Андиҷон пас аз панҷ соли ҳаводиси хунин

Дуруст панҷ сол қабл дар рӯзи 13-уми май, садҳо нафар дар шаҳри Андиҷон аз тири сарбозони ӯзбак ҷон доданд ва зиндагии садҳо хонаводаи дигар тираву тор шуд.
«Қатли оми Андиҷон»

Аммо дар шаҳри Андиҷон хомӯшӣ дар бораи ин ҳодисаҳои хунинро авлотар медонанд ва ягон маросими ёдоварӣ аз хунрезиҳои панҷ соли пеш баргузор ҳам намешавад. Ҳодисаеро, ки дар матбуоти хориҷӣ “Қатли Оми Андиҷон” хонда мешавад, матбуоти маҳаллии Ӯзбакистон, мақомоти маҳаллӣ ва худи шаҳр ҳам гӯё намедонанд. Сӯҳбат дар мавриди ин хунрезӣ дар Ӯзбакистони ҷоиз нест ва Андиҷон дар ин рӯзҳо ҳамчунон дар панҷаи тарсу бадгумонӣ қарор дорад.

Он рӯзҳо дар Андиҷон бо тазоҳуроти осоиштаи мардум шурӯъ шуд, ки раҳоии 23 тоҷири маҳаллиро талаб мекарданд, ки мақомот онҳоро бо гуноҳи узвият дар созмони мазҳабии Акрамия зиндонӣ карда буданд. Тазоҳургарон ҳамчунин аз вазъи бади иқтисодӣ шикоят доштанд.

Аммо тазоҳурот ба хунрезӣ табдил шуд, чун як гурӯҳ бо ҳамла ба қароргоҳи низомӣ, силоҳ ба даст гирифта ва аз зиндони Андиҷон, маҳбусон, аз ҷумла тоҷирони маҳаллиро озод карданд. Гурӯҳи мазкур баъди куштани посбонони зиндон, сипас рӯ ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ оварданд. Амалкарди гурӯҳи мусаллаҳ сабаб шуд, то нерӯҳои давлатӣ бо танку чархбол ба шаҳр ворид шаванд.

Ба гуфтаи шоҳидон, сарбозон дар майдони марказии Бобур ва кӯчаҳои атроф ба рӯи тазоҳургарон тир андохтанд ва дар натиҷа ба қавли мақомот, 187 нафар, аксаран сарбозон ҳалок шуданд. Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди қурбониёни он рӯз тақрибан 1000 нафар будааст.

Хомӯшии сангин

Бо гузашти 5 сол, зоҳиран зиндагӣ дар Андиҷон ба маҷрои пешинаи худ бозгаштааст. Дар ин шаҳр, ки хонаи 360 ҳазор нафар аст, мардум аксаран аз тиҷорат ва ҳунармандӣ рӯз мегузаронанд. Фаррухбеки 26-сола, ки дӯкони қассобӣ дорад мегӯяд, аз зиндагиаш розист ва агар касе сахт кор кунад ва молиёт ҳам бипардозад, мушкиле нахоҳад дошт.

Андиҷон ба гуфтаи сокинонаш баъди соли 2005 тағйир кардааст ва бахусус майдони марказии шаҳр ва маҳалли ҳамон тазоҳуроти хунин. Қароргоҳи шаҳрдории Андиҷонро, ки тазоҳургарон ишғол карда буданд, дигар шудааст. Ҳоло он як бинои бузурги мӯҳташамест, ки бо панҷараҳои оҳанин печонида шудааст. Аз майдони Бобур ҳам нишоне нест ва ҷойи онро гулзору фаввора гирифтааст. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Ӯзбакистон мехоҳанд, аз ҳамин роҳ ҳодисаҳои хунини Андиҷонро аз хотираи мардум зудоянд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳоло ягон расона аз он ҳодисаҳо ёд намекунад.

Тарс аз ҳамдигар, бадгумонӣ ба ҳамдигар

Теъдоде аз мардуми маҳаллӣ мегӯянд, сабаби чунин сукут, фазои тарс дар шаҳри Андиҷон аст. Фаъолони маҳаллии ҳуқуқи инсон ҳам мегӯянд, ки мардум ва ҳукумат то кунун аз ҳам бадгумонанд. Соҳибҷонота, ки ду фарзандаш бо гуноҳи сарнагунии ҳукумати қонунӣ зиндонӣ шудаанд, ба ин бовар аст, ки ӯро ба “феҳрасти сиёҳи мақомот” ворид кардаанд.

Ҳангоми тазоҳуроти зиддиҳукуматии Қирғизистон дар моҳи апрел, Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон, гуфт, бар хилофи баъзе аз гузориши расонаҳо, “ҳеҷ кас дар Ӯзбакистон, бошавқ аз амалкардҳои мардуми озодидӯсти Қирғизистон пайравӣ намекунад.”

Аммо мақомоти шаҳри Андиҷон мутмаин нестанд ва дар ҳамон рӯзҳои ошӯбҳои Қирғизистон милисаи маҳаллӣ чанд нафарро барои бозпурсӣ даъват кардааст. Аксарияти онҳо, мардон ва ё занони мазҳабӣ будаанд, ки иртиботе ҳам ба гурӯҳҳои сиёсӣ надоштаанд. Ба гуфтаи як сокини Андиҷон, ки аз тарси таъқиб номи худро ошкор накард, дар шаҳри онҳо пас аз соли 2005 ба ғайр аз тақвияти назорати ҳукумат аз болои мардум дигар чизе тағйир накардааст.