Амонуллоҳи Ашӯр, "IRS" ва роҳи пулакӣ

Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси сиёсати зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон

Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси сиёсати зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳафта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фаъолияти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS), масъули ҷамъваории пули роҳи Душанбе- Чаноқро аз 1 май ба ин сӯ ғайриқонунӣ номид ва гуфт, таъруфаҳои ин нахустин шоҳроҳи пулакии Тоҷикистон танҳо барои моҳи апрел ҳамоҳанг шуда буд. Амонуллоҳ Ашӯр ба ин тартиб, нахустин узви чунин баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба баҳси расонаишудаи роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ вокуниш кард.
Аммо ин изҳороти раҳбари Ожонсии зиддиинҳисорӣ ибтикори худи оқои Ашӯр буд ваё ҳукумат акнун мехоҳад ба эътирозҳои бархоста ба пулакӣ шудани танҳо шоҳроҳи миёни шимол ва ҷануби Тоҷикистон аз тариқи ин идора расидагӣ кунад?

Изҳороти Амонуллоҳи Ашӯр

Амонуллоҳи Ашӯр дар як изҳороти шадидуллаҳн фаъолияти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”-ро “сӯъиистифода”, “нақзи қоидаи нархгузорӣ” ва “хилофи созишномаи консессионии бо ҳукумати Тоҷикистон имзокардаи ин ширкат ” унвон кард.

Оқои Ашӯр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нархномаи хидматрасониҳои ин ширкат дар ду дарвозаи то ҳол бозшудаи ҷодаи Душанбе-Чаноқ танҳо то поёни моҳи апрел эътибор дошт ва бояд ба дунбол бо Ожонси сиёсати зиддиинҳисорӣ аз нав ҳамоҳанг карда мешуд: “Муттаассифона, ин масъалаҳо нест. Вақте мо мепурсем, ки биёред маълумотҳои расмиро барои таъруфаҳоятонро муайян кардан, мегӯянд, ки ин сирри тиҷоратӣ аст. Хайр, сирри тиҷоратӣ бошад, мо инро чӣ хел муайян карда метавонем? Истеъмолкунанда бояд донад, истифодабарандаи роҳ бояд донад, ки барои чӣ, барои кадом маблағҳо пул пардохт мекунад?”

Ва посухи IRS

Аммо ширкати IRS дар посухи низ шадидуллаҳне, ки дар сомонаи интернетиаш таҳти унвони “Ширкати хориҷии IRS беш аз Амонуллоҳи Ашӯр дар фикри мардум аст” оқои Ашӯрро ба ифшои ғайримуҷози ҷузъиёти созишномаи консессионии байни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон, эҷоди шиддати иҷтимоӣ ва сарпечӣ аз иҷрои ин қарордод айбдор кард.

Аслиддин Шамиров, сухангӯи ин ширкат дар гуфтугӯи ихтисосие ба Радиои Озодӣ гуфт, таъруфаҳои мавҷударо IRS ҳанӯз рӯзи 2 декабр пешниҳод карда, Ожонси зиддиинҳисорӣ ба дунбол онро пазируфтааст ва ин ибтикори худи ширкат буд, ки барои моҳи апрел барои сокинони дараи Варзоб нархҳои арзонтареро пешниҳод кард: “Аз ҷумла қарор карда шуд, ки ба андозаи 10-дирамӣ барои ҳамаи 4 категорияи мошинҳо тахфиф шавад. Лекин ин фақат барои як моҳ – аз 1 апрел то 1 май – буд. Ва баъди ин бар асоси суратҷаласаи мулоқоти намояндагони ширкат бо Ожонси зиддиинҳисорӣ, ин нархҳо бояд аз сари нав ба ҳолати аввала бармегаштанд, яъне ба таъруфаҳои рӯзи 2 декабр мувофиқашуда. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ширкат дар арафаи анҷомёбии ин мӯҳлат бо дарназардошти манфиати сокинони шафати роҳ, бахусус сокинони дараи Варзоб, пешниҳоди наве ироа кард, ки барои категорияи аввал 10 дирам ваё ба андозаи 50 фоиз тахфиф пешниҳод мешуд, вале ин бояд аз рӯи низоми кортӣ бояд роҳандозӣ мешуд.”

Пас чаро роҳҳои Эрон арзонтар аст?

Як даъвои дигари Амонуллоҳи Ашӯр марбут ба ҳаҷми таъруфаҳост. Ширкати IRS вобаста ба навъи мошин барои ҳар километри қисмати пулакишудаи роҳи Варзоб аз 30 дирам то 1 сомониву 88 дирам пул меситонад. Вале ба гуфтаи оқои Ашӯр, ин қимат дар роҳҳои пулакии Эрон барои 50 километр муодили ҳамагӣ 88 дирам ва дар Русия танҳо 2 дирам аст.

Ва он ҳам дар ҳоле ки дар он ду кишвар, ба фарқ аз масири Душанбе-Чаноқ, дар паҳлуи ҳар ҷодаи пулакӣ роҳҳои алтернативӣ вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон дар арафаи пулкӣ кардани ин шоҳроҳ баръакс вуҷуди роҳи алтернативӣ ҳамчун шарти ҳатмии пулакӣ кардани ҷодаҳоро аз қонуни роҳ бардоштанд.

Ба эътиқоди Амонуллоҳи Ашӯр, ширкати IRS, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон имтиёзоти фаровоне ба даст оварда, аз ҷумла аз пардохтани 17 навъи молиёт озод шудааст, бояд барои корбарони роҳи пулакӣ, ба хусус барои аҳолии шафати ин роҳ имтиёзоти ҷиддитареро қоил шавад: “Мо кӯшиш кардем ки бо ширкат таъруфаҳои иҷтимоиро ба мувофиқа расонем. Ҳол онки таъруфаҳои иҷтимоӣ дар шартнома омадааст. Аз ҳамаи андоз озод бошад, тамоми имтиёзҳои ҳукуматӣ дода шуда бошад, чаро мо таъруфаҳои имтиёзнок ҷорӣ накунем? Ин хел дар ягон давлати рӯи дунё нест. Дар тамоми давлатҳо роҳҳои пулакӣ дар ихтиёри ширкатҳои давлатӣ дода шудаанд, на шахсӣ.”

Муқобили маҷро


Амонуллоҳи Ашӯр аз он намояндагони давлати Тоҷикистон аст, ки бо як навъ саркашӣ ва баъзан муқобили маҷрои умумӣ роҳ рафтанаш маъруфият касб кардааст. Ӯ дар баҳори пурталотуми соли 1992 раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва аз ангуштшумор раҳбарони ин минтақа буд, ки мухолифи ба гирдиҳамоии майдони Озодӣ рафтани мардум буд.

Шояд ба ҳамин далел, дар пайи ба қудрат расидани Фронти халқӣ чандин сол дар ҳошия қарор гирифт ва танҳо дар авоили солҳои 2000-ум ба ҳукумат омад. Амонуллоҳи Ашӯр чанд сол муовинии раиси Ожонси зиддиинҳисориро бар ӯҳда дошт ва дар поёни соли 2006 муовини аввали вазири иқтисод ва тиҷорат таъйин шуд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ ӯ дигарбора ба Ожонси зиддиинҳисорӣ баргашт, вале ин бор ба ҳайси раиси ин ниҳод.

Исми Амонуллоҳи Ашӯр дар ин муддат чандин бор ба маҳзи мухолифаташ ба боло бурдани нархҳо аз сӯи ширкатҳои инҳисорӣ, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар забонҳо омад, вале як мавриди ангуштнамои муқобили маҷро рафтани ӯ марбут ба баҳси дарвозаи ягонаи мухобиротӣ дар соли 2007 буд, ки вазорати вақти мухобирот мехост бо эҷоди чунин дарвоза фаъолияти ширкатҳои мобилиро зери назорати худ биорад. Баҳси Амонуллоҳи Ашӯр бо муовини вазири мухобирот Бег Зуҳуров дар ин мавзӯъ чунон тунд шуд, ки оқои Зуҳуровро бо иттиҳоми таҳқири шахси худ ба додгоҳ кашонид ва аз ӯ 70 000 сомонӣ, он замон муодили қариб 20 000 доллар товон ҳам рӯёнд.

Ҷасорат ё эътирози ҳамоҳангшуда?

Дар маҳофил бархе алайҳи ширкати IRS бархостани Амонуллоҳи Ашӯрро низ як намунаи дигари ҷасорати шахсии ӯ ба қалам медиҳанд. Аммо Саймуддин Дӯстов, таҳлилгар ва мудири маркази таҳқиқотии Индем мегӯяд, ин бештар ба як вокуниши мувофиқашудаи марказҳои гуногуни тасмимгири ҳукумат мемонад, ки акнун мехоҳанд ба эътирози шадид ва расонаишудаи мардум ба пулакӣ шудани роҳи Варзоб аз тариқи Ожонси зиддиинҳисорӣ расидагӣ кунанд: “Ҳарчанд ки тамоми ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, вале зимни муқаррар кардани таъруфаҳои ин роҳ, ман боварӣ дорам, ки раёсати фаъолияти зиддиинҳисорӣ иҷозати худро пеш аз шурӯъи кор аз сӯи ин ширкат дода буд. Вале баъди онки мардум вокуниши шадид нишон дод ва ин ҳама ба саҳифҳои матбуоти мустақил рехт, ҳукумат мехоҳад масъаларо аз ҳамин тариқ ҳал кунад. Яъне Ожонси зиддиинҳисорӣ баҳсро оғоз мекунад, ширкати пулчин ба дунбол таъруфаҳои наверо пешниҳод мекунад ва қазия дар муддати як ё ду моҳ ҳалл мешавад. Ба назари ман, ин ба ҷасорати раҳбари ин идора, ки баъзан-баъзан хеле мустақил ҳам метобанд, ягон алоқамандӣ надорад.”

Бунёди нақби Истиқлол дар роҳи Душанбе-Чаноқ бар пояи тақрибан 40 миллион доллар кӯмаки Эрон анҷом шуда, эҳдоси нақби Шаҳристон ва тармими боқӣ тӯли ин танҳо шоҳроҳи миёни манотиқи шимол ва марказу ҷануби Тоҷикистон асосан бар пояи 281 миллион доллар қарзи боимтиёзи Чин иҷро мешавад.

Парлумони Тоҷикистон тарҳи пулакӣ кардани ин ҷодаро ҳанӯз моҳи июни соли гузашта ва дуруст дар арафаи Рӯзи ваҳдат тасвиб кард. 2 дарвозаи аввал аз 7 дарвозае, ки ширкати IRS бояд дар тӯли ин ҷодаи қариб 500-километрӣ бигузорад, рӯзи 31 март ифтитоҳ ёфт ва қарор аст, рӯзҳои 14 ва 15 май боз ду дарвозаи дигар дар ин ҷода боз шаванд.

Фарқи роҳкиро то Восеъ ва то Айнӣ


Ифтитоҳи ду дарвозаи аввал бо номҳои болобаланди “Чорбоғ Плаза” ва Ҳушёрӣ Плаза” алакай вокуниши шадидан манфии сокинони ҳошияи роҳ ва ҳам он мардумеро, ки ба вилояти Суғд равуо мекунанд, ба бор овард. Шарофуддин, як сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд: “Албатта, таъсираш эҳсос мешавад. Пештар роҳкиро аз даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ то Душанбе 70-80 сомонӣ буд, акнун ба 120 сомонӣ расидааст. Ман аз Душанбе то ноҳияи Восеъ, ки тӯлаш 220 километр аст, ҳамагӣ 20 сомонӣ роҳкиро додам. Вале то деҳаи худам, ки 160 километр роҳ дорад, аз он сӯ дар ивази 110 сомонӣ омадам. Бубинед, чӣ қадар фарқ мекунад. Мардум, албатта, норозиянд.”

Анвар, як ронандаи мошини боркаши КАМАЗ низ мегӯяд, фақат то Ҳушёрӣ, яъне барои ҳамагӣ 51 километр роҳи пулакишуда онҳо алакай 70 сомонӣ пардохт мекунанд, вале агар роҳ то Хуҷанду Чаноқ ҳам пулакӣ шавад, роҳкирои мошинҳои боркаш ба осмон хоҳад расид: “Мо маҷбурем ин пулро болои роҳкиро замм кунем. Соҳиби бор ба навбаи худ ин маблағро болои нархи молаш мегузорад ва дар ниҳоят кӣ зарар мебинад? Боз ҳамон мардуми оддӣ. Ҳозир ки савдо суст аст, мо аз мизоҷон то Хуҷанд аз 2300 то 2500 сомонӣ мегирем. Агар роҳ то Чаноқ пулакӣ шавад, мо 1000 сомонӣ аз ин тараф ва 1000 сомонии дигар аз он тараф пули роҳ медиҳем. Яъне роҳкиро аз 5000 сомонӣ хоҳад гузашт.”

Дар пайи пулакӣ шудани қисмати аввали шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ сокинони Ҳушёрӣ мулзам шудаанд, ҳар дафъа ҳатто барои истифодаи ҳамагӣ 200 метри ин ҷода, ки аз дохили ин русто мегузарад, пул пардохт кунанд. Мардуми Ҳушёрӣ дар моҳи апрел ба нишони эътироз дар ҳошияи роҳ даст ба тазоҳурот заданд ва беш аз 10 000 тан аз аҳолии ноҳияи Варзоб бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ ба раисиҷумҳур хостори ба як ширкати давлатӣ супурдани масъулияти ҷамъоварии пули роҳ шуданд, то ба як ширкати ношинохтае, ки гуфта мешавад, дар як минтақаи оффшории Бритониё сабтином шудааст.

“Сирри тиҷоратӣ”-и IRS

Як мавзӯъи дигари вирди забони маҳофил дар Тоҷикистон шеваи интихоби маҳз IRS дар ин тарҳи, ба истилоҳ, “равғанӣ”-ст. Ва он ҳам бо ироаи имтиёзоти фаровоне, чун маофият аз пардохти 17 навъи молиёт ва бидуни ҳеҷ саҳме дар тармими ҷодаи Душанбе-Чаноқ ва кадом масъулияте дар амри бозпардохти беш аз 300 миллион долларе, ки дар тармими ин шоҳроҳ ва сохтану ду нақби Анзобу Шаҳристон харҷ шудааст.

Ибтидо мегуфтанд, ки ин ширкат ҳаққи пулчинӣ дар ин ҷодаро дар як тендер ба даст овардааст. Аммо раҳбарони IRS ахиран иқрор карданд, ки ин ширкатро худи ҳукумат барои ин кор баргузидааст. Вале маълум нест, ки бар асоси кадом меъёр?

Дар оғоз ин ширкати дар Бритониё сабтиномшуда ҳамчун як ширкати пуртаҷрубаи байналмилалӣ таъриф мешуд, вале масъулинаш аз ироаи ҳар навъ маълумот дар бораи собиқаи кори он бо ин баҳона ки “ин сирри тиҷоратист”, сар мепечанд.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик аммо мегӯяд: “Пушти ин вожаҳои “сирри давлатӣ” ва “сирри тиҷоратӣ” манфиатҳои алоҳидаи намояндагони гурӯҳҳои пуливу молии ба ҳукумати Тоҷикистон наздик аз ҷумлаи хешу табори ин ё он мансабдори масъули соҳа истодааст. Агар ин ширкат як ширкати мустақили ҷаҳонӣ мешуд, кулли маълумот дар борааш, ҳатто пиромуни муассисону саҳомдорону дигару дигараш, болои сари матбуот мерехт. Вале чунин нашуд. Пас метавон чунин хулоса баровард, ки ин ширкат ба кадоме аз дастдарозони гирду атрофи ҳукумат ва ҳатто худи и ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.”

Ширкати хориҷии бидуни хориҷиҳо

“Гугл”, бузургтарин сомонаи ҷустуҷӯиҳои интернетӣ низ номи ин ширкатро танҳо дар робита ба ҳамин як тарҳи Душанбе-Чаноқ пайдо мекунад. Сомонаи интернетии худи IRS ҳам, ки тоза фаъол шудааст, ба ҷуз аз вуҷуди дафтарҳояш дар Шарҷаву Душанбе ва танҳо барномаи пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз кадом собиқаи дигари фаъолиятҳои ширкати мазкур ном намебарад. Дар феҳрасти асомии кормандони IRS, ки расман ширкати гӯё бритониёист, низ исми кадом хориҷие нест.

Амонуллоҳи Ашӯр дар сӯҳбаташ бо Озодӣ иқрор кард, ки ҳатто Ожонси зиддиинҳисорӣ дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ин ширкат маълумоте дар даст надорад.

IRS моли кист?


Ин дар ҳолест, ки дар маҳофили Тоҷикистон пиромуни шахси моликони IRS ва шеваи пирӯзиаш дар тарҳи пурдаромад ва табъан пуррақобати ситонидани пули шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ алакай шоеъоти мухталифе паҳн шудаанд. Ин шоеъот афроди зиёд ва мухталиферо дар шумули моликони эҳтимолии ин ширкат ном гирифта, ангушти ишора ба сӯи онҳое низ мекунад, ки дар сутуҳи болоии ҳукумат нишастаанд.

Аммо Аслиддин Шамиров, сухангӯи IRS дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба кадоме аз мансабдорон ваё афроди наздик ба давлатдорони Тоҷикистон тааллуқ доштани ширкатро радд кард: “Вақте ки ин суол дар нишасти матбуотӣ ба раҳбарият дода шуд, раҳбарияти ширкат посух дод, ки ин сирри тиҷоратист. Барои ҳамин, посух додан ба ин суол аз доираи салоҳияту ваколати ман низ берун аст. – Аммо ақаллан як чизро гуфта метавонед? Овозаҳои зиёде ҳастанд, ки гӯё як нафари наздик ба раҳбари давлат молики ин ширкат бошад. Ин дуруст аст? – Ман метавонам ин чизро инкор кунам. Дуруст нест. Воқеъият надорад, нодуруст аст ин далел.”

Ормони миллӣ куҷо рафт?

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз се ҳадафи стротегии давлати феълӣ ва ҳатто аз ормонҳои миллии Тоҷикистон ёд мешавад. Як ҳадафи аслӣ ва стротегии бунёди нақбҳои Анзобу Шаҳристон ва тармими роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ низ мусоидат ба равуои бештари мардум ва тавсиъаи равобиту ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни манотиқи шимол ва марказу ҷануби кишвар гуфта мешуд.

Ва ҳоло ҳатто агар аз асароти манфии иқтисодии пулакӣ шудани ин танҳо шоҳроҳи миёни марказу ҷануб ва шимоли кишвар ҳам бигзарем, Саймуддин Дӯстов аз маркази таҳқиқотии Индем мӯътақид аст, ки ин амал бар зиёни ҳама талошҳои ваҳдатофаринӣ дар Тоҷикистон тамом хоҳад шуд: “Албатта, чунин хоҳад шуд ва мардум алакай инро эҳсос ҳам кардаву дар борааш кушоду равшан сӯҳбат мекунанд. Ва ҳатто масъулини ҳукуматро гунаҳкор ҳам мекунанд, ки дар ин масъала манфиати қисме аз мардуми шимолро нодида мегирад. Ва дар ниҳоят ин бар хилофи ҳама ҷараёнҳои ваҳдатофаринӣ дар кишвар аст.”

Тарҳе озмоишӣ

Ба назари маҳофил, тарҳи Душанбе-Чаноқ як тарҳи озмоишӣ буд, ки агар ҷомиа бедиранг фурӯяш мебурд, роҳандозии тарҳҳое ба он монанд дар манотиқи дигари Тоҷикистон ва боз ҳам дар озмунҳои дарбаста ваё ҳатто бидуни ҳеҷ озмун дастболо шудани ширкатҳои дигари барои мансабдорони баландпоя “худӣ”-ро ҳатман дар пай меовард.

Вале шояд рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ва эътирози мардуму матбуот ва ҳам шояд мавзеъгириҳои афроди мансабдор, вале росткоре, чун Амонуллоҳи Ашӯр, боис шуда, ки доираҳои, ба истилоҳ, “манфиатдор” иштиҳои худро барои як муддат лаҷом зада, каме ақиб бинишинанд ва мунтазири фурсате муносибтар бинишинанд, ки кай пеш хоҳад омад.