Вокунишҳо ба бархӯрди мақомот ба офати Кӯлоб

Мақомот, коршиносон ва мардуми маҳал дар сӯҳбат бо Озодӣ назари худро дар робита ба бархӯрди мақомоти зирабти Тоҷикистон ба обхезии Кӯлоб ва офатҳои дигари табиӣ баён доштанд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вокуниш ба сели Кӯлоб дар сӯҳбате бо Озодӣ гуфт, ҳолатҳои фасод дар лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷой доштанд.

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар гуфт, дар соли 2009 дар фаъолияти масъулони соҳилмустаҳкамкунии Панҷ, Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб ба миқдори 6 миллион сомонӣ маблағҳои дуздидашуда ошкор шудааст.

Фаттоҳ Саидов гуфт, ин маблағҳо, ки аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва буҷаи ҳукумат тахсис ёфта буданд, бо роҳи изофанависӣ дуздида шудаанд.

Боронгариҳои шадиди шаби панҷшанбе ба ҷумъаи 7-уми май Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари вилояти Хатлонро зери об ва ҳадди ақал бист кушта бар ҷой гузошт.



ТАФСИЛОТИ СЕЛИ ДАҲШАТОВАР ДАР ИН ҶОСТ

Журналисти маҳаллӣ Аслиддин Достиев мегӯяд, "мардум болои бомҳояшон баромада ва мунтазири ёриянд, аммо ҳеҷ чархболе сарфи назар аз дархости раиси вилоят Ғайбулло Афзал ва вакили мардумӣ аз ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ ба ёрии мардум наомадааст."




Мунира Назариева, сухангӯи Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон, мегӯяд, бино бар ҳисобҳои аввалия, ҳаҷми зарари расида беш аз 100 миллион долларро ташкил додааст. Хонум Назариева мегӯяд, барои ёрӣ ба мардум дар баробари ҳайати Кумитаи изтирорӣ, ҳамчунин қисмҳои низомии мустақар дар минтақа низ сафарбар шудаанд.

«Гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои изтирорй дар ҷои ҳодиса ҳастанд ва барои ба ҷои бехавф бурдани мардум талош карда истодаанд. Инчунин рӯйхати афроди гумшуда тартиб дода шудааст»



Аҳмади Иброҳим, журналист, мегӯяд, пас аз чандин соатҳои ҷустуҷу духтарчаи худро бо азобе дар боми як манзиле пайдо кардааст.

«Кормандони ҳолатҳои изтирорӣ қудрат надоранд, мардум худ аз паи наҷоташон ҳастанд, баъзе муассисаҳои маҳаллӣ ва мардум алоҳида нон бурда ба осебдидаҳо медиҳанд».



Раиси созмони "Миссияи Шарқ" дар Тоҷикисон Мерӣ Порвер:

«Медонед, бояд вазъ ва ҳолати воқеиро ба назар гирифт. Ҳастанд сабабу иллатҳое, ки агар ман ҳам бошам ва шумо ҳам бошед, дер мекунед. Ҳоло гуруҳи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар ҷои ҳодиса ҳаст ва кӯмак мерасонад. Ман хабар дорам, ки кормандони ҳолатҳои изтирорӣ дар ҷои ҳодиса ҳастанд.»

Хонум Порвер гуфт, созмонаш омодагӣ дорад, ки барои мардуми осебдидаи Кӯлоб оби ошомиданӣ ва дигар маводи мавриди ниёз расонад.

Холназар Муҳаббатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи зистмуҳитӣ:
"Дар кишварҳои дигар мебинем, ки кормандони наҷотбахш хеле муҷаҳҳаз ва омода зуд ба ҷои ҳодиса мерасанд. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мутахассисҳои варзида ба мисли наҷотбахшони Русия ва дигар кишварҳоро надоранд. Ва аксар вақт мебинем, ки дар ҳаводиси офатхез онҳо ду рӯз, ҳатто ҳафтаҳо қафо мемонанд.»