Дар ноҳияи Конибодом кирми гӯр (термит) ба хонаҳои сокинон ҳамла карда, садҳо манзилро хароб кардааст. Масъулин мегӯянд, эҳтимоли паҳн шудани бештари он вуҷуд дорад.
Соли гузашта ҳукумати вилояти Суғд дар посух ба муроҷиатҳои батакрори сокинони Конибодом ниҳоде барои мубориза бо ин ҳашароти зараровар, иборат аз табибони хадамоти беҳдоштӣ, байторӣ ва ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода буд, аммо дар давоми як соли фаъолият аз нест кардани термит оҷиз мондааст. Масъулини хадамоти беҳдоштии вилояти Суғд мегӯянд, ки дар сурати маҳв накардани кирми гӯр эҳтимоли паҳн шудани он дар саросари шимоли Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар баъзе маҳалҳои шаҳри Хуҷанд ҳам кирми гӯр ба хонаҳои одамон зарар мерасонад.
Заррина, як ҷавонзани конибодомӣ яке аз он сокинонест, ки манзилашон аз зарари кирми гӯр хароб шудааст. Вай дар хонаи рақами 261, кӯчаи ба номи Бобокалонови шаҳри Конибодом бо се фарзанди хурдсол ва шавҳари бемораш зиндагӣ мекунад. Заррина гуфт, як қисми хонаашонро, ки хавфи фурӯ рафтанаш пеш омада буд, вайрон кардаанд, чӯбҳои хонаро кирми гӯр хӯрда, сурох - сурох кардааст. Заррин тахтаҳои фарши хонаашро нишон медиҳад, кик анда партофтааст ва мегӯяд, термит, агар бехабар монед, ба бадан часпида одамро ҳам мегазад. Заррина мегӯяд, хонаашро дар пеши чашмаш кирм хароб мекунад, аммо касеву идорае дасти мадад дароз намекунанд.
Ҳамин тавр, дар шаҳр, ҷамоатҳои Пӯлодон ва Равоти ноҳияи Конибодом садҳо сокинон маҷбур шудаанд, ки хонаҳои аз кирми гӯр зарардидаи худро хароб кунанд. Дар маҳалҳои дигар термит саросарӣ паҳн нашудааст.
Ба гуфтаи сокинон, ягон роҳи бо заҳрдору несту нобуд кардани термитро ҳанӯз пайдо накардаанд. Танҳо коре, ки аз дасти онҳо меояд, бо пешниҳоди табибони беҳдоштӣ ва байторон ба чӯбҳои кирмдори хона бензину карасин мепошанд, аммо ин ҳам ба кирми даруни чӯб таъсир намекунад.
Зебо Саидолимова, сардори кумитаи маҳаллаи 19–и шаҳри Конибодом дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сокинони тахминан 150 манзил дар ин маҳал аз ҳамлаи кирми гӯр маҷбуранд ба ҷойи дигар кӯч банданд. Вале оё зарари хонаҳои харобгаштаи онҳо аз тарафи ҳукумат ва ё идораи суғурта ҷуброн карда мешавад ? Хонум Саидолимова дар ҷавоб ба ин савол гуфт, ҳукумат ва ширкати суғурта ҷуброни зарари касони хонаҳояшон вайроншударо бар дӯш нагирифтаанд.
Масъулини идораи суғурта гуфтаанд, хонаҳоро аз кирми гӯр суғурта намекунанд. Аз Ғаниҷон Ҷабборов, муовини ширкати суғурта дар вилояти Суғд, пурсидам, чаро хонаҳоро аз зарари кирми гӯр суғурта кардан мумкин нест? Вай гуфт, ҷуброни маблағи хонаҳои харобгашта аз зарари кирми гӯр ба рӯйхати мавориди суғуртаи хонаҳо дохил нест. Ин номгӯй дар давраи Шӯравӣ таҳия шуда, чун он давра термит то ин дараҷа дар хонаҳо паҳн нагашта буд, аз рӯйхат берун мондааст.
Маъмур Мансуров, сартабиби маркази беҳдошти Конибодом, дар бораи вазъи ҳозира гуфт, ба маҳви кирми гӯр даст наёфтаанд. Табибони ин марказ аз марказҳои таҳқиқотӣ ва шабакаи ҷаҳонӣ низ чораву доруи нобудкунандаи термит пайдо накардаанд. Вай афзуд, ягона илоҷи халосӣ аз онро дар сӯхтани манзилҳои зарардида ва ба ҷои дигар кӯчонидани сокинони он мебинанд. Зимнан, на масъулини маркази беҳдошт, на идораи мубориза зидди ҳашароти зараровар масъулияти мубориза зидди термитро кори аслии худ намеҳисобанд. Абдуҷаббор Насриддинов, масъули идораи мубориза бо ҳашароти зараррасони рустанӣ дар Конибодом гуфт, иҷрои ин кор бар дӯши кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вогузор шудааст.Масъулини кумитаи мазкур ба навбати худ мегӯянд, ки онҳо умдатан ба кӯчонидан ва ҷо ба ҷо кардани сокинон ба маҳали нав масъулият доранд, на мубориза бо термит.
Сокинони хонаҳояшон харобгашта аз зарари кирми гӯр дар Конибодом ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ ҷиҳати ба ҷои дигар кӯчонидани онҳо ва сохтмони манзил муроҷиат кардаанд. Аммо ба сокинони зарардида ҳанӯз замини нав ҷудо нашудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳал, эҳтимол, хотирҷамъии мақомот аз он аст, ки кирми гӯр дар як рӯзу як сол хонаро хароб намекунад, барои ин солҳо меравад ва шояд то он вақт ягон дору ё заҳри зидди термит ба даст хоҳад омад. Аммо нигаронии табибони беҳдоштӣ аз он аст, ки дар ҳоли ба ҳоли худ мондани ҷараёни ҳодиса термит дар саросари Суғд паҳн хоҳад шуд.