Ҳалокати 2 нафар дар селхезии шоми якшанбе

Бар асари селу боришоти шадиди шоми якшанбе дар ҷануби Тоҷикистон 2 нафар ҳалок шудаанд. Сухангӯи кумитаи ҳолоти изтирорӣ Дӯстмурод Забиров гуфтааст, ки як кӯдакро ҳангоми подабонӣ дар ноҳияи Ёвон, 70-километрии ҷануби Душанбе, сел бурда, як сокини 25-солаи Душанбе ҳангоми оббозӣ дар шаҳри Сарбанд, 120-километрии ҷануби пойтахт, ғарқ шудааст. Селхезиҳои ахир ҳамин тавр, ба навоҳии Рӯдакиву Ваҳдат ва шаҳри Норак хисорот ворид кардааст.
Ин селу боришот ба дунболи селхезиҳои пурқурбонии рӯзҳои 6 ва 7 май дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аст, ки бино ба охирин омор, мунҷар ба ҳалокати дастикам 40 нафар ва беномунишон шудани беш аз 30 тани дигар шуд.