Орзуе, ки зери сангу хок монд

ТУЙЕ, КИ МОТАМ ШУД

Шаби 7-уми май дар хонадони Ҳадятулло ном сокини маҳаллаи Чармгари Поёни шаҳри Кӯлоб ба тӯйи хонадоршавии писараш, ки фардо субҳ бояд баргузор мешуд, омодагӣ мегирифтанд. Аммо соати 2-и шаби ҳамон рӯз ин маросими хурсандӣ ба мотам бадал гашт.

Субҳон Раҳимов, як наздики ин хонадон, мегӯяд, аллакай ҷиҳози арус ба хона ворид шуда буд ва тасмим буд, ки субҳ худи арусро биоранд. Ӯ мегӯяд, “дастурхонҳои тӯёна ҳама андохтагӣ, хурсандӣ. Пагоҳ бояд тӯй, ҷиҳози арусро овардаанд, вале худашро бояд саҳар биёранд. Сел шаб зад, хонаву дар ҳамаро бурд.”

Сел ин хонаро ба тамом хароб карда, як тифли хурдакакро бе ному нишон кардааст. Ҳамакнун бо гузашти 6 рӯз ин хонавода дар мотам нишастаанд ва дигар ҳарфи туй кайҳо аз ёдашон фаромӯш шудааст. Шумори чунин хонаводаҳои мусибатзада дар Кӯлоб хеле зиёд аст.



БА ҶОИ АРОБАЧА ТОБУТ

Дилшод Холмадов, як сокини дигари Кӯлоб, мегӯяд, шаб бо ҳамсараш маслиҳат дошт, то фардо барои ягона фарзандашон аробачаи кӯдакона харидорӣ намоянд. Вале бегоҳии фардо ин тифле, ки бояд соҳиби аробача мешуд, дар тобути чубин сӯи қабристон бурда шуд.



Дилшод мегӯяд, “дардовар аст ин. Ҳам писарам ҳалок гашт ва ҳам модари ҳамсарам. Хоҳари 13-солаи ҳамсарамро низ натавонистем наҷот диҳем ва ӯ ҳам ҳалок шуд. Дигар бубин, ки аз хонаамон нишоне боқӣ намондааст.”

Бархе мотамзадгон ҳанӯз дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд. Холмад Намозов, сокини дигар, мегӯяд, пас аз ин фоҷеа, ҳанӯз ҳам ба худ намомадааст ва ҳоло ҳам бовар надорад, ки наберагон ва дигар пайвандони ҳалокшудаашро дар паҳлӯяш нахоҳад дид.



“Сарам хуб кор намекунад, даҳшат буд. Фикр мекунам, ки хоб буд. Кош хоб бошад ва бедор шаваму ҳама дар ҷояш бошад. Дигар чизе гуфта наметавонам.”

ЯГОН ҲАМСОЯ ЗИНДА НАМОНД

Қурбонии ин сел аслан бештар кӯдакон будаанд. Тобонбӣ Наимова, як зарардидаи дигар, мегӯяд, тасмим дошт, то ҳамроҳи хонаводаи бародараш фардо ба хабаргирии як хешованди дурашон бираванд, вале субҳ ду тифли бародараш ҳалок шуда, хонаводаро мотамзада кард.

“Саидаҳмадаш зинда монду, Қодирҷони синфи 2 ва Ойтиллои 6-сола мурд. Ягон ҳамсоямон зинда намонд. Милисаи ҳамсоямон зинда монд, лекин пояшро буриданд, маъюб шуда буд. Дигарашро занаш мурд. Ҷаббори ҳамсоямон худаш зинда монду, як писараш. Занашу духтарашу як кӯдаки хурдсолаш мурд. Ҳозир дигар чашмонаш кӯр шудааст ва ҳеҷ ҷоро дида наметавонад.”

Офати табии шаби 7-уми май садҳо нафарро аз пайвандону наздикон ҷудо кард. Ҳазорон орзую армон ба истилоҳ, дар қалби кӯдакону наврасону бузургсолон зери сангу хоку лой монд.




То кунун даҳҳо ҷасади дигар нопайдост ва пайвандону наздикон бо дидаҳои хунбор дар ҷустуҷӯи пайвандон ҳастанд.