Бархе аз шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» хоҳиш кардаанд дар бораи шогирдони футболи тоҷик, ки дар айни ҳол дар дастаҳои футболи Русия бозӣ мекунанд, маълумот бидиҳем. Ва ҳоло ин хоҳиши онҳоро ба ҷо меорем.
Фарҳод Восиев ягона намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар Премйер-Лигаи Русия бозӣ мекунад. Ӯ дар оғози ин мавсим аз «Сатурн» ба «Криля Советов» гузашт. Дар «Сатурн» мавсими гузашта Фарҳод капитани дастаи ҷавонон буд ва асосан дар бозиҳои дубл ширкат меварзид. Дар ҳайъати асосӣ низ як бозӣ карда, ба дарвозаи «Криля Советов» гол зада буд ва он замон намедонист, ки маҳз «Криля Советов» дастаи баъдии ӯ хоҳад шуд.
Дар Русия боз чандин бозигарони дигари ҷавони тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Вале ҳамаи онҳо ба дастаҳои ҷавонон шомиланд, аммо дар дубли дастаҳои пурзӯртарини Русия, масалан, дар дубли қаҳрамони ду соли ахири Русия – «Рубин»-и Қазон ду тоҷикбача ҳаст. Парвиз Умарбоеви 16-сола, ки моҳи январи соли равон ҳамроҳ бо ҳамсолонаш соҳиби Ҷоми ИДМ гардид, ва Алишер Ҷалилови 17-сола. Алишер, воқеан, дар тозатарин бозии дублҳои «Рубин» ва «Сатурн» як гол ба самар расонд.
Алишер танҳо ҷавон аз оилаи Ҷалиловҳо нест, ки дар Русия бозӣ мекунад. Амӯзодаи ӯ бо номи Манучеҳр Ҷалилов аллакай соли саввум аст, ки дар дастаи «Локомотив-2» яке аз муҳоҷимони асосӣ мебошад ва голҳои зиёд мезанад. «Локомтив-2» дар дивизиони дуввуми Русия бозӣ мекунад.
Аз оилаи Ҷалиловҳо дар Русия Искандар ҳам ҳаст. Искандар 18 сол дорад ва дар дубли ССКА-и Маскав бозӣ мекунад. Ҳамин мавсим ба Искандар дар дубли ССКА боз як тоҷикбачаи дигар бо номи Муҳаммад Султонов пайваст. Муҳаммадро ҳанӯз ба бозиҳои дубл роҳ надодаанд, вале умедворем, ки ҳатман ҳунарашро нишон хоҳад дод. Муҳаммад аз хурдсолӣ дар Русия ба сар мебарад ва дар мактаби футболи ССКА таълим гирифтааст.
Наим Шарифӣ низ айнан чунин ҳол дорад. Вай дар дастаи дубли «Локомотив»-и Маскав бозӣ мекунад. Ӯ низ дар Русия камол ёфта, дар мактаби футболи «Локомотив» таҳсил кардааст. Исми Наим Шарифӣ аллакай барои ҷомеаи футболи Русия ошност, чун соли гузашта, замоне ки Рашид Раҳимов сармураббии «Локомотив»-и Маскав буд, ӯ ба тамринот ба дастаи асосӣ даъват шуда буд. Вале чун Раҳимов аз «Локомотив» рафт, Наимро боз ба дубл фиристоданд.
Воқеъан, Рашид Раҳимов, феълан сармураббии тими «Амкар»-и Перм аст ва бо дастаи наваш дар бозиҳои панҷ даври Преймер-Лигаи Русия 7 имтиёз ба даст овардааст ва дар ҷои 9-ум қарор дорад.
Ҷойи Рашид Раҳимовро дар «Локомотив»-и Маскав Юрий Сёмин гирифт. Сёмин ҳарчанд зодаи Тоҷикистон нест, вале фаъолияти кориаш ҳамчун сармураббӣ аз «Помир»-и Душанбе оғоз шудааст. Ҳамроҳ бо Юрий Сёмин дар «Локомотив»-и Маскав собиқ бозигари маъруфи «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Игор Черевченко низ заҳмат мекашад.
Аз бозигарони «Помир»-и Душанбе ёд кардем. Машҳуртарини онҳо албатта ки Мӯҳсин Муҳаммадиев аст ва ӯ феълан мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон мебошад.
Легионерҳои футболи тоҷик
Дар айни ҳол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 10 нафар легионерҳо – футболбозони хориҷӣ аз 5 кишвар - Гана (4 нафар), Узбакистон (3 нафар), Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон (якнафарӣ) - ҳунарнамоӣ мекунанд.
Чаҳор легионер – дарвозабон Фарҳод Юлдошеви узбакистонӣ, ҳимоятгар Арий Элайҷа ва нимҳимоятгар Давид Давидсон, ҳарду аз Ганаи Африқо, нимҳимоятгар Рейди Тройи амрикоӣ - аъзои дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мебошанд.
Ду легионер – нимҳимоятгар Сардорбек Эминови узбакистонӣ ва Жаилтон Оливейраи бразилӣ - дар дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ мекунанд.
Ду нафари дигар аз Гана - нимҳимоятгар Габриэл Донтох ва ҳамлагар Чарлз Накути - ба дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе қабул шудаанд.
Дарвозабон Алишер Тӯйчиеви узбакистонӣ ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва нимҳимоятгар Александр Франки олмонӣ ба дастаи «Энергетик»-и Душанбе шомиланд. Воқеъан, Александр Франк писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов мебошад, ки дар Олмон ба сар мебарад.