Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 18-уми май ҳукми зиндони 36 нафари муттаҳам дар узвияти «Ҷамоаи таблиғ» -ро, ки дар Тоҷикистон расман мамнўъ шудааст, эълом кард.
Икромҷон Абдулҳафизов, додраси мурофиа аз додгоҳи Хатлон, зимни эъломи ҳукм гуфтааст, гуноҳи ҳама афроди гумонбар собит шуда, ҳама 36 нафар ба муҷозот кашида хоҳанд шуд.
Бо ҳукми додгоҳ, 17 нафари муттаҳам аз 5 то 6,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. То замони эълони ҳукми додгоҳ, 19 гумонбари дигар ба узвияти «Ҷамоаи таблиғ» дар озодӣ ба сар мебурданд, аммо додгоҳ 15 нафар аз онҳоро 3 соли зиндон маҳкум карду онҳо аз толори мурофиа ба ҳабс гирифта шуданд.
Аз ҷамъи 36 нафар танҳо 4 нафари муттаҳам ба ҷазои шартӣ маҳкум шуданд.
Фаридун Бобоеви 18-сола, ки замони боздошташ ноболиғ буд, ба пардохти ҷаримаи баробар ба дуюним ҳазор сомонӣ, муодили ҳудуди 570 доллари амрикоӣ ва се нафари дигар ба 25 ҳазор сомонӣ, муодили наздик ба 5700 доллар маҳкум ва шартан ба озодӣ баромаданд.
Муҳокимаи додгоҳии мазкур сар аз моҳи декабри соли 2009 то имрўз дар толори муассисаи ислоҳии шаҳри Қўрғонтеппа баргузор шуда, паси дарҳои баста сурат мегирифт.
Адвокат мухолиф, додситон мувофиқ
Ҳатто дар рўзи эълони ҳукм ҳам ворид гардидани ақрабои маҳкумшавандаҳо ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ба толори мурофиа иҷоза дода нашуд.
Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ мувофиқ аст ва дигар талош нахоҳад кард, то ҳукми додгоҳ мавриди бознигарӣ қарор бигирад.
Аммо Сайвалӣ Наврўзов, вакили мудофеи ҳуқуқи 12 нафари гумонбар, дар сўҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ мувофиқ нест ва вай интизор дошт, ки ин ҳукм одилона сурат мегирад, яъне, ҷазои сабуктар таъин мешавад:
«Дар додгоҳ додситон иддао мекард, ки судшавандаҳо гўё ба кишварҳои исломӣ рафта, махсус омўзишҳои ифротгароӣ гирифта бошанд, экстремизм омўхта, ба амнияти давлати мо хатарноканд. Аммо ягон далели қатъӣ оварда нашуд, шоҳидон аз Покистону Эрону Ҳиндустон ба мурофиа даъват нашуданд, ҳама иддао тахминӣ буд…»
Ҷаноби Наврўзов афзуд, аз он сабаб, ки вай гуноҳи нафарони таҳти ҳимояташро собитнашуда меҳисобад, дар ояндаи наздик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон барои таҷдиди назар шудани ҳукми додгоҳи Хатлон муроҷеъ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Боев, аз ақрабои Носир Раҳимови ба 6,5 соли зиндон маҳкумшуда, мегўяд, вай интизор дошт, ки додгоҳ иқрор шудани Раҳимовро ба инобат гирифта, ўро ба пардохти ҷарима маҳкум мекунад, аммо чунин нашуд:
«Вақте ба мулоқоташ, ба маҳкамаи муваққатӣ мерафтем, вай мегуфт, ки намедонист узвият ба ин созмон мамнўъ аст. Вай мегуфт, ки пушаймон аст ва мехоҳад барои ин гуноҳаш ҷарима супорад. Мо имрўз интизор доштем, ки вай аз толори мурофиа берун мешавад. Носир, ки ҳамагӣ 35 сол дорад, ягона нигоҳбони падару модараш буд…»
"Ба ҳукм мувофиқ нестам, вале даъво низ намекунам"
Ин ҳам дар ҳолест, ки оқои Ашўров, вакили мудофеъи ҳуқуқи Носир Раҳимов низ ҳукми додгоҳи Хатлонро ноодилона хонда, аммо гуфт нафари таҳти ҳимояташ барои бознигарии ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят нахоҳад бурд:
«Ман бо нафари таҳти ҳимоятам сўҳбат доштам, вай гуфт, ки ба тағйир ёфтани ҳукми додгоҳ эътимод надорад. Аз ин рўалоқаманд нест, ки вақти худро зоеъ куна два беҳуда умедвор шавад. Аҷобаташ ин аст, кия гон шоҳиди воқеӣ набуд дар бораи таҳсилу омўзишҳои онҳо дар хориҷа. Аммо ҳама судшавандаҳо шоҳидиҳо доданд нисбат ба якдигарашон. Дар умум, худашон алайҳи худашон гувоҳӣ доданд, барои суд шудани якдигар худашон «мусоидат» карданд…»
Ёдрас мекунем, тақрибан ҳама 36 нафари маҳкумшуда ҳангоми таблиғоти ғайриқонунии ғояҳои «Ҷамоаи таблиғ» дар масоҷиди Қўрғонтеппаву Бохтар, дар авоили соли 2009 дастгир шудаанд.
"Таблиғ ба Ҳанафия мухолиф нест, вале ба қонунгузории Тоҷикистон мухолиф аст"
Вале яке аз маҳкумшудаҳо дар сўҳбати қаблӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки созмони мазкур аслан ба мазҳаби Ҳанафия – мазҳаби расмии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба амнияти кишвар низ хатарзо нест.
«Ҷамоати таблиғ» бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон ва ҳалномаи Суди Олии кишвар аз 30 марти соли 2006, дар баробари созмонҳои дигар, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон», «Ҳаракати Толибон», «Бародарҳои мусулмон», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Тоҷикистони озод» ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ унвон шуда, фаъолияти ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардидааст.
Додситонии Хатлон мегўяд, пайравони «Ҷамоаи таблиғ» асосан дар шаҳру навоҳии Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Шаҳритус, Сарбанд, Бохтар, Қубодиён, Румӣ, Хуросон, Панҷ Мўъминободу Восеъ ва ҳамчунин дар қаламрави Русия фаъолият мекардаанд.
Соҳаи таблиғи "Таблиғ"
36 пайрави судшудаи «Ҷамоаи таблиғ», ба иддаои додситонӣ, барои ташкили фаъолияти ин ҷамъият ва омўзиши ғояҳои он дар масҷиду мадрасаҳои вижаи шаҳрҳои Эруҳусейн, Хангар, Боварпур, Гуҷранавала, Ҳанивал, Лоҳур, Саргуда, Мултон, Абутобод ва Пешавари давлати Покистон, масҷидҳои Ҳайдаробод, Аҳмаднагар ва Баткали Ҳиндустон, масҷиди шаҳри Кобули давлати исломии Афғонистон ва дар мадрасаи Маккаи шахри Зоҳидии ҷумхурии исломии Эрон таҳсил дидаанд.
Ҷавонтарин узви маҳкумшудаи “Ҷамоаи таблиғ” 18 сол дошта, бузургсолтаринаш 63-сола будааст.
Дар авоили соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи 56 пайрави ин созмони мамнўъро ба итмом расонида, 23 нафари муттаҳамро равонаи зиндон ва қисмате аз онҳоро ба сурпурдани ҷарима маҳкум кард.
Парвандаи ҷиноятии №12870
1).Давлатов Игболшо Мирзоалиевич,
2).Раҳимов Носир Сангович,
3).Давлатов Амиралӣ Мирзоалиевич,
4).Давлатов Муродалӣ Валиевич,
5).Ҳошимов Дониёр Иргашевич,
6).Қалуғшоев Сайнуриддин Маҳмудович,
7).Саидзода Ҷўрабек,
8).Бояков Ҷамшед Раҳматуллоевич,
9).Азизов Маҳкамҷон Азизович,
10).Азизов Умарҷон Файзиевич,
11).Хисомов Насрулло Низомович,
12).Абдусамадов Талабшо Сайвоҳидович,
13).Сатторов Абдуманон Улмасович,
14).Аланазаров Худойдод Қосимович,
15).Мирзоев Ҷўрахон Тешаевич,
16).Самадов Тоирҷон Амрохонович,
17).Муродов Абдувалӣ Раҳимович
бо моддаи 307, прим 3, қисми 1-и КҶ Тоҷикистон муттаҳам дониста шуда, аз 5 то 6,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
1).Шеров Рауфҷон Намозович,
2).Насруллоев Ҷалолиддин Файзуллоевич,
3).Сатторов Абдуқаҳор Улмасович,
4).Толибов Раҳмоналӣ Қурбонович,
5)Маҳмудов Исмоил Ҷунайдуллоевич,
6).Боқиев Маҳмадчон Махмудович,
7).Бобоев Фаридун Наимҷонович,
8).Темиров Сўҳроб Мунаварқулович,
9).Сангинов Неъмат Раҳматуллоевич,
10).Шарипов Ҳабибулло Ҳукматович,
11).Салимов Азизхуҷа,
12).Валиев Аҳмад Абдусаломович,
13).Абдухалилов Эркин Абдумаҷитович,
14).Боймуҳамедов Рустам Акрамович,
15).Саидов Башир Низомович,
16).Холов Саидкомил Икромович,
17).Раҳмонов Муҳибулло Кавгакович,
18).Изатуллоев Абдуҷабор Сангакович,
19).Қурбонов Маҳмадалӣ Сабзаалиевич
бо моддаи 307, прим 3, қисми 2, КҶ Тоҷикистон маҳкум шудаанд.