“Фасод, шиканҷа ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ - нигаҳе ба Қирғизистон аз берун” - мавзӯъи сӯҳбати мизи гирде буд, ки бо ширкати коршиносони маъруфи масоили Осиёи Марказӣ дар Вашингтон баргузор шуд.
Ҷеффрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, зимни ифтитоҳи нишаст бо ишора ба аксҳое, ки дар толор ба маърази намоиш гузошта шуда буданд, гуфт, муаллифи аксҳо Умеда Аҳмадова мехост дар сӯҳбати “мизи гирд” ширкат кунад ва аммо мақомоти Узбакистон ба ӯ иҷозаи хуруҷ надоданд. Гуфта мешавад, ки ин хабарнигор дар ватанаш мавриди таъқибу фишори шадиди сиёсӣ қарор дорад.
Пол Куин Ҷаҷ, раиси дафтари Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ, изҳор намуд, ки ҳаводиси Қирғизистон фақат хоси ин кишвар нест ва метавонист дар ҳар ҷумҳурии минтақа рух бидиҳад. Пол Куин Ҷаҷ, муаллифи яке аз аввалин гузориши муфассал дар робита ба ҳаводиси ахир дар Қирғизистон, аз ширкатдорони сӯҳбати “мизи гирд”-и мавсум ба “Фасод, шиканҷа ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ - нигаҳе ба Қирғизистон аз берун” буд, ки бо ибтикори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Вошингтон баргузор шуд.
Чаро қирғизҳо аз “инқилоб” хушнуд нестанд...
Сӯҳбати “мизи гирд” асосан атрофи ҳаводиси ахири Қирғизистон сурат гирифт, Пол Куин Ҷаҷ, раиси дафтари Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки ӯ тайи фаъолияти хабарнигорӣ шоҳиди панҷ ё шаш ҳодисаи суқути режимҳо буд ва дар он ҳаводис ду вижагӣ баръало мушоҳида мешуд. Яке – тавонмандии нерӯҳои, ба истилоҳ, инқилобӣ, аз ҷумла, тавонмандии онҳо барои ҳифзи қудрати бадастоварда.
Вижагии дуввум – шодиву нишоти мардум аз пирӯзӣ дар набард бо ҳукумати суқуткарда буд. Ва аммо, ба гуфтаи Пол Куин Ҷаҷ, дар Қирғизистон чизе аз вижагиҳоро эҳсос нашуд. Аз як сӯ, ба назар мерасад, ки ҳукумати нав нерӯманд ва қодир ба ҳифзи комили пирӯзӣ нест. Аз сӯи дигар, ҳарчанд аксари мардум аз саҳнаи сиёсӣ дур андохтани раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро пазируфтаанд ва аммо аз ҳукумати нав низ чандон хуш нестанд.
...ва кишварҳои ҳамсоя низ?
Пол Куин Ҷаҷ ба он нукта низ ишора кард, ки кишварҳои ҳамсоя ва Русия ҳам бо ҳукумати нави Қирғизистон муносибати сард доранд: “ҳамсояҳои осиёимиёнагӣ ва Русия ба ин ҳаводис вокуниши ба таври ғароиб бадхоҳона кардаанд. Намунаи рӯшани ин - аз сӯи Қазоқистон баста шудани марз бо Қирғизистон аст, ки метавонад тӯлонӣ бошад ва аллакай ба иқтисоди заъифи Қирғизистон таъсири ҷиддӣ расондааст”.
Ба гуфтаи Пол Куин Ҷаҷ, ҳаводиси Қирғизистон бори дигар намоиш дод, ки режимҳои мустабид – ҳампаймонҳои боэътимод нестанд. Ва аммо, аз нигоҳи ӯ, байид ба назар мерасад, ки кишварҳои ғарбӣ аз паёмадҳои ҳампаймонӣ бо ин кишвари Осиёи Миёна сабақ бигиранд.
Кӣ фасодзадатар аст – Гулнора ё Максим?
Эрик МакКлинчӣ, донишманди донишгоҳи Ҷорҷ Майсон, ба он нукта ишора кард, ки коршиносон дар бораи имкони бештари шикасти режим дар дар Қирғизистон назар ба дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Узбакистону Қазоқистон ва ҳатто Туркманистон ҳадс мезаданд. Ба гуфтаи ӯ, ин се кишвар, яъне Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон аз ҳам хело тавофут доранд. Дар Узбакистону Қазоқистон, дар қиёс бо Қирғизистон, ҳизбҳои неруманди президентӣ фаъоланд. Мақомоти ин кишварҳо хуб мефаҳманд, ки таъсиси ҳукумати нав маънои аз мақом барканор шудани мансабдорони зиёди дигарро дорад ва аз ин рӯ ҳама соҳибони курсиҳои масъул дар ҳизби президентӣ муттаҳид шудаанд.
Эрик МакКлинчӣ: “ҳамаи ин ҳукуматҳо фасодзаданд. Ҳадафи марказии раҳбарӣ дар ин ҳукуматҳо – ҳарчӣ бештар дуздидани пул аст. Мо дар намунаи Гулнора ва Зеромакс метавонем бубинем. Ӯ ҳар кори дилхоҳро мекунад ва воқеъан ҳам парво надорад, ки элитаи сиёсӣ чӣ мегӯяд. Ҳамин гуна Қулибоев низ метавонад дар канори Лондон қасри мӯҳташам ва боигарии зиёдеро дар ихтиёр дошта бошад ва дар ин ҳолат ба ягон мушкили воқеъӣ мувоҷеҳ нашавад”.
Ӯ мегӯяд, гумон аст, сиёсатмадорону вузарои Узбакистону Қазоқистон аз пайвандони раисиҷумҳур талаби нигаҳ доштани нафсро кунанд. Ва аммо, гуфт таҳлилгар, вақте ки Максим, писари Боқиев ва ё Айдар, писари раисҷумҳури пешини Оқоев чашми тамаъ сӯи хазинаи кишвар дӯхтанд, сиёсатмадорони мухолиф даст ба тазоҳурот заданд.
Мусаллаҳони ошӯбгар маҳтали ишораанд?
Даниэл Киммиҷ, таҳлилгар аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтон, дар ин сӯҳбати “мизи гирд” ба он нукта ишора кард, ки беназмиҳое чун дар Қирғизистон метавонад гурӯҳҳои ифротгароро барои бештар ноором кардани авзоъ дар Осиёи Марказӣ таҳрик диҳад. Ӯ қабл аз ҳама ба таҳдидҳо аз сӯи мусаллаҳони Ҳаракати исломии Узбакистон ишора кард, ки баъд аз ихроҷ аз минтақа ва суқути низоми “Толибон”-и Афғонистон дар хоки Покистон панаҳ бурдаанд.
Даниэл Киммиҷ: “ин гурӯҳҳо айни ҳол зери фишори бархе нерӯҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин артиши Покистон қарор доранд ва имкон дорад, ки дар сурати боз ҳам бештар шудани ин фишор сӯи кишварҳои худ раҳ бигиранд”.
Мусаллаҳони гурӯҳҳои ошӯбгари берун аз минтақа, ба гуфтаи Даниэл Киммиҷ, тавони дар Осиёи Марказӣ сари қудрат омадан надоранд, зеро аз пуштибонии ҷомеъа бархурдор нестанд. Вале ин афрод бо ташкили ҳамлаҳо метавонанд минтақаро ба гирдоби нооромиву беназмиҳои нав бикашанд. Таҳлилгар афзуд, вазъе чун авзоъи феълӣ дар Қирғизистон, аз ҷумла, дар ҷануби ин кишвар, фақат ба манфиати мухолифони оромиву субот дар минтақа аст.