Мусоҳиба бо Ҷӯрабек Муродов дар бораи Шашмақом

Дар робита ба рӯзи Шашмақом имрӯз дар саросари Тоҷикистон маъракаҳои шашмақомхонӣ баргузор шуданд. Радиои Озодӣ аз Ҷӯрабек Муродов, овозхони машҳури Шашмақом дар Тоҷикистон, пурсид, ки оё то куҷо имрӯз ҷавонони тоҷик ба Шашмақом майл доранд?


Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқии миллати тоҷик ёд мешавад.

Шашмақом аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Тибқи манобеъи таърихӣ, зодгоҳи «Шашмақом» шаҳри Бухоро, бунёдгузораш тоҷикон, созаш танбур ва Бобо Ҷамол, Бобо Ғиёс, Домулло Ҳалим, Леви Бобохон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз аз саромадонаш ба шумор меоянд. Ва матни сурудаҳои «Шашмақом» аз назми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст.

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст. Оҳангҳо ва сурудҳои «Шашамақом»-ро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов, се донишманди мусиқии тоҷик дар панҷ чилд ба риштаи адвор ё нота кашида, ба ин шоҳасар умри дубора бахшиданд. Дар мусиқии «Шашмақом»-и асри гузаштаву имрӯз устодони мақом Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Қумрӣ Қодирова, Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон саҳми бузург доранд.