"Роҳи оҳани Тоҷикистон" иддаои Тошкандро рад кард

Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иддаои мақомоти Ӯзбакистонро, ки гӯё 555 вагони ҳомили молу колоро ба вилояти Хатлон фиристодаанд ва ҷониби Тоҷикистон иҷозаи вуруди ин вагонҳоро надодааст, рад кард.
Усмон Қаландаров, муовини раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ширкати «Ӯзбакистон темир йулларӣ» рӯзи 13 апрел ба ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барқияе фиристода, сабабҳои манъ шудани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистонро ба ҷараёни корҳои тармим дар роҳҳои оҳани он кишвар рабт додааст.

Вай афзуд: «Ягон вагон ворид нашудааст. Вагонҳои молу колои Душанберо ягон-ягон иҷоза медиҳанд, аммо аз 16 март инҷониб ягон вагони маводи сӯзишвори ва хоҷагии қишлоқи минтақаи Хатлонро раҳо накардаанд».

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ҷониби Ӯзбакистон пешниҳод кардааст, ки омода ҳаст вагонҳои роҳии вилояти Хатлонро тавассути роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе қабул кунад, вале то кунун посухе дар ин маврид нагирифтааст.

Бино ба иттилои «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҳудуди 2000 вагони ҳомили маводи сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя дар банд аст. Масъулини ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, феълан машғули ҳисобу китоби ҳаҷми молҳои бандшуда ва хисороти расида аз манъи вагонҳо дар ҳудуди Ӯзбакистон мебошанд.

Ҳамзамон банд шудани 1000 вагони маводи сӯхт, ки бояд ба вилояти Хатлон интиқол меёфт, боиси боло рафтани нархи сӯзишвори дар минтақа гардидааст.

Масиддиқ Одинаев, яке аз тоҷирони маҳалии дар шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, ки 20 вагони бандшуда дар роҳи оҳани Ӯзбакистон ба ширкати онҳо тааллуқ дорад.

Вай афзуд, «банд шудани вагонҳо боиси чанд фисад боло рафтани маводи сӯзишворӣ шудааст ва минбаъд ҳам мешавад».

Дар ҳоле ки қазияи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сари вагонҳои молу колои Тоҷикистон тӯл мекашад, Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул, рӯзи душанбе дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод ҷиҳати ҳалли мушкили борҳои дар марзи Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон талоши мусоидат хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мавзӯъро дар мулоқот бо мақомоти Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дода, ба риояти «тиҷорати озод» таъкид хоҳад кард.

Бан Кӣ Мун, дабири кули СММ, низ зимни боздидаш аз Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта гуфт, ду кишвар бояд як роҳи ҳалли қазияи вагонҳои бандшударо ёбанд, то кишоварзон дар айнимавсиму кишту кор осеб набинанд.