Омодагии Иттиҳодияи Аврупо барои ёрӣ ба Қирғизистон

Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, агар ҳукумати муваққатии Қирғизистон роҳи густариши демократияро интихоб кунад, ИА омодааст, то ба ин ҳукумат ёрии молӣ ва сиёсӣ пешниҳод кунад.
Кэтрин Эштон дар ин бора зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Страсбург гуфт, ҳукумати муваққатии Қирғизистон бояд тарҳи ошкорро ироа кунад, ки чӣ тавр кишварро ба низоми конститутсионӣ, демократӣ ва ҳокимияти қонун бармегардонад.

Ӯ гуфт, ИА мехоҳад, ки ба ин раванд намояндагони тамоми аҳзоб ва ҷомеаҳои миллии кишвар шомил бошанд. Хонум Эштон гуфт, қабл аз пешниҳоди тарҳи нави қонуни асосии Қирғизистон барои референдум ба ҳамаи гуруҳҳо ва аҳзоб бояд иҷозат дода шавад, то дар таҳияи лоиҳа ширкат кунанд.

Дипломати аршади Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди вазъи кунунии Қирғизистон изҳори ташвиш намуд ва гуфт, ҳамаи ҷонибҳо бояд аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба иқдомоти таҳрикдиҳанда роҳ надиҳанд.

Ба ақидаи Кэтрин Эштон, бӯҳрони ахир нишон дод, ки Қирғизистон ба ислоҳоти аслии иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ниёз дорад. Вай гуфт, дар мисоли Қирғизистон мешавад дид, ки чӣ тавр ҳукумати бад ва адами ислоҳоти аслӣ метавонад ба нооромиҳои сиёсӣ ва хушунати хунин биорад.

Дар нооромиҳои ахир дар Бишкек беш аз 80 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Дар пайи он нооромиҳо Қурмонбек Боқиев аз раёсати ҷумҳурӣ канор рафт ва кишварро тарк гуфт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Жер талашкандар таратылды