Бозори "Баракат" мекӯчад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, муовини худ Абдулҳомид Шералиевро муваззаф кардааст, то дар тӯли ду ҳафта соҳибкорони бозори «Баракат»-ро дар бозорҳои дигар бо дӯкон ва нуқтаҳои савдо таъмин бикунад.
Бино бар тарҳи Генплани Душанбе биноҳои бозори “Баракат” ва боздоштгоҳу маҳбаси муваққатии воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ тахриб хоҳанд шуд.

Театр ба ҷои бозор

Дар ин бора қаблан раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дода буд. Бар пояи нақшаи генералии шаҳр, дар ҷойи бозори “Баракат” театр ва осорхона бунёд хоҳад ёфт.

Барои бозори нави “Баракат” дар кӯчаи Сурхоб 3,7 гектар замин ҷудо шудааст. Тасмим гирифта шудааст, ки боздоштгоҳ ва маҳбаси воқеъ дар кӯчаи Парвин ба қаламрави ноҳияи Ваҳдат кӯчонида шавад.

Шаҳрдори Душанбе масъулинро ҳамчунин муваззаф кардааст, ки сокинони хонаи рақами 67 дар хиёбони Рӯдакиро, ки ҳамчунин тахриб хоҳад шуд, бо манзилҳои нав таъмин кунанд.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқудони тоҷик, ин иқдоми шаҳрдориро муғоир ба қонун ва иҷрои барномаи нақшаи генералии шаҳр медонад. Вай мегӯяд, "мувофиқи нақшаи генералӣ, пеш аз тахриби бозор давлат бояд аввал бозори нав бунёд кунаду соҳибкоронро ба ҷои кор таъмин созад".

Норозигии соҳибкорони "Баракат"


Кормандони бозори "Баракат" низ аз ин иқдом ибрози норозигӣ мекунанд. Ҳалим, ки дар ин бозор ба фурӯши сабзавот машғул аст, мегӯяд, "мо ҳар кадом то ду-се ҳазор сомонӣ саҳмия харидем. Ба мо ваъда доданд, ки ҷои кор боқӣ мемонад. Ма ба давлат кумак кардем, вале давлат моро ба лагад дар миён зад".

Аммо ба эътиқоди Шавкат Шарифов, раиси бозори "Баракат", дар мавриди ба ҷои кор таъмин кардани соҳибкорони "Баракат" мушкиле вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, "ҷои кор фаровон аст. Ман бо раисони бозорҳои Қарияи Боло ва Ёқут сӯҳбат доштам, онҳо метавонанд чанд нафарро бо ҷои кор таъмин кунанд. Гузашта аз ин дар шаҳр марказҳои савдо бунёд шудааст, холиянд".

Тахриби бозорҳои Душанбе

Вале ба гуфтаи кормандони бозори "Баракат", иҷораи марказҳои савдо гарон аст ва на ҳар кас тавони онро дорад. Соҳибкорони "Баракат" мегӯянд, бовар надоранд, ки шаҳрдорӣ ва ё раиси бозор онҳоро ба ҷои кори нав таъмин хоҳад кард.

Тахрибу кӯчонидани бозор дар шаҳри Душанбе ҳодисаи нав нест. Ахиран бар асоси нақшаи умумии пойтахт, бозори "Зарнисор" бардошта шуд, ки дар пайи он даҳҳо нафар аз ҷои кор маҳрум шуд. Қабл аз ин бозори 82-юм тахриб ва пештар бозори "Саховат" навсозӣ шуда буд. Ва то ба ҳол моҷарои соҳибкорони ин бозорҳо ва бозордорон ҳал нашудааст.