Толекан Исмоилова, ҳомии ҳуқуқи башар, баъд аз мулоқот бо Қурмонбек Боқиев, изҳор намуд, ки раиси ҷумҳури маъзул таъмини амният, хатми хушунату ғорат, тартибу низом дар умури милиса ва артишро шарти аслии музокира бо ҳукумати нав унвон кардааст.
Мулоқоти ин ҳоми ҳуқуқи башар бо Боқиев дар вилояти Ҷалолобод анҷом шудааст. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор намудааст, ки барои баррасии мавзӯъи интиқоли қудрат ба ҳукумати муваққат омода аст.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева имкони гуфтушунид бо Боқиевро номумкин намедонад, аммо мегӯяд, ки талаби ӯ барои кафолати амнияти аҳли хонавода ва пайвандонаш ғайри қобили қабул аст. Отунбоева бори дигар изҳор намуд, ки Боқиев бояд ба додгоҳ кашида шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи расмӣ, теъдоди қурбониёни ҳаводиси рӯзҳои 7 ва 8 апрел дар Бишкек ба 84 расид. Беш аз 500 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон таҳти назари табибон қарор доранд.
Дмитрий Медведев аз “Афғонистони дуввум” ҳушдор дод
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар Пажӯҳишгоҳи Брукингси Амрико ҳушдор додааст, ки Қирғизистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад ва метавонад ба “Афғонистони дуввум” табдил биёбад.
Дмитрий Медведев афзудааст, ки “хатари ба ду қисмат - ҷанубу шимол таҷзия шудани Қирғизистон дар воқеъ вуҷуд дорад”. Ба эътиқоди ӯ, бархе раҳбарони сиёсии қирғиз бояд рӯи сарнавишти худ бияндешанд.
Медведев ҳамаи ҷонибҳои зидхали ҳаводиси Қирғизистонро ба оромӣ дар роҳи ҳалли ихтилофоти сиёсӣ даъват карда, гуфтааст, ин кишвар набояд ба як “давлати ноком” табдил шавад.
Ин дар ҳолест, ки Алмос Ҳотамбоев, муовини раиси ҳукумати Қирғизистон имрӯз дар Маскав имкони кӯмакҳоли молии Русия ба ин кишвари Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳад кард.
Дидори фиристодаи Амрико бо Роза Отунбоева
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони расонидани кӯмак ба ҳукумати муваққати Қирғизистонро баррасӣ мекунад. Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷаи Амрико ин матлабро баъди мулоқоташ бо Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон баён кардааст.
Иқдомоти баъдии ҳукумати муваққат, муҳлати таҳияи Қонуни асосии нави Қирғизистон ва таърихи баргузории интихоботи ояндаи ин кишвар аз мавзӯъҳои мавриди баррасии фиристодаи Амрико ва Роза Отунбоева будааст.
Роза Отунбоева ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин мулоқот бо намояндаи ИМА масъалаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар “Манас” баррасӣ нашудааст.
Амрико дар қаламрави ин кишвар як пойгоҳи ҳавоиро иҷора гирифтааст, ки дар ҳошияи фурудгоҳи Манас дар канори Бишкек ҷойгир буда, ба манзури кӯмак ба амалиётҳои байналмилалӣ дар Афғонистон истифода мешавад.
Дирӯз Роза Отунбоева изҳор дошт, ки қарордоди яксолаи иҷораи ин пойгоҳи Амрико дар моҳи июл ба муҷарради хати замони эътибораш ба таври автоматӣ тамдид карда хоҳад шуд.
Аз замони ошӯбҳои хунини рӯзи 7 апрел, Роберт Блейк баландпоятарин мақоми амрикоист, ки аз Қирғизистон боздид мекунад.
Ду майдони ба ҳам мухолиф дар Ҷалолобод
Шаҳрдори феълии Ҷалолобод, ки ҷонибдори ҳукумати муваққатӣ буд, талаби мардуми мӯътариз дар хиёбони марказии шаҳрашро пазируфт ва аз маснадаш канор рафт. Ҷонибдорони Боқиев феълан тақозои истеъфои раиси вилояти Ҷалолободро доранд.
Субҳи имрӯз тарафдорони Боқиев кори қурултойи ҷонибдорони ҳукумати муваққатиро дар майдони марказии Ҷалолобод қатъ карданд ва бо занозанӣ минбарро аз дасти онҳо кшаида гирифтанд.
Ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ аввал қурултойи мардумии худро ба таърихи 15-уми апрел таъин карда буданд, сипас, ғайриинтизор тасмим гирифтанд, то онро имрӯз, 14-уми апрел баргузор кунанд. Субҳ ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ дар майдони марказии Ҷалолобод ҷамъ омаданд.
Вале дар ҳамон замон тарафдорони Қурмонбек Боқиев низ дар майдон гирд омаданд ва минбарро кашида гирифтанд.
Сафири Қирғизистон дар Покистон, ки аз Исломобод ба зодгоҳи худ шаҳри Ҷалолобод баргаштааст, гуфт, ҳукумати муваққатӣ ба гирдомади тарафдорони Боқиев халале нарасонид ва ҷонибдорони Боқиев низ набояд ба кори қурултойи мардумии мухолифони Боқиев дахолат кунанд.
Наздик ба нисфирӯз ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ дар як майдони дигар дар ҳамон марказ ҷамъ омаданд. Ҳамакнун, дар маркази Ҷалолобод ду майдони ба ҳам мухолиф гирд омадааст.
Рӯзи саввум аст, ки тарафдорони Қурмонбек Боқиев дар вилояти Ҷалолобод фаъол шудаанд ва ҷамъ меоянд. Ду рӯзи қабл Қурмонбек Боқиев дар назди онҳо баромад карда, хостори таъсиси комиссияи байнулмилалӣ ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаҳои рӯзҳои ахир шуд. Боқиев ҳамчунин эҳтимоли истеъфояшро ба замонати таъмини амнияти худаш ва пайвандонаш рабт дод.
Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон низ ҳамон замон гуфт, агар Қурмонбек Боқиев истеъфо бидиҳад, ҳукумати муваққат амнияти ӯ ва пайвандонашро замонат медиҳад.