Асрори моҳиҳои сафеди Мурғоб

Ҳавзи моҳиҳои сафед ва ё Ақбалиқ, воқеъ дар маҳалли Аличури ноҳияи Мурғоб яке аз ҷойҳои муқаддаси Бадахшон маҳсуб мешавад ва ҳамарӯза дар гирди он касе аз мардумони маҳал ва ё мусофирони роҳи Хоруғ - Ӯшро дидан мумкин аст, ки барои зиёрат, тамошо ва ё нӯши ҷон кардани оби он меоянд.
Кӯлу дарёчаҳои бешумори Мурғоб пур аз моҳӣ буда, моҳӣ яке аз ғизоҳҳои асосии мардуми маҳал мебошад ва ҳар сари қадам ошхонаҳои сарироҳи мусофиронро ба чашидани маззаи моҳӣ даъват мекунанд. Аммо аз ҳавзи моҳиҳои сафед касе гирфтан ҷуръат намекунанд.

Ба бовари мардуми маҳал касе аз ин ҳавз моҳӣ бидорад ҳатман ба ягон фалокат дучор мешавад. Товус Ватаншоева, яке аз сокинони маҳалли Аличури Мурғоб, ки ба зиёрати чашма омадааст, мегӯяд, мардум оби чашма ва обсабзҳои онро давои бархе аз маризиҳо мешуморанд ва истифода мебаранд.

Ривоёти бораи ҳавзи моҳиҳои сафед

Бинобар ривоёяти ҳангоме, ки дар аҳди қадим як духтари маҳҷабини маҳаллиро зӯран аз дилдодааш ҷудо мекунанд ва ба як сарватманд ба шавҳар доданӣ мешаванд, вай савори аспи сафед бо дилдодааш роҳи гурезро пеш мегирад, аммо аз дасти таъқибгарон маҷбур мешаванд, худро ба ин ҳавз партоянд ва ба моҳӣ мубаддал гаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки як ронанди шаҳри Ӯши Қирғизистон ба муқаддас будани чашма беэътиноӣ намуда, аз он моҳӣ дошта хӯрдааст, вале дар роҳ ба сӯи хона ба садама дучор гардида фавтидааст ва дигар касе ҷуръати зери шубҳа гузаштани муқаддасоти чашмаро накардааст.

Аммо ба гуфтаи сокини маркази ноҳияи Мурғоб Фарида Алибоева, вай як шахсеро медонад, ки дар ҷавони бехабар аз асрори ҳавзи моҳиҳои сафед аз он ҷо моҳӣ дошта хӯрдааст, вале то ба ҳол зиндаву саломат мондааст.

Тобистон гирдогирди ҳавзи моҳиҳои сафед хаймаҳои сайёҳон низ пайдо мешавад, ки дар кӯлу дарёчаҳои маҳал моҳидорӣ мекунанд, аммо агарчанде баъзан дар ҳавз моҳии зиёд ҷамъ шуда, онҳоро бо даст низ доштан мумкин аст, аммо касе ҷуръат намекунад, ки оромии моҳҳои сафедро халалдор созад.