15 хориҷӣ низ дар ҳавопаймои Афғонистон будаанд

Имрӯз мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки дар ҳавопаймое, ки ҳафтаи гузашта дар Афғонистон суқут кард, 15 шаҳрванди хориҷӣ низ будаанд. Дар миёни онҳо 3 шаҳрванди Покистон ва 3 халабони Тоҷикистон будаанд. Ҳавопаймои Pamir Airways ҳангоме, ки дар кӯҳистонҳои Ҳиндукуш суқут кард, дар маҷмӯъ 44 мусофир доштааст. Ба эҳтимоли зиёд касе зинда намондааст. Генерал Зиё Яфталӣ-раиси хадамоти беҳдоштаии артиши Афғонистон гуфтааст, 3 шаҳрванди Британия, 3 турк ва 3 амрикоӣ низ дар ин ҳавопаймо будаанд. То ҳол танҳо ҷасади 13 нафар шиносоӣ шудааст.