Омодагиҳо ба паради 9 май дар Майдони Сурх

Лашкари Русия барои паради ҳарбӣ ба шарафи пирӯзӣ бар фашизми Олмон дар соли 1945 тайёрӣ мебинад.

Паради имсоларо бузургтарин намоиши қудрат дар Майдони Сурх пас аз суқути коммунизм ва тозатарин талоши Кремл ҷиҳати эҳёи шӯҳрати низомии замони Шӯравӣ ном мебаранд.

Тонкҳо ва аслиҳаи сақила, ба монанди мушаки баллистикии байниқитъавии Топол-М ба маърази ом гузошта хоҳад шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Кремл дари носталжӣ ба замони Шӯравиро мекӯбад, замонеро, ки русҳо кишвари абарқудрат доштанд ва тарсе аз нерӯмандии Ғарб надоштанд.

Путин ва ҳамтифоқони ӯ бо боқӣ гузоштани суруди миллии Шӯравӣ ва сурхии парчами расмии низомӣ ин носталжиро ба сатҳи расмӣ баровардаанд.

Путин шахсан дизайни либоси ҷадиди низомиёни Русияро, ки тахлити дизайни замонҳои имперотурӣ ва шӯравӣ мебошад, тасдиқ кардааст.