Садҳо вагон моли марбут ба нерӯҳои НАТО дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст.
Сухангӯи ISAF Гоетз Ҳасске ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, бархе вагонҳои ҳомили молҳои таъминотии НАТО ба далели “танишҳои давомдори сиёсӣ дар минтақа” мутаваққиф шудаанд. НАТО бархе молҳои ғайриҷангӣ, аз ҷумла маводи сӯхту хӯрока ба манзури таъмини нирӯҳояш дар Афғонистонро тавассути Осиёи Марказӣ мерасонд.
Садҳо вагони манъшудаи НАТО дар Узбакистон
Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки Узбакистон бидуни ягон далел садҳо вагон моли мутааллиқ ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро мутаваққиф кардааст.
Ба гуфтаи оқои Қаландаров, беш сесад вагон моле, ки бояд ба шимоли Афғонистон барои нерӯҳои НАТО фиристода шаванд, дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст.
Усмон Қаландаров гуфт, ин вагонҳо ҳомили маводи сӯхти реактивӣ, яъне керосин ва масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯҳои Эълтилофи байналмилалии зидди террористӣ дар Афғонистон мебошанд.
Ҳоло идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои ҳалли қазияи мазкур ба сафоратҳои Афғонистон, Амрико, Ҷопон ва Эрон зимни номае муроҷиъат кардааст. Вале то кунун вокунише аз ин сафоратхонаҳо дарёфт накардааст.
Владимир Сабкалов, муовини аввали ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд: “Бале дар қаламрави Узбакистон теъдоди зиёди вагонҳои ҳомили сӯхти реактивӣ ҷамъ шудааст ва ҳоло мо ба сафоратхонаҳои Афғонистон, Олмон, Ҷопон ва Амрико муроҷиат намудем, ки дар ҳалли ин масъала мусоидат кунанд.Зеро агар ин вагонҳо аз тариқи роҳи оҳани Душанбе оварда шаванд аз роҳи ноҳияи Колхозобод, ки то марз 72 километр роҳ мемонад ба шимоли Афғонистон интиқол дода хоҳанд шуд”.
Ҳамчунин Роҳи оҳани Тоҷикистон бино ба хароб будани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз - Қурғонтеппа аз Узбакистон дархост намудааст, ки вагонҳои НАТО-ро тавассути роҳи оҳани Душанбе интиқол диҳад. Аммо дар ин бора низ то кунун посухе нарасидааст.
Атташеи матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Дамиан Вамплер мегӯяд: “Нахуст бояд бигӯям, ки дар робита ба ин масъала мо бо вазорати корҳои хориҷӣ ҳамеша дар иртибот ҳастем. Ва онҳо ба мо маълумот медиҳанд, ки чӣ қадар вагонҳо, бо чӣ теъдоде дар марз боздошта шудаанд. Мо бо диққат вазъро назорат дорем, агар шумо маълумоти бештар мехоҳед ба вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон муроҷиат кунед, беҳтар аст”.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, чунин номае аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт ва барои баррасӣ ба Кобул мухобира шудааст.
Манъ шудани дигарбораи қаторҳои Тоҷикистон
Тибқи иттилоъи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Узбакистон аз таърихи 22 май бори дигар ҳаракати вагонҳои ҳомили бори мухталиф ба қаламрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардааст.
Ин масъулон мегӯянд, ҳамакнун дар қаламрави Узбакситон ҳудуди ҳазор вагон, ки бояд ба самти Хатлон ҳаракат кунанд, боздошт шудаанд. Дар ҳоле, ки ҷониби Узбакситон тахриби қитъаи роҳи қатори Амузанг – Термизро аз иллати аслии ин амр унвон кардаанд, масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, кишвари ҳамсоя барои бозсозии ин қитъаи роҳ тавассути ин ширкат ризоят намедиҳад.
Ин дар ҳолест, ки вазъи мавҷуд мояи нигаронии соҳибкорону тоҷирони тоҷике шудааст, ки вагонҳои бору колояшон дар марзи Узбакистон дар банд аст.
Андрей Тропин, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, «аз таърихи 22 май то кунун ҳеҷ як вагон аз тариқи истгоҳи Қурғонтеппа, вориди Тоҷикистон нашудааст ва гумон аст, ки иҷозаи вурудро пайдо кунанд. Далели ин амр рӯшан нест , аммо ба иттилои мо дар марзи Узбакистон 969 адад вагони самти Хатлон, ҳомили бору коло, ба хусус маводи сухт, семент ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар банд ҳастанд. Вагонҳое, ки тариқи тронзит аз Русия, Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон бояд бирасанд».
Аммо ҷониби Узбакистон ҳамоно дар таъхир шудани убури вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави он кишвар сабабҳои техникиро пеш меорад.
Узбакистон: Роҳи оҳан дар таъмир аст!
Зафар Раҳимҷонов, консули сафорати Узбакистон дар Душанбе мавриди дубораи боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар марзи кишварашро таъид кард ва сабаби онро чунин шарҳ дод, «ба иттилои ширкати ширкати роҳи оҳани «Узбекистан темур йулларӣ» ба сабаби ноустувории минтақаи сейсмикӣ, паёмадҳои резиши сел ва набуди захираҳои молӣ ва фаннӣ, ин ширкат наметавонад тармиму бозсозии қитъаи роҳи «Термиз – Амузанг» ро анҷом диҳад. Ин вазъ ба таври мустақим ба ҳаракати қаторҳои самти Қурғонтеппаи вилояти Хатлони Тоҷикистон асар гузоштааст».
Ҷаноби Раҳимҷонов, қатъи ҳаракати қаторҳо ба самти Хатлони Тоҷикистонро дар ҷорчӯби муқарароти байналмилалӣ медонад ва мегӯяд, бо вуҷуди дархостҳои мукарари Узбакистон барои тағйири самти ҳаракати қаторҳо ба манзури ҳалли қазияи пешомада, то ҳол ҷониби Тоҷикистон дар ин робита посухе надодааст.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин масъули сафорати Узбакистон ҳамакнун ширкати роҳи оҳани Узбакистон шароити интиқоли ҳудуди 600 вагон бору колои мавриди ниёз ба самти Душанбе аз тариқи истгоҳи Қудуқлиро омода кардааст.
Тоҷикистон омодааст роҳи оҳани Узбакистонро таъмир кунад
Аммо ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар посух ба ин дархости ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки омодааст, қитъаи роҳи тахрибшудаи «Термиз – Амузанг»-ро, ки 11-км-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ тармиму бозсозӣ кунад, то ҳаракати вагонҳо бидуни маҳдудият сурат бигард. Чун ба таъкиди ин масъулон вуруди қаторҳои самти Хатлон аз тариқи истгоҳи Душанбе мушкилоти фаровонеро барои соҳибони бору колоҳо ба миён меорад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон бо он ки соҳибкорону тоҷироне, ки вагонҳои бору колоҳои онҳо дар марзи Узбакистон моҳҳо боз дар банд аст, аз ин вазъ нигаронанд ва ҳамеша бо арзу шикоят ба онҳо муроҷиат мекунанд, аммо дар бароварда кардани ниёзи онҳо дасткӯтоҳ ҳастанд.
Зимнан, ҳудуди чаҳор моҳ аст, ки мавзӯъи боздошти беш аз 2 ҳазор қатори ҳомили молу колои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон ба мушкили аслӣ дар муносиботи миёни ду кишвар табдил шуда, ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоъиро касб кардааст. Пас, суоли матраҳ низ ин аст, ки вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон фаъол кардани кадом муносиботу тамосҳоро дар назар доранд?
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бо пеш омадани масъалаи вагонҳои коло ва маводи сӯхти НАТО дар қаламрави Узбакистон ин қазия домани фарохтаре густарда ва аз баҳси Тошканду Душанбе фаротар хоҳад рафт