Интиқоди Маскав аз истиқрори мушакҳои "Пэтриот" дар Мораг

Вазорати хориҷаи Русия истиқрори мушакҳои амрикоии “Пэтриот” дар Лаҳистонро ба боди интиқод кашида, гуфт, ин иқдом ба сӯди амният ё эътимод хидмат намекунад. Аммо дар ин баёния ба кадом иқдоми эҳтимолии ҷавобии Маскав ишора нашудааст. Як батареяи мушакҳои дифоъии замин ба ҳавои навъи “Пэтриот”-ро рӯзи 24 май дар шимоли Лаҳистон, дар наздикии вилояти Калинингради Русия мустақар карданд. Мақомоти Амрико тамрини нирӯҳои Лаҳистонро ҳадафи истиқрори ин батарея дар пойгоҳи Мораг унвон мекунанд.