Миёни Эрон ва Тоҷикистон дар бораи таҳия намудани тарҳи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони роҳи оҳани Эрон – Тоҷикистон, тавассути Афғонистон як созишнома ба имзо расид.
Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар тавсиаи муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Нигаронии Муттакӣ аз боздошти қаторҳо дар Узбакистон
Ҷаноби Муттакӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки феълан даҳҳо қатори ҳомили молу колои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон мутаввақиф шудааст. Муттакӣ гуфт, дар сурате, ки роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон сохта шавад, ин мушкили Тоҷикистон аз байн хоҳад рафт.
Ӯ гуфт: «Мо дар масир мушкили зиёд дорем. Ва манн мутмаинам, ки иҷрои ин пружа ба мо дар ҳалли ин мушкилот даст хоҳад дод».
Худойбердӣ Худойназаров, вазири пешини умури хориҷаи Тоҷикистон ва таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ дар марвиди аҳамияти ин роҳ барои Тоҷикистон мегӯяд: «Муҳимтарин аҳамияти ин роҳ аз бунбасти коммуникатсиноӣ берун шудани тоҷикистон аст. Агар ин роҳ сохта шавад, мушкили тиҷорат, воридоту содирот ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд».
Ин роҳ дар сурати сохта шуданаш ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ба долони маувсуф ба Шимолу Ҷануб низ бемушкил роҳ ёфбад.
Даъвати мулоқоти сарони кишварҳои форсизабон
Аммо масъалаи дигари марвиди мулоқоти вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СКИ дар Душанбе даъвати мулоқоти сарони се кишвари форсизабон будааст.
Манчеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, кишвараш хостори ҳарчи сареътар доир шудани мулоқоти сарони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз мавзӯҳои мулоқоти сарон шитоб бахшидан ба иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳан хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар ба сохтмони роҳи бурунрафт аз бунбаст ниёз дорад.