Сӯҳбати Радиои Озодӣ бо Ҷонибек Муродов қабл аз силсилаконсертҳояш дар Амрикову Канада, Австралияву Иморот сурат гирифт.
Ҷонибек Муродов аз овони тифлӣ дар олами созу суруд бузург шудааст. Фарзанди сарояндаи маъруф, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ба олами мусиқии касбӣ дар замоне, ки дар Хуҷанд забони арабӣ меомӯхт, ворид шудааст. То соли 2007 дар гурӯҳҳои «Боло» ва «Вазир» буд ва баъдан ба танҳоӣ роҳашро дар санъат идома дод.
Гуфта мешавад, авҷи шӯҳрати Ҷонибек ба замоне рост омад, ки ҳамроҳ бо Шабнам ба сурудхонӣ оғоз кард. Ҷонибек ва Шабнам дар баробари як албоми муштарак аввалин сарояндагони тоҷик буданд, ки дар Амрикову Аврупо консертҳои бузург доданд.
Ҷонибек мегӯяд, хушҳол аст, ки шуғли падарашро давом медиҳад ва мегӯяд, шукргузор аст, ки тақдирашро Худованд бо мусиқӣ пайваст кардааст.
Муносибатҳои Ҷонибек бо Шабнам чӣ гуна аст? Оё Ҷонибек намоз мехонад? Консертҳои ӯро дар хориҷа кӣ маблағгузорӣ мекунад? Нисбат ба қазияи Фарзона чӣ фикр дорад? Посухи ин ҳама суолҳоро дар ин навори видео бубинед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад