"Толибон дасти се танро буриданд"

Довуд Хаттак, муаллифи мақола аз Радиои Машъали Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ.

Чаро Толибон дасти ин се нафарроо буриданд? Ин амал бар пояи кадом қонун ва кадом фароянди қонунӣ амалӣ шуд? Бардошт аз фаъолияти ҳукумат дар ҳафтумин минтақаи қабиланишин чӣ гуна хоҳад буд? Агар ҳам ин афрод гунаҳкор буданд, чаро мардуми мусаллаҳ ҳақ доранд адолати шариатро бо сабки худ татбиқ кунанд?

Ман чанде пеш бо ҳадафи дарёфти иттилоъи дақиқ аз ин ҳодиса бо яке аз муттаҳамин - Разим Шоҳи 26 сола аз деҳаи Кундӣ аз тариқи телефон суҳбат кардам.

Шоҳ- падари ду фарзанд гуфт, ки се тан дар дуздӣ даст доштанд ва афзуд, масъала бо ширкати ҳар ду тараф, муҷриму ҷабрдида ва ҳамчунин оилаҳо ва солмандони қабила ҳал шуд.

Аммо бо вуҷуди он ки қазия бо роҳи мусолиматомез ҳал шуд, шабе гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш ба хонаи Шоҳ шабехун зад, ӯ ва он ду тани дигар Хаистам Шоҳ ва Акмал Хонро, ки дар дуздӣ даст доштанд, иҷборан ба зиндони хусусии Толибон бурд.

Тарс аз Толибон ва беэтимодӣ ба давлат

Ҳеҷ кас аз ин деҳкада бо шумули мақомоти он ин боздошт ва одамрабоиро зери суол набурд. Дар ин деҳкада тарсу ҳарос аз Толибон то андозае бузург аст, ки ҳатто волидайни мардҳои боздоштшуда низ аз рӯи ин ҳодиса ба ба мақомот шикоят набурданд.

Деҳкадаи Кундӣ ягона деҳкадае нест, ки аз Толибон ҳарос дорад. Бахши аъзами мардуми манотиқи қабиланиш, ки хешу табори онҳо қурбони беқонунии Толибон шудаанд, мӯҳр ба лаб задаанд ва метарсанд, ки Толибонро ошкоро маҳкум кунанд. Ҳатто баъди он ки аз ин манотиқи беқонун ба ҷойи амнтар низ кӯч бастаанд.

Ин шаҳодати рӯшанест, ки мардум ба тавони ҳукумат эътимод надорад. Онҳо бовар надоранд, ки ҳукумат ҷону моли мардумро ҳифз хоҳад кард. Ҳарос дар баробари тактикаи Толибон, ки дил ва зеҳни мардумро банд кардааст, хеле зиёд аст.

Разим Шоҳ ба ман гуфт, ки ӯ бо ҳамроҳонаш 40 рӯзро дар зиндони Толибон сипарӣ карданд. Баъд онҳоро дар назди додгоҳи Толибон ҳозир карданд ва сарфи назар аз қарори солмандони қабила, додгоҳ ҳукм кард ки дасти дуздҳо бурида шавад.

Ман аз Шоҳ пурсидам, ки чаро дар тули ин 40 рӯз аҳли оилаи ӯ ба мақомоти давлатӣ муроҷиъат накард? "Кадом давлат? - посух дод Шоҳ - "Мо ба кӣ муроҷиъат кунем? Касе ба мо кӯмак намекунад."

Ҳаводиси ҳамсанги ин вақтҳои ахир дар деҳкадаҳои дигар низ ба вуқуъ пайвастааст. Як духтар аз минтақаи Свот аз ҷониби мусаллаҳони Толибон калтакӯбӣ шудааст. Сухангӯи Толибон инро дар сӯҳбати телевизионӣ тасдиқ кард.

Додгоҳҳои саҳроии Толибон дар манотиқи дигар

Дар Моҳманд одамрабоёни эҳтимолӣ дар чанд километрии Пешовар ба қатл расиданд. Дар Вазиристон даҳҳо афроди солманд бе ҳеҷ ҷурме эъдом шуданд.

Дар Хайбар маросими эъдом дар фосилаи тиррас аз Пешовар анҷом шуд.

Ҳукумат ба ҳеҷ яки ин ҳодисаҳо вокуниш накард. Ин бемасъулияти тарсеро дар замири мардум афзоиш дод, ки Толибон минтақаро таҳти тасарруф даровардаанд ва аз даҳшатафкании онҳо ҷойи гурез нест.

Тарсу ҳарос то рафт дар байни мардум паҳн мешавад. Матбуоти суннатӣ ва матбуоти навқиссаҳои ғамангезро ба хар дехкадаву шаҳри минтақа мерасонад ва бовари мардумро ба сохторҳои амниятии давлат бештар коҳиш медиҳад. Дар забон ҳукумат дар пайи ба даст овардани дилу зеҳни мардум аст.

Аммо танҳо бо тақсими гаҳ-гоҳии маводи ғизоӣ ба мардум ва хурусқанд ба кӯдакон намешавад дасту дили мардумро ба даст овард. Он чӣ ки мардум аз ҳукумат интизор доранд, садоқати чашмрас ва таҳкими сохторҳои амниятӣ ва посух ба густохиҳои Толибон аст.