаи шиканҷа бояд бошад"
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, беҳбуд бахшидан ба шеваи мубориза бо шиканҷа ва коҳиш додани онро дар миёни кишварҳои узви СҲШ як амри зарурӣ арзёбӣ кард ва гуфт, «мо бояд фаҳмем, ки шиканҷа то кадом андоза вуҷуд дорад ва ин қавонини ин кишварҳо то куҷо амал мекунанд. Зеро бояд бар зидди ҳама гуна шиканҷа мо бояд мубориза барем. Чун ин аз меъёрҳои байналмилалӣ бар меояд».
Аммо ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Лариса Қобилова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қонуни ҷиноии ин кишвар моддаи алоҳида дар маврид шиканҷа дар назар гирифта нашудааст, «дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон моддае аст, ки «бадрафторӣ» ном дорад, аммо банди алоҳидае марбути ҷинояти шиканҷа вуҷуд надорад, Ба ин хотир беҳтар мебуд, ки ба қонун ислоҳот ворид карда мешуд ва ҷавобгарии хос барои шиканҷа дар назар гирифта мешуд. Аммо муассиртарин роҳи ҷилавгирӣ ва мубориза зидди шиканҷа ин қабули қонуни ҷадиди мурофиавӣ - ҷиноӣ дар Тоҷикистон аст, ки бояд эҳтироми ҳуқуқи шахсият дар ҳама марҳалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидани вай риоят шавад».
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии мубориза бо шиканҷа дар соли 1995 , ҳамвора барои вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешавад.
Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд омори дақиқе дар маврид шиканҷа ва дигар усулҳои бадрафторӣ оморе дар даст надоранд, аммо манобеъи давлатӣ қаблан эълом карда буданд, ки тайи солҳои 2006 то 2008 алайҳи 117 тан аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва бозрасӣ ба иттиҳоми кор гирифтан аз шиканҷа алайҳи афроди гумонбар ва зиндониён парвандаи ҷиноӣ боз гардида буд ва 264 нафари дигар ба ҷавобгарии идорӣ кашонда шудаанд.
Омори расмӣ маваҷуд нест
Афзун бар ин Бюрои ҳуқуқи башар ва риояти қонунҳо дар Тоҷикистон, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, дар соли гузашта аз сабти 92 мавриди шиканҷа муддати ду своли ахир хабар дода буд. Аммо он чӣ дақиқ аст, ин аст, ки дар соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон ду корманди зиндони ноҳияи Ёвонро барои шикакнҷа ва озори ҷисмонӣ кор гирфтан ба панҷ солӣ маҳкум ба зиндон карда буд.
Зимнан, ба гуфтаи масъулони давлатӣ, Тоҷикистон аз мубтакирони аслии нишасти раҳбарони додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ ва баррасии масоили марбут ба таъмини баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар қонунгузории кишварҳои узв ва шеваҳои қонунии мубориза бо шиканҷа мебошад.
Аммо дар нахустин рӯзи ин ҳамоиш пешниҳоди мушаххасе аз сӯи намояндагони Тоҷикистон дар робита ба ин масоил матраҳ нашуд. Қарор аст, мулоқоти раҳбарони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ фардо бо қабули эъломияи муштарак ба поён бирасад.
Тоҷикистон аз соли 1995 ба Конвенсиюни байналмилалии мубориза мубориза бо шиканҷа пайваста буд, аммо ҳамвора барои вуҷуди шиканҷа дар зиндону боздоштгоҳҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ танқид мешавад.