Ҳеҷ таваҷҷӯҳ ба баҳси обу энержии минтақа

Дар нахустин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар Душанбе, Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли ин созмон, ба нақши афзояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамбастагии исломӣ ишора кард.
Яке аз ҷаласаҳои вижаи ин нишаст низ ба нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони ислом бахшида шуда буд.

Мухолифатҳои «ночиз»-и Тоҷикистону Узбакистон?

Юсуф Алавӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон, нақши кишварҳои Осиёи Марказиро дар эҷоди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Душанбе гувоҳи муҳиммияти ин нақш аст.

Аз ҷаноби Алавӣ суол кардем, ки оё дар ин иҷлос баҳсҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ матраҳ буд? Ӯ мухолифатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро «ночиз» номид ва гуфт, раҳбарони ин кишварҳо худашон метавонанд мушкилоташонро бидуни миёнарав ҳал бикунанд.

Евгений Қабликов, мушовири Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон, низ ба ин фикр розист ва баъид медонад, ки СКИ дар ҳалли ин мушкилот ёрӣ бидиҳад. Ӯ мегӯяд, диди кишварҳои арабӣ ба масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар аст ва дипломати қирғиз мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон мавзӯъи захираҳои обу энержии минтақаро дар ин ҷаласа матраҳк ард, вале таваҷҷӯҳе ба ин мавзӯъ нашуд.

Вале бонк ёрӣ медиҳад

Ҳишом Толиб Маъруф, мудири минтақавии Бонки исломии рушд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳошияи ин ҳамоиш Бонки исломии рушд бо Тоҷикистон қарордои тозаеро дар бахши энержӣ имзо кард.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи ин қарордод бонк барои харидории се турбинаи тавлиди нерӯи барқ бо тавоноии 240 мегават ёрӣ хоҳад дод.

Закот барои Тоҷикистон?

Дар чорчуби СКИ бунёди закот фаъолият мекунад, бархе аз кишварҳои исломӣ дар масъалаи коҳиши мизони фақр аз он истифода мекунанд, аз ҷумла Қазоқистон.

Мудири минтақавии Бонки исломии рушд мегӯяд, Тоҷикистон низ метавонад бо ин бунёд вориди гуфтушунид шавад ва аз манобеъи молии бунёди закоти СКИ истифода бибарад.

Ҳамчунин, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ дар ин нишаст дар бораи таъсиси созмони рушди занон, ки ҳомии ҳуқуқи занҳо бошад, ба тавофуқ расиданд. Мақарри ин созмон дар Қоҳира хоҳад буд.