Бозори клипсозӣ дар Тоҷикистон

Тақрибан шаш соли пеш замоне, ки аксари овозхонони тоҷик оҳангҳои худро дар шакли МП3 ва ё аудиоӣ сабт мекарданд, навори видеоии оҳанги «Беҳтар аз ҷонӣ» Манижаи Давлат, овозхони шинохта, тариқи телевизонҳои кишвар намоиш дода мешуд.
Ин навор барои тамошобини тоҷик хеле ҷолиб буд, чун дар он саҳнасозии мухталиф ва ҳатто асп истифода шуда, оташсӯзии маъбади ишқ тасвир ёфта буд. Рустам Шоазимов, коргардони маъруф ва аз аввалин клипсозон дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба мо гуфта буд, ин клип аз назари қиммат ва кори коргардонӣ гарон афтода, бештар аз 2,5 ҳазор долларро ташкил дод.

Ин маблағ дар қиёс бо миллионҳо долларе, ки ситораҳои ҷаҳонӣ барои сабти як клипашон сарф мекунанд, ночиз аст, аммо ҳатто то ба имрӯз низ на ҳар як овозхони тоҷик қудрати пардохти ҳамин маблағро дорад. Дар нашри имрӯзи вижагуфтори мусиқӣ оид ба клипсозӣ дар Тоҷикистон ҳаминро хоҳем гуфт.

Баъд аз пайдо шудани дастгоҳҳои рақамӣ дар Тоҷикистон, дар чанд соли ахир теъдоди клипсозон ва ҳам овозхононе, ки оҳангҳояшонро клип мекунанд, хеле зиёд шудааст, аммо дар ин баробар кайфияти сабту мӯҳтаво дар сатҳи поин аст. Қариб ағлаби сабтҳои видеоӣ аз ҳаёту рӯзгори худи онҳо гирифта, ва аз ҷониби нафарон ва дастгоҳи ғайриҳирфаӣ рӯи навор оварда шудааст.

Сафар Саъдиев, коргардони ҷавон, ки феълан дар пойтахти кишвар аз беҳтарин клипсозон маҳсуб мешавад,ва ҳатто бархе аз овозхони афғону эронӣ низ барои клипбардорӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд, мегӯяд, дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ клипсозӣ дар Тоҷикистон арзонтар аст. Ба гуфтаи Сафар, имрӯз дар Тоҷикистон клипҳо дар шакли DV ва тариқи дастгоҳҳои сабти нисбатан арзон ба навор гирифта мешаванд. Дар ҳоле, ки хориҷи кишвар кайҳо ба низоми дигари сабт гузаштаву дастгоҳҳои модерн истифода мегарданд.

Барои ба навор гирифтани клип коргардонҳои тоҷик аксаран мавзеъҳои хушманзараро мисли Варзоб, дараи Ромит ва Қайрокум интихоб мекунанд. Вобаста ба мураккабии клип сабти он метавонад аз 3 рӯз то 3 моҳ тӯл кашад ва наворгирии клип аз 200 то 3000 ҳазор долларро талаб мекунад. Барои офаридани клип коргардон бояд тахайюллоти рангин ва қобилияти офаридан дошта бошад, то ки сужаи як клип аз клипи дигари меофаридашуда куллан фарқ кунад.

Баҳром Неъматов, аз дигар клипсозони шинохта дар кишвар аст, ки сабтҳои видеоии Ҷонибеки Мурод, Шабнаму Садриддин ва дигар овозхонони шинохтаро навор гирифтааст. Баҳром мегӯяд, агарчӣ то ҳадде беҳтар шудани килпбардорӣ дар Тоҷикистон сабаби он шудааст, ки ҳамакнун овозхонони тоҷик дар дохили кишвар оҳангҳояшонро клип мегиранд, аммо фаъолияти фаврии қочоқчиён ва ё ба истилоҳи маъмул «пират»-ҳо боиси монеъаи рушди ин соҳа мешавад.

Зеваршоҳи Маҳмад, мунаққиди мусиқӣ, бар ин аст, ки бинобар роҳ наёфтани клипҳои тоҷикӣ дар телевизионҳои кишвар, коргардонҳо як навъ дилсард шудаанд ва ин аст, ки клипсозӣ дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад. Аммо, аз сӯи дигар, ба таъкиди Зеваршоҳ, дар кори коргардонҳои ҷавон дар ин самт метавон пешравиҳоро низ мушоҳида кард.

Сафар Саъдиев мегӯяд, бо беҳтар шудани вазъии молии овозхонони тоҷик онҳо низ ҳамакнун манфиатдоранд, ки наворҳои видеоияшонро ба тадриҷ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунанд. Аз ҷумла, ахиран Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохта, аввалин шуда, клипашро дар рӯи навори лентаи 16-миллиметрӣ, ки қимматаш хеле болост, сабт кард. Зикриоллоҳ Ҳакимов низ мехоҳад таронаашро дар лентаи 35-миллиметрӣ рӯи навор орад.