Намояндаи Обама дар СКИ пагоҳ ба Душанбе меояд

Тибқи хабари сафоратхонаи Амрико дар Душанбе, Рашод Хусейн-намояндаи вижаи Амрико дар Созмони Конфронси Исломӣ ва хонум Насрин Бадат аз Департаменти Амрико оид ба масъалаҳои байналмиллаии озодии дин барои ширкат дар 37-ум ҷаласаи шӯрои вазирони СКИ рӯзҳои 19-20 май ба Душанбе меоянд. Президент Барак Обама ҷаноби Хусейнро 13 феврали соли 2010-ум намояндаи вижаи Амрико дар Созмони конфронси исломӣ таъин кард. Дар назар аст, ки Рашод Ҳусайн дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон бо баъзе аз мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад.