Имрӯз, 27-уми май, бо ибтикори Оҷонси Паймони тамаддунҳои Созмони милал дар шаҳри Рио де Жанейро ҳамоиши серӯзае дар мавзӯъи гуфтугӯи тамаддунҳо ба кори худ оғоз кард.
Дар он намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Бразилия, нахуствазири Туркия ва дабири кулли СММ ширкат доранд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкаткунандагон беш аз ду ҳазор нафар гуфта мешавад.
Дар конфронс сар карда аз муҳоҷират ва ҳуқуқи башар то ба таҳсилу маориф мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нишасти вижа ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, аз ҷумла, ба ҳукми додгоҳи Покистон дар бораи манъи дастрасӣ ба Фейсбук бахшида хоҳад шуд. Додгоҳи он кишвар ин ҳукмро баъд аз он содир кард, ки Фейсбук саҳифаи вижа таҳти унвони “Ҳар кас рӯзи Муҳаммадро тасвир мекунад” ташкил намуд.
Паймони панҷсола
Гурӯҳи дӯстони Паймон беш аз 120 узв дорад ва дар он бар иловаи кишварҳои ҷудогона, ҳамчунин, созмонҳои мухталифи байналмилалӣ, назири Созмони кишварҳои исломӣ ва Шӯрои Аврупо низ вориданд. Ба ин паймон инчунин Афғонистон, Озарбойҷон, Беларус, Босния ва Ҳертсеговина, Эрон, Қазоқистон, Черногория, Покистон, Русия, Сербистон, Украина ва Узбакистон шомиланд.
Бо вуҷуди он ки паймон беш аз панҷ сол пеш ташкил шудааст, ИМА ба он ҳамагӣ ду ҳафта қабл ҳамроҳ шуд. Паймони тамаддунҳои СММ бо ташаббуси Испания ва Туркия дар соли 2005 таъсис шуда буд. Он созмони бузург нест ва дар дафтари он дар Ню-Йорк ҳамагӣ 12 нафар кор мекунанд.
Паймон инчунин як гурӯҳи мушовирони сатҳи баланд иборат аз бист нафарро дорад. Академики рус Виталий Наумкин ва президенти собиқи Эрон Муҳаммад Хотамӣ аз ҷумлаи ин мушовирон мебошанд.