Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар вуҷуди 85 нафар аз аз беморон вируси фалаҷи кӯдакон тасдиқ шуда ва дар 400 бемори дигар низ нишонаҳое аз ин беморӣ дида мешавад.
Хуруҷи бемории полеомолит ва ё фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, заъфи вазорати беҳдошт, сохторҳои муборизакунанда бо бемориҳои вогир ва Созмони ҷаҳонии сиҳатро ба намоиш гузошт ва ҷомеъаро аз бурузи дубораи офатҳои аз ёд рафта нигарон кард.
Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, то ба имрӯз 85 гирифтории полиомилит тасдиқ шудааст ва 400 бемори дигар бо нишонаҳои ин маризӣ ошкор шудаанд. Матхасисони соҳа сабаби аслии хуруҷи фалаҷи кӯдаконро дар набуди ваксинацияи саросарӣ медонанд.
Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, то кунун 12 нафар бар асари ин беморӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд.
Аъзам Мирзоев муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон дар робита ба ин беморӣ ва авзои феълӣ дар кишвар ба чанд суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.
- Аввалин нишонаҳои бемори кай ошкор шуд?
Аъзам Мирзоев: Умуман ин бемориро полемолит, яъне бемории фалаҷи шадиди канора мегӯянд. Ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон муддати 13 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ тадбирҳои «дидбонии эпидемологӣ» мегузаронидем. Ва теъдоди аз 30 то 40 нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта мешуд.
Дар аввали соли 2010 маълум шуд, ки теъдоди ҳамин бемории фалаҷи канора зиёд шудааст. Аз моҳи март сар карда, мо гардиши хона ба хонаро сар кардем ва дар радифи ин ташхиси беморонро ба пажӯҳишгоҳи полеомолити шаҳри Маскав фиристодем.
Вақте натиҷҳаоро гирифтем, маълум шуд, ки вируси поливируси намуди 1, ки ба Ҳиндустон тааллуқ дорад, дар байни бемориҳои мо гардиш дорад ва боиси хуруҷи ин беморӣ шудааст.
- Баъди мушаххасшудани навъи марзӣ шумо аз чӣ тадобир кор гирифтед? Барои ҷилавгирӣ аз он чӣ кор кардед?
Аъзам Мирзоев: Мо пеш аз ҳама ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт муроҷиат намудем. Аллакай моҳи апрел, зиёда аз 3 миллион ваксинаҳо бар зидди ин беморӣ ба Тоҷикистон ворид шуд. Мо қарор дорем, ки кӯдакони то сиини 6 соларо дар се давра бо эм таъмин кунем.
Ба гуфтаи баъзе мутахасисони соҳа сабаби аслии хуруҷи полиомилит дар он аст, ки бачаҳо сари вақт моякубӣ нашуданд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред.
Аъзам Мирзоев: Мо бар сари дақиқ кардани сабабҳои ин маризӣ ҳоло кор карда истодаем. Ва ин якчанд муддатро талаб мекунад. Мо аз рӯи тақвими миллӣ эм мегузаронем. Алббата ҳастанд кӯдаконе, ки сари вақт эм нагирифтанд.
Сабабҳои ин ба муҳоҷирати дохилӣ ва берӯни рабт дорад. Ва ҳар сол як фоизи кӯдакон ба эм пурра фаро гирифта намешаванд. Онҳо боиси вируси ин беморӣ мешаванд. Зеро онҳо маснунияти муқобилият бар зиди ин бемориро надоранд. Сабаби дигараш тавре маъулум шуд, вуруди ин беморӣ ба кишвари мо аз як аёлати Ҳиндустон аст. Маълум аст, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон тоҷирон, сайёҳон, донишҷӯён бисёр мераванду меоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар байни онҳо як ҳомили вирус буд ва сабаби авҷи ин беморӣ шуд.
- Оё дуруст аст, ки вируси полио ин дафъа тағъирпазир шудааст ва суръати сирояташ аз мариз ба афроди сиҳат бештар будааст?
Аъзам Мирзоев: Албатта, ин бемории вирусӣ аст ва авҷгирии он низ аз эҳтимол дур нест. Роҳои гузариш ба даҳон афтидани ифлосӣ аст. Ин гуна афрод ҳомили вирус мешаванд. Худашон дар асл саломатанд, вале ин вирусро ихроҷ мекунанд ба муддати аз се то шаш моҳ. Боз ҳастанд нафароне, ки худашон бемор ҳастанд, боз ба дигарон вирус медиҳанд.
Табиат низ ба рушти полио мутобиқат мекунад. Ин вирус метавонад дар маводҳои хӯрока, аз қабили шир, равған, меваҷот себ ва ғайра аз 1 моҳ то 6 моҳ истад ва боиси сироят шавад.
- Гирифторони полио пурра шифо меёбанд?
Аъзам Мирзоев: Не, мутаассиофна шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, агар намуди фалаҷ муаяйн шуда бошад, баъзе аломатҳои бемори боқӣ мемонад
- Тибқи маълумоти мо танҳо аз Файзобод ҳудуди 22 нафар бистарӣ шудааст. Нишонаҳои фалаҷ дар онҳо ошкор шудааст.
Аъзам Мирзоев: Аз ҳамаи ин беморон намуна гирифта шудааст ва барои ташхис фиристодаем. Натиҷаи ташхисро интизорем.
- Аломатҳои ин бемори чигнуа аст?
Аъзам Мирзоев: Аломатҳои ин бемории монанди шамолхӯрӣ, хоболудӣ, бемадорӣ ва таби баланд аст. Ва дар муддати кӯтоҳ аломатҳои фалаҷ дар дасту по пайдо мешавад.
- Яъне бемор аз ҳаракат мемонад?
Аъзам Мирзоев: Бале, аз ҳаракат мемонанд. Худи дасту по аз кор кардан мемонад.
- То ба имрӯз чӣ теъдоде бо ин беморӣ сабти ном шудааст. Чун аввал 32 ҳолати гирифторӣ эълон шуда буд ва баъдан ин арқом пойн рафт. Роҳи пешигирӣ дар куҷост.?
Аъзам Мирзоев: Гумонбарон наздики 400 нафар аст ва ташхиси онҳо низ фиристода шудааст. Намунаи 85 нафар бемор тасдиқи худро ёфтааст. Ягона роҳи пешгирии ин бемори гузаронидани эм мебошад. Вазорати беҳдошт аз тамоми тадбирҳои сари вақти истифода бурда истодааст ва се вақт эм гузаронида истодаем.
- Баъди бонги изтироб аз хуруҷи фалаҷи кудакон дар Тоҷикистон чӣ кумакҳое дастрас шудаанд?
Аъзам Мирзоев: Кӯмак танҳо аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Сандуқи кӯдаконии СММ ба мо расида истодааст. Аз онҳо мо ваксинаи зиди бемориро гирфитем. Ва дар худи Тоҷикистон ҳам маводи доруворӣ бар зиди ин бемори ба қадри кофӣ аст.
- Ҳоло ин маризӣ дар кадом минтақа дар авҷ аст?
Аъзам Мирзоев: Дар Рӯдакӣ, Турсунзода ва Хатлон ҳар он ҷое ки ин беморӣ пайдо мешаванд, шароити бистарӣ кардани онҳо аст. Ва беморон метавонанд бе ягон мушкили дар ҳар куҷо муолиҷа гиранд.
Феълан дар кишвар маводи доруворӣ аст. Бархурд ба ин маризӣ дар Душанбе ҳам ва ҳам дар минтақаҳо якранг аст, табобати баробар ба роҳ монда шудааст ва умуман ин беморӣ зери назорат аст.