Поёни иҷлоси вазирони хориҷии СКИ

Иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ рӯзи панҷшанбеи 20 май дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо қабули як силсила қатънома ба кори худ поён дод.
Муҳимтарин дастоварди ин нишаст барои Тоҷикистон тасвиби қатъномаҳое дар мавриди ду пешниҳоди умдаи ин кишвар унвон мешавад.

Мавзӯъи истифодаи захираҳо ва имкониятҳои тронзитии кишварҳои ҳамҷавор барои эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳони ислом, мубодилаи таҷриба ва маълумоти тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва исломӣ дар ин соҳа, аз пешниҳодоти давлати Тоҷикистон дар нишасти Душанбе будааст.

"Дастоварди Тоҷикистон"

Иҷлоси шӯрои вазирони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СКИ дар шаҳри Душанбе, дар як нишасти матбуотӣ аз сӯи Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли ин созмон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Ба таъкиди Ҳамрохон Зарифӣ, ҷонибдории кишварҳои узви СКИ аз пешниҳодоти Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳим дар ин иҷлос будааст.

Ҳамрохон Зарифӣ гуфт: «Дар ин росто ҷои таъкид аст, ки ду қатъномаи зерин, якум оид ба истифодаи захираҳо ва имкониятҳои тронзитии кишварҳои ҳамҷавор ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳони ислом, мубодилаи таҷриба ва маълумоти тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва исломӣ дар ин соҳа аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодот гардида буд ва қабул гардид».

Ба таъкиди мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, омили аслӣ дар ҷиҳати аз байн бурдани хатарҳои бархоста аз вазъи ноороми ин кишвар хоҳад буд.

Роҷеъ ба мушкили истифодаи захираҳои об

Аз сӯи дигар вобаста ба пешниҳоди дуввум, Тоҷикистон хоҳони он аст, ки истифодаи захоири об, ба хусус истифодаи оқилонаи об дар Осиёи Марказӣ ба манфиати тамоми ҳамсояҳо боша два об омили васлгароӣ бошад, на ҷудоигароӣ.

Бештари соҳибназарон бар ин боваранд, ки баҳсҳои марбут ба об дар минтақа дар ду соли ахир, ба хусус мухолифатҳои Тошканд ба иҷрои лоиҳаҳои обӣ ва энержӣ дар Тоҷикистон, боиси дар сатҳи СКИ ва он ҳам бо қатънома матраҳ кардани ин мавзӯъ шудааст. Аммо оё СКИ, метавонад дар ҳалли қазияи марбут ба баҳси об дар минтақа, ба хусус миёни Тоҷикистон ва Узбакистон кӯмаке кунад?

Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли ин созмон дар посухи ин суол гуфт: «Агар ба воқеияти имрӯза таваҷӯҳ кунем, мебинем, ки ин кишварҳо дорои муштаракоти таърихӣ ҳастанд ва бояд ҳамкорӣ ва ҳамгироии муассир ва мутақобилан судманд дошта бошанд. Зеро Худованд дарт канори табиати зебо, боигариҳои фаровоне барои ин минтақа, ки бо номи Мовароуннаҳр ёд мешавад, додааст. Ҳадафи СКИ, низ густариши ҳамкориҳо ва ҳамгироиҳои иқтисодию фарҳангӣ миёни кишварҳои узв аст ва дар нишасти Душанбе ин мавзӯъ ба таври ҷиддӣ баррасӣ ва фикру мулоҳизаҳои намояндагони кишварҳо барои дарёфти ҳалли муносиб ба манзури беҳтар кардани ҳамкориҳои байни ин кишварҳо матраҳ гардид».

Аммо Сафари Абдулаҳад, таҳлилгари тоҷик ба тавони СКИ дар ҳалли баҳси об дар минтқа, ба хусус миёни Тоҷикистон ва Узбакистон шак дорад: «Дар ҳоле, ки дабири кулли СММ, Пан Ги Мун аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон дидор кард, вале натавонист баҳси обро ҳал кунад. Пас чи гуна СКИ метавонад ин мушкилро ҳал кунад. Дар ҳоле, ки дар иҷлоси Душанбе ҳатто вазири хориҷаи Узбакистон ширкат накард, балки як мақоми пойинтар азон ширкат дошт. Ба ҳамагон қазияи Фаластин маълум аст. Ин масъала ним аср идома дорад, вале СКИ ҳеҷ кореро дар ҷиҳати барқарории сулҳу суббот дар ин минтақа карда наметавонад».

Дар нишасти Душанбе низ қатъномаи ҷадиде дар робита ба қазияи Фаластин қабул гардид ва нигаронӣ аз афзоиши исломситезӣ қабул шуд..

Нигаронӣ аз исломситезӣ ва авзои Фаластин

Дар ин нишаст ҳамчунин аз масъалаи густариш ёфтани исломситезӣ дар кишваҳои мухталиф низ нигаронӣ шудаст.

Он гуна, ки Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли СКИ гуфт, дар қатънома амлкарди ҷониби Исроил нисбати Фаластин маҳкум шуда ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, то барои ҳалли мусолиматомези ин қазия дар Ховари Миёна талоши худро дареғ надоранд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи дабири кули СКИ қатъномаҳое низ дар мавриди вазъи Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон ва дигар масоил қабул гардидаанд.

Бо вуҷуди бартариҳо ва костагиҳо, аз назари мақомоти Тоҷикистон, нишасти Душанбе, обрӯ ва нуфузи ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ афзуда ва ба маркази тасмимгирҳо дар масоили умдаи ҷаҳонӣ тадбил шудааст.

Он гуна, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, барои бори нахуст дар шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳайати кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ 700 нафарро ташкил дод, гирди ҳам омаданд.

Раёсати даврии Созмони конфронси исломӣ акунун бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид.