Аз саркубии эътрози осоиштаи мардум дар шаҳри Андиҷони Узбакистон панҷ сол сипарӣ шуд. 13 майи соли 2005 нерӯҳои амниятии Узбакистон ба сӯи тазоҳургарони осоишта дар майдони Бобур оташ кушоданд.
Аз ин ҳодиса ба таври густарда ҳамчун "куштори дастаҷамъӣ" ном бурда мешавад. Муҳосираи иттилотӣ, ки Каримов ба думболи ҳаводиси Андиҷон ба роҳ андохт ва набуди бозҷӯии бетарафона иттилоъ дар бораи ангезаҳои тазоҳурот ва теъдоди дақиқи кушташудаҳоро дастнорас кардааст.
Чӣ мардумро ба тазоҳурот таҳрик дод?
Беадолатӣ, мазҳаб, бебизоатӣ, саркубии шадиди мардум аз ҷониби ҳукумат ва ноилоҷиву бечорагӣ дар баробари ин мушкилот - ин ҳама бори сангине буд, ки мардум дар шабу рӯзи ҳодисоти Андиҷон бо онҳо мезист ва меҷӯшид.
Мушкилоти иқтисодӣ ва зиндагии нобасомон ҳамчунин яке аз заминаҳои ба кӯчаҳо рехтани мардуми Андиҷон номбар мешавад. Боздошт ва муҳокимаи 23 соҳибкори бонуфузи ин минтақа бо иттиҳоми узвияти созмони мамнӯъи тундрав ва ҷудоиталаб, ба истилоҳ қатраи охирин дар косаи лабрези сабри мардум шуд.
Сабабҳои кӯчаки дигаре ҳам номбар мешаванд, ки гӯё хунрезиҳои Андиҷон дар заминаи ҷанги қудратталабӣ дар байни кланҳои Узбакистон ба вуқуӣ пайваст.
Бархи дигар ҳодисаҳои Андиҷонро саҳнасозии ҳукумати Каримов мехонанад, ки ки ба думболи инқилоби лолаии Қирғизистон мехост, тухми тарсро дар вуҷуди мардум кишт кунад ва ҳавои инқилобҷӯиро аз замири онҳо дур созад.
Акрамия ва хунрезиҳои Андиҷон
Мақомоти Узбакистон “Акрамия”-ро аз гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ эълон кард ва гуфт, ин гурӯҳ дар пайи сарнагунсозии ҳукумат ва бунёди давлати исломӣ мегардад.
Акрамия ҳамчун гурӯҳи наздик ба соҳибкорон тасвир мешуд, ки ҳаққи узвият ҷамъ мекард ва дар фаъолиятҳои хайрия саҳм мегирифт. Як тан аз нафарони Акрамия иддао кардааст, ки онҳо бо мақомоти маҳаллӣ равобити хуб доштанд, ба онҳо пора медоданд ва аз ин ҳамкорӣ баҳра мебардоштанд.
То ҳол маълум нест, ки кадом омил боиси сардии равобити ҳукумати маҳаллӣ бо Акрамия шудааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи Акрамия аз тарафи Акрам Юлдошев, як муаллими 29 солаи андиҷонӣ дар соли соли 1992 таъсис ефта буд.
Фаъолони ҳуқуқи инсон, гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, хабарнигорн ва ҳатто корманди хадамоти амнияти ин кишвар ин иддаоро, ки шӯриши Анидонҷро Акрамия ташкил кардааст, бе появу беасос мехонанд.
Матуботи Русия вуҷуди ин гуруӯҳро зери суол мебарад ва мегуяд, "Акрамия бофтаву сохати ҳукумати Узбакистон аст, ки мехоҳад хунрезии Андиҷонро ба ин васила тавҷеҳ кунад”.
Зиндониҳоро кӣ озод кард?
Мақомоти Узбакистон 23 нафарро бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ, аҳдофи мазҳабӣ ва робитаи онҳо бо Акрамия боздошт кард. Ин амал вокуниши шадиди ҷонибдорони ин гурӯҳро ба бор овард.
Ба фарзияи ҳукумат шаби 12 май гурӯҳи мусаллаҳ ба зиндони Андиҷон ҳуҷум кард ва маҳбусонро бо шумули тоҷирон озод намуд.
Дар ин ҳодиса якчанд нигаҳбони зиндон кушта шуд ва якчанд бинои давлатӣ ба дасти гурӯҳи мусаллаҳ гузашт. Хукумати Узбакистон ин ҳодисаро ҳамчун заминаи саркӯбии тазоҳурот таъкид мекунад.
Аммо то 12 май тазоҳуроти Андиҷон хеле орому сулҳҷӯёна унвон мешуд ва мусаллаҳ будани мардум низ мушоҳида нашуд. Бо ин ҳол, ки касе масъулияти ҳуҷумро бар дӯш нагирифт. Ақидае ба миён омад, ки ин гурӯҳ ба тазоҳургарон ҳеҷ бастагие надошт. То ҳол маълум нашудааст, ки он гурӯҳ аз кӣ иборат буд ва кӣ онҳоро мусаллаҳ карда буд.
“Қатли оми Андиҷон"
Субҳи 13 май нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи тазоҳургарон, бо шумули занону кӯдакон оташ кушонад. Амале, ки баъдан "катли оми Андиҷон" унвон шуд.
Теъдоди нафроне, ки дар ин рӯз кушта шуданд, мавриди баҳсҳои доғ аст. Ҳукумат аз 187 нафар ном мебарад. Ба ин теъдод хисороти ҷонии ҳукумат ҳам шомил аст: 94 террорист, 20 ходими ҳифзи тартибот, 11 аскар, 94 шаҳрванди мулкӣ ва панҷ нафари дигар, ки шахсияти онҳо маълум нашудааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифини ҳукумат теъдоди кушташудаҳоро наздики 1000 нафар баровард кардаанд. Созмони ҳамкориҳои шанҳай, ки Узбакистон дар он узвият дорад, аз мавқеъи Тошканд пуштибонӣ кард ва ин ҳодисаро дасисаи террористҳо ва тундравҳо унвон кард.
Ҳайати ҳақиқатёби Иттиҳодияи Аврпуо, ки баъди тақрибан якуним сол ба Узбакистон иҷозаи вуруд гирифт, ҳеҷ иттилое пайдо накард.
Ҷасадҳои Андиҷон куҷо шуданд?
Шоҳидони айнии хунрезиҳои Андиҷон, бо шумули хабарнигори бахши узбакии радиои Озодӣ, муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомот ҷасади тазоҳургарон, бо шумули занону кӯдаконро аз кучаҳо барчида ба мошинҳо партофтанд ва баъдан дар гури дастаҷамъӣ, ки маконаш мушаххас нест, зери хок карданд.
Вақте, ки як сокини Андиҷон аз вуҷуди гӯрҳои дастаҷамъӣ дар канораҳои шаҳр иттилоъ дод, 27 майи соли 2005, хабарнигори Озодӣ ба ин макон сафар кард ва 37 гӯрро баршумурд.
Иддаои вуҷуди гурӯҳои дастаҷамъи ҳеҷ гоҳ расман баррасӣ ва ё аз тарафи ҳукумат тафтиш нашудааст.
Расонаҳои хориҷӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ҳоле ҷасади мардҳо ба хешутабори онҳо бозгардонида мешуд, ҷасади занону кӯдакон, ки гуфта мешавад, дар фоҷеъаи Андиҷон кушта шудаанд, ҳеҷ гоҳ дигар рӯ назаданд.
Сарнавишти Акрамия чӣ шуд?
Баробари ба дасти амниятиҳо гузаштани Андиҷон садҳо сокини Андиҷон аз таъқиби нерӯҳои ҳукуматӣ ба Қирғизистони ҳамсоя фирор карданд. Аз ин теъдод 400 нафар бархе ба давлатҳои Аврпуои бархи дигар ба Амрикои Шимолӣ ва Австралия интиқол ётанд.
Баъди як соли ин ҳодиса баъзе муҳоҷирон ба дуриву қурбат тоб наоварданд ва озими Узбакиситон шуданд. Вале дар он ҷо батаъқибу боздошт ру ба рӯ шуданд.
Дилором Абдуқодирова, яке аз муҳоҷирони андиҷонӣ, ки бо чаҳор бачаи худ аз Австралия ба Узбакистон баргашт, дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва моҳи апрели ҳамин сол бо имттиҳоми аст доштан дар ҳаводиси Андиҷон ба муддати 10 сол зиндонӣ шуд.
Аз 23 соҳбкори андиҷонӣ се нафар дар Ҳолланд. Як нафарӣ дар Финланд, Швеция ва Амрико ба сар мебаранд. Як соҳбкор то ҳол гумном аст ва саравишти ӯ то ҳол рушан нашудааст.
16 соҳибкори дигар дар Узбекистон зиндонӣ шудаанд. Яке аз онҳо Муҳаммадшокир Оқилов ба таври мармуз дар маҳбас фавтидааст. Ба думболи ҳаводиси Андиҷон ҳукумати Узбакистон аз ҳамсоякишвари Қиизистон талаб кард, ки фирориҳои Акрамияро таслим кунад. Аммо Бишкек ҳеҷ гоҳ онҳоро истрдод накард.
Ин ҳам то ҷое аз баракати даъватҳои фаъолони ҳуқуқи башар, ки мегуфтанд, истиродод гурезаҳоро дар Узбакистон ба шиканҷаву марг рӯ ба рӯ мекунад.