Тарҳи Қонуни асосии нави Қирғизистон ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудааст. Мақомоти ҳукумати муваққат мегӯянд, зимни таҳияи тарҳи Қонуни асосӣ ҳудуди 80 дарсади тавсияҳои Камисиюни аврупоӣ барои демократия мавриди истифода қарор гирифт.
Омурбек Тикебоев, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ гуфт, тибқи тарҳи ҷадиди Қонуни асосӣ ваколатҳои президенти Қирғизистон коҳиш меёбанд.
Бар асоси шаҳодати Омурбек Тикебоев дар тарҳи нави Қонуни асосӣ афзоиши шумораи депутатҳои парлумон аз 105 нафар ба 120 нафар низ пешбинӣ шудааст.
Мавсуф гуфт, шаҳрвандон, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар то 14 майи соли равон пешниҳод ва назару мулоҳизоти хешро перомуни тарҳи нави Қонуни асосӣ бояд ба унвони гурӯҳи корӣ фиристанд.
Вай афзуд, ки ин ҳама назару пешниҳодот то 18 май мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор хоҳад гирифт ва 19 май тарҳи ниҳоии Қонуни асосӣ аз тариқи васоити ахбори умуми кишвараш эълом хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар Бишкек ва соири вилоятҳои Қирғизистон гурӯҳ-гурӯҳ одамон бо талабҳои мухталиф даст ба таъсиси гирдиҳамоиҳо задаанд.
Аз ҷумла, як гурӯҳ тарафдорони Молдомӯсо Конгантиев, собиқ вазири дохилаи Қирғизистон, ки гуфта мешавад, 26 апрел дар Маскав аз тарафи кормандони амнияти кишвараш боздошт ва ба Бишкек истирдод шуд, дар назди майдони порлумон гирдиҳамоӣ доир намуданд.
Онҳо аз ҳукумати муваққатӣ тақозо намуданд, ки Конгантиевро аз ҳабс раҳо кунад, дар акси ҳол намоиши эътирозии густада роҳандозӣ хоҳанд кард.
Тибқи хабарҳои расида як гурӯҳ тарафдорони Молдомӯсо Конгантиев масири Ӯш-Бишкекро масдуд сохтаанд, ки шаҳраки Майлисуви Ҷалолободро убур мекунад. Гуфта мешавад, ки дар ин роҳ ҳаракати беш аз 300 мошин мутаваққиф сохта шудааст.
Иттилоъ мерасад, ки дар шаҳри Ӯш кумитаи дифоъ аз Қурмонбек Боқиев таъсис дода шуд. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи башари Ӯш, Тӯлон Деҳқонбоев аъзои кумитаи дифоъ аз Боқиев ҳукумати муваққатии Роза Отунбоеваро ғайриқонунӣ шумурда, ин ҳукуматро дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам кардааст.
Аммо аъзои ҷунбиши мардумии «7 апрел», ҳамчунин як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар ва пайвандони ашхосе, ки 7 апрел аз тири низомиёни мусаллаҳ ба ҳалокат расидаанд, дар назди сафорати Булорус дар Бишкек ҷамъ омаданд.
Яке аз иштирокчии ин гирдиҳамоӣ мегӯяд, 7 апрел писари ягонаи худро аз даст дод. Ба гуфтаи ӯ, вақте ки аз тариқи телевизион суханронии Александ Лукашенко, президенти Булорусро шунид, ки аз Қурмонбек Боқиев пуштибонӣ мекард, ба ин тазоҳурот пайваст.
Вай афзуд, аз сафорати Белорус тақозо дорад, ки Боқиевро ба Қирғизистон истирдод кунад ва ӯ ба ҳайси президент барои қурбониёни 7 апрел дар назди қонун ҷавоб диҳад.
Як зани дигари иштирочии ин тазоҳурот мегӯяд, ки аз бесалоҳиятии ҳукумати муваққатӣ таҳти раёсати Роза Отунбоева низ норозӣ аст.
Ба гуфтаи мавсуф зеро вазорати хориҷаи Қирғизистон мебоист фавран ба сафорати Белорус дар Бишкек номаи эътирозӣ ироа ва истирдоди Қурмонбек Боқиевро ба Қирғизистон талаб мекард.
Дар ҳамин ҳол, Темир Сариев, ноиби раиси ҳукумати муваққатии қирғиз, эҳтимоли созмон додани амалҳои террористӣ аз тарафи наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро таъкид кардааст.
Бам гуфтаи ӯ вазъият рӯ ба субот овард, вале ба хотири аз эътидол берун кардани вазъияти ором иддае аз наздикони Қурмонбек Боқиев талош ба харҷ хоҳанд дод, ки ин вазъияти ором рӯ ба ташаннуҷ оварад.
Темир Сариев ба дунболи ин нақши Қазоқистонро дар барқарории суботу амн дар Қирғизистон хеле муассир арзёбӣ кардааст.
Бино ба суханони ӯ, агар президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Қурмонбек Боқиевро аз марзи кишвараш берун намекашид, вазъият дар Қирғизистон ба ташаннуҷи ҷиддӣ рӯбарӯ мешуд