Дар баёни шикам

Даҳшат ! Ман медонистам, аниқтараш дар куҷое хонда будам, ки: «Одамизод қабри худашро бо дандони худаш меканад...» ва гумон мекардам, ки ин ҳам «Ба дандон рахна дар фўлод кардан ё ба нохун санги хороро буридан»- гуфтани ҳазрати Ҷомӣ барин як гап будагист-да...
Лекин вақте ки дар ин бора чуқуртар фикр кардам, бовар кунед, тарки сарам кушода шуд ва ман лолу гаранг шуда мондам. Бародарон, мо ҳамаамон бехабар мондем, ки кай ғулому бандаи шикамҳоямон гаштаем. Ҳоло мо ҳамахизматгори содиқу бовафои шикамбаҳоямон ҳастем. Мо умрамонро, ҳаётамонро, эҷодиёту ашъорамонро, ба душмани ашаддӣ, ба қотиламон бахшидаем - ба шикам. Барои онро дамондан.

Тамоми кору борамон, фикру андешаамон, ҳатто ҷангҳоро барои шикамамон мекунем. Барои ҳарчи бештар онро пур кардан. Мо он даҳоне, ки Худованди карим дар танаи каллаи мо кушодааст, танҳо чун дарвозаи шикам истифода мебарем. Барои хўрдан, барои зунуки шикамро гирондан... Ин дарранда, ин ғоратгари бадан, ҳам серу ҳам гуруснаро ба ҷиноят тела медиҳаду, вале... вале, мардум ба он хизмат карданро барои худ шараф медонанд.

Танҳо як лаҳза тасаввур кунед: мо аз дашту даман, боғоту чаманзор, кўҳу дара, саҳрою биёбон, кўлу ботлоқ, наҳру дарё,баҳру уқёнус,- чанг мезанем, меканем мебуррем, медаравем, мекўбем, медорем ва он ҳамаро мехоем, медаррем, мемаккем, мефуччему фурў мебарем. Ба шикам тела медиҳем. Аз ҳамон дарвозаи даҳон .

Худоё, мо чиҳоеро ки ба он наметиққонем! Хому пухта, хунуку гарм, тофтаю бофта, хунолуду сўхта, бирёну қоқ, паррандаю чарранда, гову хук, палангу наҳанг, даррандаю хазанда, обхокию кирм, гўшту тухм, пару пўчоқ, лонаи санговдаваку майнаи сари маймун, пойҳои тортанаку чашми тимсоҳ, забони киту шохи каркадан... ва ин ҳама ба даруни мо фурў меравад. Ва ин ҳама дар ботини мо нест мешавад.

Шиками мо, қабристони махлуқоту мавҷудот аст. Аз ҳашарот қайла мепазем. Аз қўрбоққаю хар ҳасиб тайёр мекунем. Ҳар чизе, ки меҷунбад, мехазад, меҷаҳад, мепаррад, дар зери уқёнус ё дар қуллаи кўҳ, дар чоҳи чуқур ё ҳамболи абр, ҳар куҷое, ки бошад, оқибати роҳаш шиками мост.

Шикам бошад доим норозист. Кам! Ҳар қадар бештар ба он тиққонӣ, ҳамон қадар майли хўрдан дар он зиёдтар мегардад.

Шикам!.. Ин падарлаънат, ин соҳибмурда, ҳам шоҳу ҳам гадоро маҷбур мекунад, ки чун ғулом ба ў хизмат кунанд. Ман боварӣ дорам, ки мақоли «Ғулом барин кор куну шоҳ барин хўр»-ро на майна, балки шикам фикр карда, баровардааст.

Агар Худо накарда, рўзе шавад ки ба вай хизмат накунем, корамон тамом, рўзамон табоҳ! Ҳамин, ки гурусна монд, вай дарҳол ба хўрдани майнаи соҳибаш сар мекунад ва пас аз чанде он шахси майнаи худашро хурдагӣ, ба ҳар кор қудрат пайдо мекунад. Аз ҳеҷ чиз рўй намегардонад. Манқурт. Зомбӣ. «Гурусна ба шер мезанад» гуфтани гузаштагонамон беаломат набудааст.

Мо табиати зиндаро бо баргу навдааш, бо решаю кундааш, бо шоху думаш, бо пою сумаш, бо пашму патакаш ба ин ғор, ба ин чоҳи бетаг, ба ин оташдон тела медиҳему аз болояш обу чой, шарбат, арақу коняк мерезем ва барои ногаҳон дард накарданаш наваду нўҳ навъи доруро ба он ҳама зам мекунем.

Шикам бошад чи кор мекунад? Шикам чун аждаҳо, чун Қулзум, чун алову тўфон ин ҳамаро фурў мебараду... бо қарроқур норозигӣ баён мекунад. Ка-ам! Ба вай бештар дарко-ор!..

Ин завод, ин фабрика, ин консернест, ки ашёи хомаш – мавҷудоти зинда аст. Ин корхона ҳар дақиқа миллиардҳо тонна хоидаю кўфта, хому пухта, гарму сўхта, суюқу қуюқ, туршу тез, талху ширин, обакию сахт, умуман ҳар чизе, ки аз назари худаш болаззату хўрданбоб менамояд, ходаю нахоида дар худ фурў мебарад ва... ва пас аз чанде маҳсулоти худро мебарорад... бўю таф... порў... наҷосат...

Ана натиҷаи кори ин завод, ин фабрика, ин консерн!.. Ин ҳамон ҷаҳони дударест, ки аз як дараш корвонҳою қатораҳо, киштиҳою тайёраҳо ворид мегарданду, аз дари дигараш дуду чанг, ифлосию бадбўӣ мебарояд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, вай доим қурбонӣ металабад ва мардум рўз то рўз бештар худро ба ғуломии ў мефурўшанд. Ман метарсам, ки ин бадбахт, рўзе худаш - худашро мехўраду бо ҳамин амалаш табиатро аз ифлосӣ ва бандагони осӣ раҳо мекунад... Оқибат ба хайру то он дам... саломат бошед...