Корвони муҳоҷирони тоҷик: Роҳ ба сӯйи Саудӣ

Корвони муҳоҷирони тоҷик рӯзҳои наздик бояд озими Арабистони Саудӣ шавад. Ин аввалин иқдоми расмии ҳукумати Тоҷикистон барои ирсоли муҳоҷирони корӣ ба кишвари дур мебошад.
Ҳарчанд Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ин иқдомро ба роҳ мондаанд, аммо таҳлилгарони бозори меҳнати Саудӣ мегӯянд, ин кишвар монанди Русия нерӯи кории Тоҷикистонро чандон гарм оғӯш нахоҳад гирифт. Зеро, дар он кишвар нерӯи кории дигар низ алҳол ҳузур дорад ва маош ҳам нисбат ба бозори меҳнати Русия ба маротиб поинтар аст. Бар илова, омилҳои дигари равонӣ ҳам боиси вуқӯъи пешомадҳои манфӣ дар ҳаёти муҳоҷирон, бахусус занон, ҳадс зада мешавад.

Ҳамакнун, суоли матраҳ ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Саудӣ оё муваффақ хоҳанд шуд? Амнияти онҳо таъмин хоҳад буд? Оё дар таърихи зани тоҷик саҳифаи нав бо номи «каниз» боз хоҳад шуд?

Биҳишти орзуҳо?

Хонуми 31-солаи тоҷик бо номи Моҳинав собиқаи омӯзгорӣ дорад, ба иҷрои ҳамаи кор омода буда, барои фаъолият дар Саудӣ кори хонаро интихоб кардааст. Ӯ мегӯяд, шояд муштаракоти динӣ бо ин кишвар мушкилоти ӯро дар надонистани забон, қавонини ҷомеаи шоҳигарии Саудӣ ва одатҳои миллати араб то андозае сабук гардонад. Мисли ӯ даҳҳо зани дигар низ ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ доранд.

Ба назар мерасад, феълан, Саудӣ барои хоҳишмандонаш биҳиштеро мемонад, ки орзӯҳои амалинашудаи муҳоҷирони тоҷикро амалӣ ва онҳоо аз бенавоӣ раҳо мекунад.

Насим, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, 3 моҳ аст, ки забони арабӣ меомӯзад ва дар рӯйхати аввали муҳоҷирони корӣ ба Саудӣ номнавис шудааст. Аммо то кунун рӯзи рафтани онҳо мушаххас нест.

Тирамоҳи соли 2009 дар Душанбе ниҳодҳои марбути муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон ва Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Вале, бино ба иттилои сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе, то кунун ягон корвони муҳоҷир бар пояи ин созишнома вориди Саудӣ нашудааст. Дар Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Тоҷикистон мегӯянд, корвони муҳоҷирон дар ҳолати омодабош қарор дорад ва интизори даъват аз Саудӣ аст.

Сари масъалаи муҳоҷират ба Саудӣ феълан танҳо як ширкат бо номи "Замони Юнус" кор мебарад. Ин ширкат мегӯяд, то ҳол тақрибан 3,500 хоҳишманди муҳоҷирати корӣ дар Саудӣ номнавис шудаанд ва ба наздикӣ як гурӯҳи 25-нафара, пас аз он гурӯҳи 137-нафара озими сафар хоҳанд шуд. Раҳбари ширкати "Замони Юнус" мегӯяд, коргаронро бар иловаи омӯзиши забон, ҳамчунин, бо фарҳанг, урфу одат ва қонунҳои кишвари муҳоҷират ошно мекунанд ва сипас мефиристанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саудӣ



Саудӣ Русия нест?

Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Саудӣ Русия нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик тавонанд озодона равуо намуда, ба ватан даҳҳо миллион доллар фиристанд.

Рустам Валив собиқаи беш аз 3 соли зист дар Саудӣ дорад. Ӯ мегӯяд, бозори кории ин кишвар чандон талабгори нерӯи кории Тоҷикистон нест. Зеро, муҳоҷирони кории Покистон, Бангладеш, Индонезия бо музди ночиз дар бозори меҳнати он ҷой гирифтаанд.

Фаридуни Роҳнавард, журналисти ҷавон, мегӯяд, муваффақияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз бастагиҳои тоҷикон бо русҳо аз замони Шӯравӣ меояд ва умумиятҳо миёни мардуми тҷоику рус зиёд аст. Дар олами араб вазъ дигар аст.

Рӯзгори муҳоҷир дар Саудӣ

Абдусамад феълан дар Саудӣ муҳоҷир аст. Ӯ мегӯяд, соли аввали ба кор омадан ронандагӣ кардааст ва ҳар моҳ 800 риёл, муодили 200 доллар, мегирифтааст. Вале аз сабаби кам будани маош ӯ тарки ин пеша кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо танҳо табибон то 400- 500 доллар маош мегиранд. Абдусамад мегӯяд, ба Саудӣ занон низ бидуни маҳрам меоянд, вале бе маҳрам будани занҳо пайомадҳои манфӣ дорад. Вай порае аз рӯзгори чанд зани муҳоҷири тоҷику англис ва узбакро нақл кард, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, вале аз сабаби шоҳид надоштан натавонистаанд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто ҳангоми таҷовузкорро ба додгоҳ кашидан бояд шоҳид дошта бошӣ, ҳол он ки чнуин ҳодиса аксаран дар танҳоӣ, дар хона рух медиҳад ва зани бечора аз куҷо шоҳид биёбад.

Хабаргузориҳои арабӣ соли 2009 дар поёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ навишта буданд, ки акнун садҳо муҳоҷири кории тоҷикистонӣ, ки аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ корашон дар Русияро аз даст додаанд, метавонанд дар Саудия соҳиби шуғл шаванд.

Дар ҳамон сол зимни сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мувофиқат дар мавриди содироти нерӯи кории Тоҷикистон ба Саудия ҳосил шуда буд.

Ба гуфти Алиҷон Саидов, мушовири Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ,феълан 1250 нафар муҳоҷир омодаи сафар ба Саудия ҳастанд. Ва онҳо асосан ба корҳои сохтмонӣ ва ронандагӣ сафарбар хоҳанд шуд.