Марзи Русия ва Украина мушаххас шуд

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев сафари худ ба Украинаро бо имзои созиши миёни ду кишвар оид ба хатти марз шурӯъ кард.
Бар пояи ин созиш, хатти марзҳои заминии миёни Русия ва Украина муқаррар шудаанд. Дар ин санад дар бораи марзҳои дарёии ду кишвар чизе гуфта нашудааст.

Иттиҳод ба нафъи “Газпром”?

Шурӯъ аз моҳи феврал, баъди дар курсии раисҷумҳури Украина нишастани Виктор Янукович, сарони ду кишвар бори ҳафтум дидору гуфтугӯ мекунанд ва инро коршиносон чун намоиши ҳарчӣ бо ҳам қаринтар шудани Маскав ва Киев арзёбӣ мекунанд.

Дар ин муддат муҳимтарин дастоварди Медведев ва Янукович – имзои созиш дар бораи то соли 2042 тамдид кардани мӯҳлати будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим бар ивази коҳиши қиммати гази Русия барои Украина маҳсуб мешавад. Ва аммо, дар ҳамин ҳол Киев пешниҳоди Маскав барои муттаҳид сохтани ширкатҳои “Газпром” ва “Нафтогаз Украина”-ро рад кард.

Дмитрий Медведев қабл аз сафар ба Киев дар сӯҳбат бо хабарнигорони расонаҳои украинӣ изҳор намуд, ки дар музокирот бо мақомоти Украина мавзӯъи муттаҳид сохтани ду ширкатро аз нав ба миён хоҳад гузошт, зеро ба гуфтаи ӯ, ин масъаларо ҳанӯз бо Янукович баҳсу баррасӣ накардааст. Ва аммо дар сурати муттаҳид сохтани “Газпром” ва “Нафтогаз Украина” саҳмияҳои ин ширкат чӣ гуна тақсим хоҳад шуд? Дмитрий Медведев мутмаин аст, ки бештари саҳмияҳо бояд дар ихтиёри “Газпром” бошад: “ин кор ҳисобу китоби дақиқро мехоҳад. Ман мехоҳам ёдовар шавам, ки арзиши Газпром ҳадди аққал 150 миллиард ва ҳадди аксар 200 миллиард доллар аст ва аммо арзиши Нафтогаз, бо ҳама эҳтироме, ки ба он қоилем, хело камтар аз ин аст”.

Зимнан, Виктор Янукович гуфт, ки хуб мебуд агар саҳми ширкатҳо баробар, яъне панҷоҳ ба панҷоҳ мебуд ва аммо афзуд, ки гумон аст Русия ба ин пешниҳод розӣ шавад.

Шамъи зери борон

Дирӯз Дмитрий Медведев зери борон ба ёди қурбониёни гуруснагии оммавии солҳои 30-юми қарни гузашта шамъ даргиронд. Мавзӯъи “голодомор” ё ҳалокати мардум бар асари қаҳтии бесобиқа - аз мавзӯъҳои пурбаҳси миёни ду кишвар замони қудрати раисиҷумҳури пешин Виктор Юшенко маҳсуб мешуд. Юшенко талош дошт, ки “голодомор” аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун наслкӯшии украинҳо арзёбӣ шавад. Ва аммо Маскав ба ин мухолифат мекард ва мегуфт, ки он солҳо қаҳтӣ бар асари ташкили колхозҳо на фақат Украина, балки Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқро ҳам фаро гирифта буд.

29-уми апрели соли равон Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо қатъномаеро пазируфт, ки дар он гуфта шудааст, Украина ягона кишвари аз гуруснагии сартосарӣ зарардида нест. Зимнан, ин санад баъд аз суханронии Виктор Янукович дар Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо пазируфта шуд, ки дар он сарвари Украина маъракаи сиёсии ташкилкардаи Юшенко барои ҳамчун наслкушии украинҳо эътироф намудани “голодомор”-ро думбол накард.

“Украина”-ро Русия месозад

Дар рӯзи аввали музокирот дар Киев Медведев ва Янукович ҳамчунин дар мавриди хатми сохтани крейсери “Украина” ба созиш расиданд. Раисҷумҳури Украина гуфт, ки ин киштии бузурги низомӣ 95 дарсад сохта шудаааст ва аммо панҷ дар сади боқимондаро бидуни ширкати Русия тамом кардан ғайримумкин аст.

Бунёди ин киштӣ, ки қаблан “Адмирали флот Лобов” унвон дошт, соли 1986 шурӯъ шуда буд ва аммо соли 1996 бар асари қатъи сармоягузорӣ корҳо мутаваққиф шуданд. Талошҳои ҳукумати Украина барои аз сар гирифтани бунёди киштӣ ноком анҷом ёфтанд. Чанд кӯшиши фурухтани киштии ниматайёри “Украина” ба Чин, Ҳиндустон ё Русия ҳам номуваффақ буданд.

Сафари расмии Дмитрий Медведев ба Украина имрӯз идома меёбад.