Маризони СПИД: "Аз мо ҳазар накунед!"

Дар бист соли ахир 2009 нафар дар Тоҷикистон ҳангоми ташхиси мавҷуд будан ё набудани ангезандаи ВИЧ-СПИД дар хунашон посухи мусбат шунидаанд. Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, 1595 нафар аз гирифторони расмии СПИД мард будаанд ва 414 нафарашон зан.
Аксари кулли гирифторони ин маризӣ аз 15 то 49 сол доштаанд. Беш аз нисфи ин гирифторон тариқи сузандору мубтало шудаанд, қариб 30 дарсадашон аз роҳи алоқаи ҷинсӣ гирифтори ВИЧ шудаанд.

ВИЧ тобоварии бадани инсонро ба маризиҳои мухталиф заиф мегардонад ва аксари он гирифторон, ки фавтидаанд, асосан аз сил, саратон ва зардпарвин ҷони худро аз даст додаанд. Маризӣ то ба ҳанӯз табобатнашаванда мебошад, аммо бо муолиҷаи зидди ретровирусӣ густариши онро то андозае метавон боздошт. Дар Тоҷикистон маблағи табобати зидди ретровирусиро барои маризон пурра Хазинаи глобалӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ мепардозад.

Аммо дар баробари доруҳои махсус ва гаронбаҳо, гирифторони ВИЧ-СПИД ба меҳру муҳаббати атрофиён, дарки дарди онҳо аз ҷониби ҷомеа низ ниёз доштаанд. Ҳарчанд, ин маризӣ аввалин қадами худро ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо истиқлоли кишвар гузоштааст, вале дар ин бист сол ҷомеа ҳамоно аз гирифторон ҳазар мекунад.

«Як рӯз бо шумо» ин ҳафта пайи ҳамин мавзӯъ буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

СПИД