Марги падар ва ё модар вақтҳои ахир дар Тоҷикистон барои хонадон мушкилеро аз пайи худ меорад – мушкили тақсими меросро.
Фарзандон ҳамрох бо як ҳавлии начандон пурарзиш як хурҷин баҳсу ҷанҷолро низ ба мерос мегиранд ва дар бисёре аз ҳолот ин ҷанҷолҳо то ба додгоҳ меравад.
Аз рӯи анъана, манзили падарро ба писари хурдияш мегузоранд, вале мушкилоти молӣ муносибати мардумро ба одату анъанаҳо тағйир додааст ва акнун писарони дигар ва духтарон низ бо истифода аз ҳаққи қонунии худ даъвои мерос мекунанд.
Бо назардошти афзоиши баҳсҳои меросбарон ҳуқуқдонҳо ба мардум тавсия медиҳанд, ки васиятномаи қонунӣ бинависанд. Киҳо моликияташонро ба кӣ васият мекунанд ва дар акси ҳол ҷанҷолҳои бархоста чӣ гуна ҳал мешаванд? Ба ин суолҳо барномаи «Як рӯз бо шумо» талош кард, то посух биҷӯяд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад