Дархост барои мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC

Конфедеросиюни футболи Осиё аз чаҳор дастаи ширкаткунандаи бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC-2010 даъват намуд, ки дархости худро дар бораи мизбонии сабқати ниҳоӣ то 11-уми июн пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ба даври ниманиҳоӣ ғолибони се гурӯҳ «Дордой-Бишкек»-и Қирғизистон, «Вахш»-и Тоҷикистон ва «Яданарбон»-и Мянмар, ҳамчунин, беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум – МТТУ – Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия роҳхат гирифтаанд.

Исроил Шарипов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба радиои Озодӣ гуфт: «Мо бисёр мехостем, ки сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC дар Тоҷикистон баргузор шавад. Зеро барои доир кардани ин бозиҳо дар мо шароити зарурӣ фароҳам аст. Порсол сабқати ниҳоӣ дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир шуд. Агар Конфедеросиюни футболи Осиё ин хоҳиши моро ба назар мегирифт, ин тӯҳфаи хубе мешуд ба мухлисони даста дар соли ҷашни 50-солагии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа».

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 24-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ 26-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.