Мақомоти Тоҷикистон аз тасими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди идомаи кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон истиқбол кардаанд ва мегӯянд, қасд доранд сатҳи фақр дар кишварро то 42 дар сад коҳиш диҳанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааҳуд кардааст, ки дар доираи стратегияи мубориза бо фақр ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Раиси Оҷонсии рушди ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Раҷив Шоҳ гуфтааст: «Ин барнома имкон медиҳад, ки кишварҳои фақир дар иҷрои тарҳҳои марбут ба масоили камбизоатӣ фаъол шаванд ва дар роҳи дастёбӣ ба амнияти озуқа муваффақ гарданд».
Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон, аз ин иқдоми ҳукумати Иёлоти Мутаҳида истиқбол кард ва гуфт, ин кӯшиш дар паи музокироти ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон бо созмонҳо ва кишварҳои кӯмакрасон ба иқтисоди Тоҷикисон ҳосил шудааст.
Тоҷикистон то 42 дарсад фақрро кам карданист
Вазорати иқтисод ва рушди савдомегӯяд, Тоҷикистон ба кӯмакҳои башарӣ кифоят накарда, дар барномаҳои махсуси дигаре низ барои кам кардани шиддати гурурснагӣ, рӯи даст дорад.
Баҳодур Эшбоев, сардори раёсати мониторинги иҷрои барномаҳои рушди миллии Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз чанд барномаи марбут ба коҳиши фақр гуфт, феълан барномаи нави ҳукуматӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ дар кишвар барои солҳои 2010-2015, аз ҷониби порлумони Тоҷикистон, ба тасвиб расид, ки дар сурати татбиқи он, камбизоати ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Оқои Ешбоев гуфт: «Дар сурати амалӣ шудани ин барнома сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 42 дар сад кам мешавад. Ва аммо дар ин самт Тоҷикистон боз ҳам ба кӯмакҳои кишварҳои донор,аз ҷумла Амрико ниёз дорад».
Ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, муваффақ шудаанд, ки сатҳи фақрро аз 64 ба 53 дар сад коҳиш диҳанд.
Аммо афзоиши муҳоҷирати корӣ, бекории рӯзафзун, маоши ночиз, набуди ҷои кор аз як сӯ, фасод ва ришвахорӣ дар соҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз суи дигар, ба сурати умум имкон намедиҳад, ки ба таври бояду шояд мизони фақр кам шавад.
«Барномаи Ҳазораи СММ ноком хоҳад монд»
Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон ва коршиноси мустақили тоҷик мегӯя: «Ба назари ман коҳиши 10дар садии факр дар Тоҷикистон он қадар дуруст нест. Шояд мо дар ин самт ба коҳиши 3-4 дар садӣ даст ёфта бошем, аммо якбора аз 60 дар сад то 55 дар сад коҳиш ёфтани фақр мутмаин нест. Ба ин хотир, агар кишварҳои абарқудрат ба ҷойи кӯмакҳои башардӯтона барои боло бурдани сатҳи тарақии деҳот кӯмак мекарданд, беҳтар буд ба назари ман».
Дар ҳамин ҳол Барномаи ғизои СМ М бо пахши як баёния дар саҳифаи интернетии худ таъкид кардааст, ки раванди коҳиш додани камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон қонеъкунанда нест.
Дар ин баёния омадааст, ки агар мизони фақр ба ин ҷараёне, ки идома дорад, давомдор бимонад, барномаи Ҳазораи Созмони Милал оид ба кам кардани теъдоди афроди гурусна то соли 2015 номувафақ хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1 милиард гурусна дар сайёраи замин ба сар мебарад.
Бино ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, сабади истеъмолӣ дар ин кишвар 10 дар сад афзудааст.
Вале таҳлилгарони масоили иқтисодӣ мегӯянд, бо вуҷуди кӯмакҳои иқтисодӣ ва башарии кишварҳо ва созмонҳои ёрирасон, ҳанӯз ҳам ғизои аслии мардуми Тоҷиистон, хусуан дар деҳот, чою нону шакар аст.
Феҳрасти камбағалҳои Шоҳмансур
Раиси маҳаллаи «Зафар»и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ба мо феҳрасти бузурги хонаводаҳои фақирро нишон дод.
Бар асоси ин руйхат моба манзили Робия Тоҳирова, модари 5 фарзанд омадем. Робия мегӯяд, ёд надорад, ки кай охирн бор барои кӯдаконаш хӯроки гӯштдор пухтааст. Либсу баъзе ашёи рӯзгораш, ба истилоҳ пасмондаи ҳамсояҳо ва хешу таборонаш мебошанд.
Ӯ мегӯяд: «Бисёртар аз карам ва агар картошка бошад бо картошка ва аксар вақт хӯроки беравған мепазам барои бачаҳоям. Дар як идора фаррошӣ мекунам. Агар маошамро бигирам, барои бачаҳоям шакар мехарам. Ва каме калбаса. Кайҳо боз гӯшта надидаанд бачаҳои ман. Ягон кӯмак ҳам намегирем. Борҳо ба идораҳо навиштам, ки ба ман помош диҳанд, вале натиҷа надод».
Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуде, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро шомили феҳрасти кишварҳое кардааст, ки дар роҳи мубориза бо фақру нодорӣ кӯмак хоҳад кард.
Дафтари матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар чаҳор моҳи аввали соли равон, аз январ то апрели соли 2010, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар имёни кишварҳои кӯмакрасон ҳамчунон дар бахши ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон, дар ҷои аввал қарор дорад.