Дар пайи як амалиёти ниҳодҳои интизомии Қазоқистон таҳти унвони "Муҳоҷир" беш аз ду ҳазор муҳоҷири кории хориҷӣ, аз ҷумла 20 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.
Олег Ивашенко, сарвари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Қазоқистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт аз 21 то 25 апрел идома дошт ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз ва буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон буд.
Дар натиҷаи ин амалиёт, ба гуфтаи оқои Ивашенко беш аз 14 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои адами риояи қонуни муҳоҷират боздошт ва ҷарима карда шуданд, ки аксарияти онҳоро шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Қирғизистон ташкил медиҳанд.
Дар пайи ин амалиёт якуним ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои муайян кардани шахсияташон ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ фиристода шудаанд. Намояндаи Вазорати дохилаи Қазоқистон афзуд, бо айби убури ғайриқонунии марз 20 шаҳрванди Тоҷикистон низ боздошт шудаанд.
Мақомоти пулис 290 корфарморо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи кории ҷарима карда шуданд.
Ин дуввумин амалиётест, ки дар моҳи ҷорӣ аз сӯи ниҳодҳои интизомии Қазоқистон барои муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва аз кишвар берун кардани онҳо роҳандозӣ мешавад.
Дар натиҷаи амалиёти қаблӣ беш аз 16 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҷаримабандӣ ва ҳудуди 3 ҳазор нафар хориҷ карда шуданд, ки аксари кулли онҳо узбакҳову қирғизҳо ва 61 нафарашон тоҷикон буданд.
Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, кам будани шумори боздоштшудагон аз ҷумлаи муҳоҷирони тоҷик марбут ба он аст, ки дар ин кишвар шумораи онҳо назар ба муҳоҷирони узбаку қирғиз ба маротиб коҳиш ёфтааст ва ағлаби онҳо ба қасди Русия Қазоқистонро тарк кардаанд ва ё баъзеашон аз дасти мушкилиҳои зиёди ғарибӣ ноилоҷ ба ватан баргаштаанд.