Хатлон: вагонҳои деринтизор расид, аммо на ҳамааш

67 вагони ҳомили орду гандум ва беш аз 100 вагон тахтаву равған, ки то ин замон дар хоки Узбакистон банд буданд, ниҳоят ба истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа расиданд.
Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, пас аз 16-уми марти соли ҷорӣ ҷониби Узбакистон бидуни эълони қаблӣ қаторҳои борбари Тоҷикистонро дар қаламрави худаш манъ карда, ҳеҷ вагони ҳомили молу маҳсулот ба истгоҳҳои роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон ворид намешуд.

800 вагони ҳанӯз дар банди Хатлон

Ба гуфтаи ҷаноби Ёдгорӣ, бо ин ҳам беш аз 800 вагони пурбори мутааллиқ ба ширкатҳои хусусию давлатӣ ва соҳибкорони хатлонӣ феълан дар қаламрави Узбакистон қарор дорад. То ин дам аз ҷумла қариб 200 вагон равғанҳои молиданӣ, 210 вагон сӯзишворӣ, беш аз 40 вагон семент ва фанноварии лозим барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», дар муҳосираи ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» қарор доранд.

Саидҷон Ёдгорӣ меафзояд, умедвор аст, ки ҷониби Узбакистон вагонҳои боқимондаро низ бидуни мушкил ва эҷоди маҳдудият аз банди худ раҳо мекунад, чун умури сохтмонӣ дар чанд иншооти муҳимми кишвар, аз он миён нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», вобастаи маҳсулоти воридотии ин вагонҳост.

«Мо 172 вагонро, ки то рӯзи 11-уми май ба Хатлон омадааст, зуд холӣ кардем, то бозпас фиристем, ки вагонҳои дигари мо, ки ҳоло дар хоки Узбакистон ҳастанд, бемушкил ба истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон баргардонида шаванд. Ҳарчанд ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳаҷми хисороти бардошта аз боздошти вагонҳояш дар Узбакистонро, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳудуди 10 миллион доллар арзёбӣ кардааст, аммо ин рақам метавонад бештар бошад, зеро соҳибкорон, соҳибони бор ҳам зарарҳои калон бардоштаанд. Онҳо аз бонкҳо маблағи қарзӣ гирифтаанд, қарзашон бештар шудааст. Ҳамчунин Узбакистон, тибқи қонунҳои байналмилалӣ бояд барои ҳар рӯзи манъи вагонҳои мо ҷарима супорад…»

Қӯрғонтеппа, вуруди вагонҳое, дар банд буданд.
Манъи қаторҳои ҳомили молу маҳсулоти ширкатҳо ва соҳибкорони хатлонӣ дар хоки Ӯзбекистон ба иқтисоди вилояти Хатлон таъсири манфӣ расонидааст.

Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд, мегӯяд, «боздошти қатораҳо ё худ вагонҳои ҳомили маҳсулотҳои хом ва кишоварзӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба вазъи иқтисодии шаҳри Сарбанд зиёни қобили мулоҳиза расонидааст. Сарбанд, ки шаҳри азими саноатӣ ва тавлидӣ дар вилояти Хатлон шинохта шудааст, таъсири манъи вагонҳоро бештар эҳсос мекунад. Ба унвони мисол, умури сохтмонӣ дар НБО-и «Сангтӯда-2», ки дар ҳудуди Сарбанд қомат меафрозад, бо норасоии шадиди семент ва маводи сӯхт мувоҷеҳ гардида, дар ин баробар кишти пумбаро низ дар Сарбанд ба таъхир гузоштаанд, ки низ таъсири манъи вагонҳо мебошад».

Ба иддаои ҷаноби Раҷабов, дар сурати пурра озод нашудани вагонҳои пурбори Тоҷикистон аз банди кишвари ҳамсоя, 16 корхонаи саноатии шаҳри Сарбанд бо эҳтимоли бекорхобӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

"Имкон дорад нархи орд боло равад"

Бо ин вуҷуд ки беш аз 170 вагони ҳомили орду гандум ва равған ба истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон расидааст, соҳибмулкони бори ин вагонҳо мегӯянд, ҳамоно гирифтори мушкили дарёфти маҳсулоти воридотии худ ҳастанд.

Ваҳҳоб Соҳибов, соҳибкоре аз Қӯрғонтеппа мегӯяд, чанд вагон орде, ки мансуб ба ӯст, ба истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа омадааст, аммо: «Боз ҳам мушкилти сунъӣ ҳаст, ки Узбакистон эҷод мекунад. Чанд соат пеш ба манн занг заданд, гуфтанд, ки борамонро Узбакистон намегузорад, барои ҳамин орди чанд вагонеро, ки аз Қазоқистон меовардем, холӣ кардем дар он кишвар, то ки ҳаҷми зарарамон бештар нашавад. Агар ҳоламон ҳамин тавр давом кунад, нархи орд дар бозор мисли соли гузашта боло меравад, зеро захираҳои борамон тамом шудааст…»

Як соҳибкори дигар, ки нахост номаш бурдашавад, гуфт: «Ман ба маблағи зиёда 30 ҳазор доллар дар Ӯзбекистон молу маҳсулоти
Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
сохтмонӣ дорам. Борҳоям як моҳ боз дар қаламрави Ӯзбекистон манъ шудаанд, ки ин ба рушди тиҷоратам таъсири манфии худро расонида истодааст. Агар дар рӯзҳои наздик борҳои мо озод нашаванд, маблағҳои гирифтаамон аз бонкҳо месӯзад. Боз дар ин баробар, мо харидорони доимии худро аз даст медиҳем, ки дар оянда бозори тиҷорати мо харидорони худро гум мекунад».

Ин ҳама дар ҳолест, ки болоравии қимати маводи озуқа дар бозорҳои Хатлон аз ҳоло ба мушоҳада расидааст. Фурӯшандаҳо дар шарҳи сабаби болоравии нарху наво ба боздошти вагонҳои ҳомили маводи озуқа дар хоки Узбакистон ишора мекунанд.

Воридоти вагонҳои борбари Тоҷикистон тавассути қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузонги Узбакистон аз 8-уми май аз сар гирифта шуда, аммо хадамоти боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоно то охир мутмаин нест, ки вагонҳои ҳомили маҳсулоти ғайриғизоӣ ҳам дар ояндаи наздик ба Хатлон хоҳанд расид.