Гулрухсор: Ман ҳаргиз зидди сохтмони Роғун набудам

Шоираи саршиноси тоҷик Гулрухсор зуҳри рӯзи 30-юми апрел меҳмони дафтари Радиои Озодӣ шуд ва ба суолҳои хонандагони сомонаи радио дар сӯҳбати онлайн посух дод.
Ба ин сӯҳбат ҳудуди 150 суоли беш аз 70 хонандаи торнамои Озодӣ аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ирсол шуд.

Бештари суолҳо ба сарнавишти нерӯгоҳи Роғун ва мавқеи Гулрухсор ба ин тарҳи азим рабт дошт. Иддае аз мардуми дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон Гулрухсорро ҳамчун яке аз мухолифони тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар даврони Шӯравӣ меноманд.

Вале зимни сӯҳбати мустақим ва чунин назарро беасос хонд ва иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ зидди бунёди ин нерӯгоҳ набудааст. Вай гуфт, дар замони оғози ин сохтмон мо танҳо масъалаи омӯзиши комили шароити кӯҳистон барои сохтани чунин сарбанди азим ва ба назар гирифтани манфиати сокинони атрофи обанборро пеш гузоштем.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гулрухсор дар бораи Роғун




Хонандагони торнамо ҳамчунин дар мавриди ҳаёт ва эҷодиёти шоира, вазъи занон дар кишвар, ҳаводиси солҳои 90-ум, сарнавишти кишвар ва мардуми Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳо ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Гулрухсор дар посухи ин суолҳо роҷеъ ба нақшу ҷойгоҳи занон гуфт: Дар бадтарин ва сахттарин рӯзҳое, ки даврони ҷанги бародаркушӣ, ки ба сари миллати мо омад, аввал ба сари занону духтарон рехт. Шавҳаронашонро куштанд, бародаронашонро куштанд, кӯдаконашонро куштанд, хонаҳояшонро хароб карданд. Ва ин зан тавонист, ки аз ҳамин як даҳшат сар боло кунад, боз хона обод кунад, ошиқ шавад, фарзанд ба дунё биёрад. Аммо ҳамаи ин дар маҷмӯъ як сухани шоирона аст.

Агар ба сари зиндагӣ баргардем, вазъе, ки зани тоҷик дорад, хеле вахим ва ташвишовар аст. Намешавад, ки зан ҳам кор кунад, ҳам бача тарбия кунад, ҳам хонадор бошад, ҳам зани хуб бошад. Ин борҳо ҳамааш дар гардани зани тоҷик аст. Ва он чи ки аз тарафи ҷомеа ва ҳукумат ҳамчун ваъда ба зан дода мешавад, кофӣ нест.

Имрӯз ҳам барномаи ҷиддие барои рушду нумуъ барои беҳсозии вазъи занон бояд рӯи кор биёяд ва ин барнома аз тамоми барномаҳои ҳукуматӣ ҷудо бошад ва дар он пеш аз ҳама бояд, ки ҷиҳати иқтисод, моддӣ ва фарҳангии занон ба назар гирифта шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гулрухсор дар бораи занҳо