Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, аз узвияти Ҳизби сотсиал-демократ, ба хотири "риояи сиёсати бетарафона" истеъфо дод.
«Барои тамоми мардум...»
Ба гуфтаи ӯ, ба далели эълони амр дар бораи таъсиси президенти давраи гузариш, баргузории интихоботҳои озоду шаффоф барои курсиҳои раёсатиҷумҳурӣ ва парлумонӣ аз узвияти Ҳизби сотсиал-демократ хориҷ шуд.
Вай гуфт, риояи сиёсати бетарафона ва худдорӣ аз пуштибонии ҳизби алоҳидаи сиёсӣ вайро водор намуд, ки ба ин иқдом даст занад.
Роза Отунбоева гуфт, фаъолияташро новобаста аз ҷинсу мансубиятҳои миллӣ, ҳизбиву эътиқод, барои тамоми мардуми Қирғизистон равона хоҳад кард.
«Роза зани хуб аст, вале мард беҳтар аст»
Назира Тоштемирова, як коршиноси қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, ба мақоми раёсати ҷумҳурии давраи гузариш таъйн кардани Роза Отунбоева имкон медиҳад, ки субот дар Қирғизистон барқарор гардад ва мардуми кишвараш ба интихоботҳои навбатӣ бо қадамҳои боварибахш ворид шавад. Хонум Тоштемирова гуфт, дар муддати якуним сол мардум муайян хоҳад кард, ки кадоме аз аъзои ҳукумати муваққатӣ ба мақоми президентӣ шахси лоиқ аст.
Ин коршиноси қирғиз тазаккур дод, ки Роза Отунбоева шахси покдилу покният ва соҳиби принсипҳои сахт аст ва ҳаргиз аз паси молу давлат намеравад. Назира Тоштемрова гуфт, ба ҳар сурат, дар шароити бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, ки дар ҳамин ҳол Қирғизистонро фаро гирифтааст, ба ҳайси президенти давраи гузариш таъйин шудани яке аз аъзои ҳукумати муваққат, ки аз ҷинси мард бошад, ба мақсад мувофиқтар мебуд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, барои Қирғизистон шахсе лозим аст, ки дар ҳалли ҳамаи масъалаҳо қавӣ ва қатъиву устувор бошад, дар акси ҳол, ба ташаннуҷ рӯбарӯ шудани кишвараш кори саҳлу осон аст.
«Нақши Русияву Қазоқистон...»
Марат Қақоқбоев, як коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, аз мӯҳлати президентии давраи гузариш розӣ нест. Ба гуфтаи ин коршинос, агар мӯҳлати президенти давраи гузариш то натиҷагириҳои интихоботи парлумонӣ муқаррар мешуд, дар он сурат ҳукумати Қирғизистонро ҳама мешинохт.
Марат Қазоқбоев мегӯяд, мардуми Қирғизистонро лозим меояд, ки баъди интихоботи парлумонӣ боз як соли дигар мунтазири интихоби президенти нав шавад.
Марс Сариев, яке аз коршиносони дигар, шояд дар таъйини Отунбоева Русияву Қазоқистон низ нақш бозидаанд. Марс Сариев мегӯяд, боз шудани марзи миёни Қазооқистон бо Қирғизистон маҳз баъди судури амр дар бораи тайини президенти давраи гузариш ба вуқӯъ пайваст. Вай гуфт, ба ин васила Қирғизистон аз муҳосираи иқтисодӣ низ наҷот ёфт.