Навгониҳои олами илму фан

Киштии кайҳонии амрикоии “Атлантис” рӯзи 14-уми май аз пойгоҳи кайҳонии воқеъ дар димоғаи Канаверал барои охирин бор ба мадор парвоз кард. Ин парвоз оғози анҷоми истифода аз киштиҳои кайҳониест, ки ба фарқ аз киштиҳои якдафъаинаи русӣ батакрор ба кайҳон парвоз мекарданд. Киштии “Дискаверӣ”, ҳамин тавр, дар моҳи сентябр ва “Эндевор” моҳи ноябри соли ҷорӣ барои анҷоми охирин парвози худ ба мадор баланд хоҳанд шуд. НАСА, Ожонси кайҳоншиносии Амрико аз ин ба баъд рӯи сохтани киштиҳои насли наве, ки тавони парвоз ба фосилаҳои дуртар, аз ҷумла ба Моҳу Миррихро дошта бошанд, тамаркуз хоҳад кард.

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ тарҳи ба истилоҳ “Харитаи роҳ”-и рушди риштаҳои энержӣ дар нимаи аввали асри 21-ро муаррифӣ кард, ки то соли 2050 ба 20-25 дарсад расонидани саҳми нирӯи барқи офтобиро дар назар дорад. Ба ҳисоби ин ниҳоди вобастаи СММ, бо чунин шева метавон партоби гази карбонат ба фазоро дар сол то 6 миллиард тонна коҳиш дод. Феълан саҳми нирӯи барқи офтоб дар энержии дунё зери 10 дарсад рақам зада мешавад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳазинаи гузариш ба низоми 12-солаи таълимро беш аз 81 миллион доллар баровард кардааст. Парлумони Тоҷикистон ахиран ба қонуни маориф тағйироте ворид кард, ки аз соли 2016 ба низоми 12-сола гузаштани макотиби миёнаи кишварро ба ҳадаф дорад. Масъулин мегӯянд, ҳадаф аз ислоҳот бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти ҳамагонӣ мутобиқ кардани низоми таълим дар Тоҷикистон аст. Феълан дар макотиби миёнаи Тоҷикистон наздики 1 миллиону 800 ҳазор толибилм таҳсил мекунанд. Дар пайи ҷорӣ шудани низоми 12-сола шумори хонандагон дар макотиби таҳсилояти ҳамагонии Тоҷикистон болиғ аз 2 миллион нафар хоҳад шуд.

Ширкати “Майкрософт” фарзияи нави барномаи “Оффис 2010”-ашро муаррифӣ кард, ки мусаҳҳеҳи матнҳо “Майкрософт Ворд” ва ҳам хадамоти почтаи электронии “Аутлук”-ро низ дар бар мегирад. Ба назари таҳлилгарон, “Оффис 2010” посухи “Майкрософт” ба ширкати “Гугл” аст, ки бо пешниҳоди барномаҳои маҷҷониаш ҳарчӣ бештар ба он бозорҳое, ки қаблан “Майкрософт” яккатоз буд, шабехун мезанад. Аммо “Гугл” тавассути як торнамои интернетии марбут ба ин ширкат, масрафи 500 доллар барои харидории шакли пурраи “Оффис 2010”-ро харҷи беҳуда ба қалам дода, барои муштариён дигарбора фаровардаи худаш “Гугл Докз”- ро тарғиб кардааст.

“Бизнес Софтвейр Алянс”, як созмони байналмилалии мақараш дар Амрико мегӯяд, дар соли гузашта бар асари тақаллуби барномаҳои компутарӣ ширкатҳои барномасози дунё беш аз 51 миллиард доллар хисорот дидаанд. Ба ҳисоби ин созмон, дар ҳоли ҳозир 43 дарсади бозори фурӯши барномаҳои софтвейрро нусхаҳои тақаллубӣ зер кардаанд. Фаъолияти “пиратҳо” танҳо дар Амрикову Чин ба ширкатҳои барномасоз 16 миллиард доллар хисорот овардааст.

Дар Амстердами Ҳолланд як кумиссиюни вижаи СММ ба таҳқиқи фаъолияти гурӯҳи байнидавлатии коршиносони масоили муҳити зист шурӯъ кард. Ин кумиссиюни 12-нафарии иборат аз донишмандони маъруф таҳти раёсати Ҳаролд Шапиров, мушовири ду раисиҷумҳури қаблии Амрико ба дунболи афзоиши шикоёт дар мавриди дар таҳияи пешбиниҳояш ба иштибоҳҳо роҳ додани ин гурӯҳи коршиносон таъсис ёфт. Гурӯҳи байнидавлатии СММ эътироф кард, ки дар таъйини замони комилан об шудани пиряхҳои кӯҳистони Ҳимолой ба иштибоҳоте роҳ додааст, вале боқӣ иттиҳомотро радд мекунад. Кумиссиюн бояд хулосаи ниҳоияш дар бораи фаъолияти Гурӯҳи коршиносони СММ-ро бояд то моҳи август эълон кунад.

Ҷопон ба манзури рушди захоири инсонӣ барои Тоҷикистон дар 4 соли оянда 1 миллиону 300 ҳазор доллар ҷудо мекунад. Бар пояи ин кӯмак, имсол 5 корманди вазоратхонаҳои умури ӣхориҷӣ ва иқтисоду молияи Тоҷикистон ба хотири касби унвони магистр дар риштаи равобити байналмилалӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи байналмилалии Токио ва Донишгоҳи Осиёиву Уқёнусияи Ритсумейкан хоҳанд рафт. Ҷопон аз соли 1993 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 160 миллион доллар кӯмакҳои фанниву билоиваз расондааст.

Дар вазорати маорифи Тоҷикистон аз 22 барандаи олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ истиқбол кардаанд. Шокирҷон Гадоев, раҳбари маркази кор бо ҷавонони боистеъдод дар ин вазорат гуфтааст, ки имсол толибилмони тоҷик дар сабқатҳои фаннии байналмилалӣ 28 нишони тило, 30 нишони нуқра ва 54 медали бириниҷӣ ба даст овардаанд, ки назар ба соли гузашта 2 маротиба бештар будааст. Аксари барандаҳо аз литсейҳои президентиву туркӣ, гимназияи Ҳотамов ва литсейи Исфара намояндагӣ мекунанд. То поёни соли ҷорӣ ширкати истеъдодҳои ҷавон аз Тоҷикистон боз дар 8 олимпиадаи дигар дар назар аст. Яке аз барандагони имсола, Фарзона, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва хонандаи снфи шашум литсейи президентӣ буд, ки дар Екатеринбурги Русия аз фанни забони русӣ медали тило ба даст овард.