Маҷлиси поёнии парлумони Белгия бо иттифоқи оро тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки пӯшидани бурқаъ ва ниқоб, ду навъи либоси мусалмониро дар мавокини ҷамъиятӣ манъ мекунад. Созмони Афви байналмилалӣ тасвиби ин қонун дар Белгияро "як собиқаи хатарнок" унвон кардааст.
Ин қонун танҳо баъд аз тасвиб шуданаш дар маҷлиси болоии парлумони Белгия ба ҳукми иҷро хоҳад даромад, вале ин барои нахустин бор дар Аврупост, ки баҳси манъи ҳиҷоб ба сурати қонун медарояд. Вакилони маҷлиси поёнии парлумони Белгия аз тарҳи қонуни манъи пӯшидани ҳиҷоб бо иттифоқи оро пуштибонӣ карданд. Ҳамаи 136 вакили ҳозир дар иҷлоси дирӯзаи парлумони Белгия ба ин қонун раъйи мувофиқ доданд. Касе мухолиф раъй надод ва танҳо 2 вакил дар иҷлосия ҳузур надоштанд.
Ин қонун, ки баъди тасвибаш аз сӯи Сенат ба ҳукми иҷро хоҳад даромад, дар мавокини ҷамъиятӣ пӯшидани либосеро, ки монеъи ташхиси ҳуввияти он нафар шавад, манъ мекунад. Тибқи ин қонун, ҳамин тавр, пӯшидани ниқоби исломӣ, ки ба ҷуз аз чашмон боқии рӯи зани мусалмонро мепӯшонад, ва бурқаъ, ки тамоми рӯи занро пинҳон мекунад, манъ хоҳад шуд.
Ин нахустин қонун дар саросари Аврупост, ки пӯшидани рӯйро ҷиноят мешиносад ва барои нақзаш муҷозот таъйин мекунад. Нақзи талаботи ин қонун ҷарима ба маблағи аз 15 то 25 евро ва ҳатто то 7 рӯз ҳукми зиндонро дар пай хоҳад дошт. Қонуни мазкур ба мақомоти маҳаллӣ иҷозат медиҳад, ҳаҷми чунин ҷаримаро то ба ҳадди 250 евро боло бубаранд.
Даниэл Бакуэлайн, раҳбари ҳизби либерали МР ва аз муаллифони пешкори ин ибтикор гуфт, ин қонун ба маънои нақзи ҳуқуқ нест. Бабовари ӯ, “бурқаъ на намоиши диндорӣ, балки пеш аз ҳама ва беш аз ҳама намоиши сиёсист.” Ҳизби ӯ ҳиҷобро “як зиндони равон” барои занон хонда, манъи пӯшидани онро пеш аз ҳама ба далоили амниятӣ марбут мекунад.
Аммо Селма, як шаҳрванди Белгия, ки ба Ислом гароида, моҳе пеш ҷиҳати пӯшидани ниқоби исломӣ тасмим гирифтааст, ба ин ақида розӣ нест. Ӯ мегӯяд: “Ҳиҷоб аслан ҳамла ба ҳуввияти мо ваё ба шарафи мо ё ба чизи дигаре нест. Барои аксари кулли занони ниқобпӯше, ки ман медонам, ин имрӯз пеш аз ҳама интихоби худи онҳост. Ин занон онҳоеянд, ки мехоҳанд чунин либосро бипӯшанд. Ва агар мардум инро намефаҳманд, мо намедонем, ки инро чигуна барояшон бифаҳмонем.”
Даниэл Бакуэлайн теъдоди занони ҳиҷобпӯш дар Белгияро феълан ҳамагӣ чандсад нафар баршумурд, вале гуфт, шумори онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Вале мунтақидон ба далели ночиз будани шумораи чунин занон манъи пӯшидани ҳиҷоб тавассути қонунро зери суол мегузоранд.
Каролайн Сагессер аз бахши омӯзиши дину дунявият дар Донишгоҳи озоди Брюссел мегӯяд, ҷамъи сокинони мусалмони Белгия зери 3 дарсад аст ва аз ин миқдор низ як теъдоди ночизе ниқобу бурқаъ ба сар мекунанд. Ба ин далел, хонум Сагессер, қонуни навро ба камоне монанд мекунад, ки ба хотири шикори пашша ба даст гирифтаанд.
Изабелл Прейл, муовини раиси ҷомиаи мусалмонони Белгия мӯътақид аст, ки қонуни ҷадид эҳсоси хусумат ва ҳатто хушунатронисбат ба мусалмонҳо таҳрик хоҳад дод: “Бо иттихози чунин иқдомоти манъкунанда, нафақат дар мисоли танҳо ин як қонун, шумо дарҳоро ба рӯи пайомадҳои ғайричашмдоште дар ҷомиа боз мекунед. Дар ниҳоят, тарсу ҳарос аз мусалмонон ба шаклҳои мухталифи табъизу хусумат ва ҳатто хушунат нисбат ба онҳо табдил хоҳад шуд.”
Акнун сухани ниҳоӣ бо Сенати ин кишвари аврупоист, ки оё қонуни манъи пӯшидани бурқаъ ва ниқобро низ тасвиб хоҳад кард ё хайр. Бархе аъзои Сенат ин банди қонунро, ки бо рӯи қисман ваё пурра пӯшида дар маконҳои ҷамъиятӣ зоҳир шудани куллия мардумро манъ мекунад, зери суол мебаранд.
Қонуни мазкур, албатта, бархе тоифаҳо, аз ҷумла маъмурони пулис, сӯхторнишонҳо ва ронандагони мотосиклро, ки муваззафанд тоскӯлоҳ бипӯшанд, истисно мекунад. Ҳамин тавр пӯшидани ниқоб барои иштироккунандагони ҷашнвораҳое, чун Карнавал, ки ҳамаи ҳозирин бояд ниқоб бар рӯ ҳозир шаванд, иҷозат дода шудааст.
Вале созмони Афви байналмилалӣ тасвиби қонуни манъи пӯшидани ниқобу бурқаъ дар Белгияро “як собиқаи хатарнок” унвон кардааст, ки ба эътиқоди ин гурӯҳи мӯътабари ҳомии ҳуқуқи башар, аслҳое, чун озодии баён ва озодии мазҳабро зери по мекунад.
Тарҳи чунин қонун феълан дар Фаронсаву Ҳолланд низ дар марҳалаи баҳсу баррасӣ қарор дорад ва бо дастури раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, қарор аст, парлумони Фаронса алакай дар моҳи май ба муҳокимаи тарҳи қонуни манъи пӯшидани либоси исломӣ шурӯъ кунад.
Ин қонун, ки баъди тасвибаш аз сӯи Сенат ба ҳукми иҷро хоҳад даромад, дар мавокини ҷамъиятӣ пӯшидани либосеро, ки монеъи ташхиси ҳуввияти он нафар шавад, манъ мекунад. Тибқи ин қонун, ҳамин тавр, пӯшидани ниқоби исломӣ, ки ба ҷуз аз чашмон боқии рӯи зани мусалмонро мепӯшонад, ва бурқаъ, ки тамоми рӯи занро пинҳон мекунад, манъ хоҳад шуд.
Ин нахустин қонун дар саросари Аврупост, ки пӯшидани рӯйро ҷиноят мешиносад ва барои нақзаш муҷозот таъйин мекунад. Нақзи талаботи ин қонун ҷарима ба маблағи аз 15 то 25 евро ва ҳатто то 7 рӯз ҳукми зиндонро дар пай хоҳад дошт. Қонуни мазкур ба мақомоти маҳаллӣ иҷозат медиҳад, ҳаҷми чунин ҷаримаро то ба ҳадди 250 евро боло бубаранд.
Даниэл Бакуэлайн, раҳбари ҳизби либерали МР ва аз муаллифони пешкори ин ибтикор гуфт, ин қонун ба маънои нақзи ҳуқуқ нест. Ба
“Бурқаъ на намоиши диндорӣ, балки пеш аз ҳама ва беш аз ҳама намоиши сиёсист.”
Аммо Селма, як шаҳрванди Белгия, ки ба Ислом гароида, моҳе пеш ҷиҳати пӯшидани ниқоби исломӣ тасмим гирифтааст, ба ин ақида розӣ нест. Ӯ мегӯяд: “Ҳиҷоб аслан ҳамла ба ҳуввияти мо ваё ба шарафи мо ё ба чизи дигаре нест. Барои аксари кулли занони ниқобпӯше, ки ман медонам, ин имрӯз пеш аз ҳама интихоби худи онҳост. Ин занон онҳоеянд, ки мехоҳанд чунин либосро бипӯшанд. Ва агар мардум инро намефаҳманд, мо намедонем, ки инро чигуна барояшон бифаҳмонем.”
Даниэл Бакуэлайн теъдоди занони ҳиҷобпӯш дар Белгияро феълан ҳамагӣ чандсад нафар баршумурд, вале гуфт, шумори онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Вале мунтақидон ба далели ночиз будани шумораи чунин занон манъи пӯшидани ҳиҷоб тавассути қонунро зери суол мегузоранд.
Каролайн Сагессер аз бахши омӯзиши дину дунявият дар Донишгоҳи озоди Брюссел мегӯяд, ҷамъи сокинони мусалмони Белгия зери 3 дарсад аст ва аз ин миқдор низ як теъдоди ночизе ниқобу бурқаъ ба сар мекунанд. Ба ин далел, хонум Сагессер, қонуни навро ба камоне монанд мекунад, ки ба хотири шикори пашша ба даст гирифтаанд.
Изабелл Прейл, муовини раиси ҷомиаи мусалмонони Белгия мӯътақид аст, ки қонуни ҷадид эҳсоси хусумат ва ҳатто хушунатро
Дар ниҳоят, тарсу ҳарос аз мусалмонон ба шаклҳои мухталифи табъизу хусумат ва ҳатто хушунат нисбат ба онҳо табдил хоҳад шуд.