Додситони кулли Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудӣ 12 додситони шаҳру ноҳия ва як муовини додситони вилоятро аз вазифаҳояшон озод кардааст. Аз ҷумла, се додситон барои аз ҷониби зертобеашон содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ барканор шудаанд.
Дар нахустин нишасти матбуотияш додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, ки ду моҳ пеш дар ин вазифа ба кор шурӯъ кард, гуфт муборизаи беамон алайҳи коррупсия, назорати иҷрои қавонин дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва расидагӣ ба арзу шикояти онҳо ва ислоҳи нуқсонҳо ва камбудиҳои марбут ба истифодаи ғайримақсадноки замин ва пардохти молиётро аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати нави додситонӣ мешуморад.
Вай афзуд: «Барои бомуваффаққият ва босамар иҷро шудани ин самтҳои афзалиятноки назорати прокрорӣ, кадрҳо наши муҳим мебозад. Бо фармонҳои прокурори генералӣ барои роҳ додан ба камбудиҳо 12 прокурори шаҳру ноҳия ва як муъовини прокурори вилоят аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Аз ҷумла, се нафар прокурор барои наандешидани чораҳои пешгирӣ, ки боиси аз ҷониби кормандони зертобеашон содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гардида буданд. 8 нафар прокурор барои беэътиноӣ намудан ба риояи қонунгузории замин, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷомеъа ва давлат аз ҷониби афроди масъул шудаааст, ду нафар барои пинҳон кардани ҷиноятҳо аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардадаанд».
Бо додситони кул таъин шудани ҷаноби Салимзода, ин интизориҳо вуҷуд дошт, ки таҳаввулоте дар низоми додситонии Тоҷикистон ба амал беҳбуд хоҳад омада. Ҳарчанд барканории ин теъдод аз додситонҳо аз мақомҳояшон як аломати ислоҳот ба назар мерасад, вале нисбати ҳеҷ яке аз барканоршудагон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Шерхон Салимзода, фаъолияти додситонӣ дар заминаи мубориза алайҳи ҷинояткориро низ дар ин муддат муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, мизони ҷурму ҷиноят дар муқоиса ба се моҳи соли гузашта коҳиш пайдо кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши додситонии кул мизони ҷиноятҳое назири куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории ноболиғон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш будааст.
Ин аст, ки додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши куштор изҳори таассуф кард ва сабаби онро чунин шарҳ дод: «Таҳлилҳо нишон додаанд, ки асосан ҷиноятҳои куштор характери маишӣ дошта ва ба ягон характери дигар вобаста нестанд. Ва чунин ҷиноятҳо бо усулу василаҳое, аз қабили бо истифодаи воситаи корд, бо роҳи бӯғӣ кардан ва дигшар воситаҳо сурат гирифтааст».
Нигаронии дигаре, ки додситони кулли Тоҷикистон бо хабарнигорон дар миён гузошт, иҷрои қонунгузории замин, алалхусус истифодаи ғайримақсадноки замин ва тақсими он тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ аст.
Ба иттилоъи Шерхон Салимзода, аз аввали соли ҷорӣ то кунун беш аз 33 гектар замин, ки ғайриқонунӣ тақсим шуда буд, ба истифодабарандагони қонунии аввалиндараҷаи он бозпас гардонда шуда ва 67 парвандаи ҷиноятӣ дар ин замина оғоз карда шудааст.
Ҳарчанд Шерхон Салимзода, талош мекард, то ба хабарнигорон бифаҳмонад, ки вай дар мақоми нав корҳои самарабахшеро дар заминаи волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандон анҷом додаст.
Аммо Абдуазими Абдуваҳҳоб, як хабарнигори тоҷик, ки дар нишасти хабарии додситони кулл ширкат дошт, мегӯяд, он чӣ ҷаноби Салимзода самти фаъолияти ин ниҳод қарор додаст, меҳвари фаъолиятест, ки вай дар Агентии мубориза бо фасод ба он сару кор дошт: «Боз ҳам маҳаки фаъолияти Салимзода дар мақоми додситони кул ҳамон аст, ки мубориза бо коррупсия ва он чи олуда ба ришвахорӣ аст, мебошад. Ва он се самти асосие, ки ҷаноби Салимзода пешниҳод кард, аз ҳамин сарчашма мегирад ва агар гӯем, ки аз фаъолияти пешинааш дар Агентии мубориза бо фасод бар меояд хато намекунем. Салимзода низ мисли дигарон аз он мактабе гузаштааст, ки дигар кадрҳои раҳбарикунанда гузаштаанд. Агар чӣ нишастҳои Бобохон Бобоҷонов, додситони пешин як нишастҳои кушод ва озода буд ва ҳар чӣ марбути фаъолияти ниҳоди давлатие буд, онро ошкор мегуфт. Вале Шерхон Салимзода, шеваи дипломатиро пеш гирифтааст ва ҳеҷ сухане дар нишасти хабариаш нагуфт, ки барои матбуот ва ВАО ҷолиби диққат бошад».
"Бутақозиев дастгир нашудааст"
Шерхон Салимзода мегӯяд, "Бутақозиев боздошт нашудааст. Қаблан расонаҳо аз боздошти ӯ Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Тоҷикистон хабар дода буданд.
Шерхон Салимзода иллати ин амрро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштани Бутақозиев унвон кард ва гуфт: «Ӯ на дар СИЗО ё тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, балки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар муассисаи нигаҳдории муваққатии раёсати корҳои дохила ҷой дода шудааст».
Ин дар ҳолест, ки вакили мудофеи Бутақозиев мегӯяд, зерҳимояи вай охири моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда ва ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дода шудааст ва вай дар СИЗО –и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки аз додситонии кули Қирғизистон унвонии додситони кули Тоҷикистон номаи дархостӣ барои бозпас гардондани Бутақозиев расидааст, ки ба маълумоти ҷониби Қирғизистон ин шахс дар қаламрави он кишвар ҷиноят содир кардааст.
Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, номаи ҳамтои қирғизашонро маврид омӯзиш қарор хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки Бутақозиев ба ҳадафи дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Шерхон Салимзода таъкид: «Агар ҷиноятҳои содиркардаи Бутақозиев характери сиёсӣ надошта бошад ва ҷиноятҳои умумӣ бошад, албатта пас гардонда мешавад. Аммо агар характери сиёсӣ дошта бошад ва ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ талаб карданӣ бошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон қарор қабул карда хоҳад шуд».
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун низом дар Қирғизистон, ба хусус Бишкек тағйир карда ва номаи додситонии кули Қирғизистон низ қабл аз таҳаввулоти ахири он кишвар ба Тоҷикистон расидааст.
Акнун суоли ин ааст, ки додситонии кулл дар ин ҳолат чи гуна рафтор хоҳад кар?
Шерхон Салимзода дар посухи ин суол гуфт: «Ин мавзӯъ бо ҷониби додситонии кули Қиитзистон мувофиқа хоҳад шуд ва дар сурати бозпас гардондан ва ё нагардондани Бутақозиев ба кишвари ҳамсоя хабар хоҳем дод ва онҳо дар навбати худ метавонанд таклифу дархости худро пешниҳод намоянд».
Посухи додситонии кулл ба модари Ёқуб Салимов
Шерхон Салимзода, ҳамчунин гуфт, додситонии кулли Тоҷикистон ба номаи модари Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила, ки дар зиндон мебошанд, посух додааст.
Ба гуфтаи Салимзода, дар ҷавоби додситонии кулл омадааст, ки «дар мавриди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қонуншиканӣ дида намешавад ва маҳкумшуда Ёқуб Салимов аз ёрии духтур ва аз ҳама ҳуқуқҳое, ки қонун нисбати маҳкумшуда пешбинӣ кардааст, бархурдор мебошад.»
Додситони кулл таъкид кард, ки «қонунгузорӣ низоми ҷазо ва адои онро муайян кардааст ва Ёқуб Салимов дар доираи он ҷазоро адо мекунад».
Муддати чанд соли ахир модари Ёқуб Салимов, борҳо унвонии ниҳодҳои сатҳи болоӣ, аз ҷумла раёсати ҷумҳурӣ, додгоҳи олӣ, додситонии кулл, вазорати адлия ва омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон номаҳо ирсол карда ва ҳатто матни ин номаҳо дар матбуот низ ба табъ расидаанд, ки вай эҷоди шароити нигаҳдорӣ барои фарзандаш, ба хусус таҳвили ӯ аз зиндони низомаш сангин ба низоми умумии маҳкумшудагонро тақозо кардааст.
Дар соли гузашта, Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ таъйид карда буд, ки номаи модари Ёқуб Салимов ба ин ниҳод расидааст ва он мавриди омӯзиш қарор мегирад, аммо бо гузашти чанд моҳ ҳеҷ натиҷае аз пайгирии ин нома нашуд.
Ёқуб Салимов аз чеҳраҳои калидии Фронти Халқӣ ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини истиқлол буд. Раёсати собиқ кумитаи гумрук ва вазирии корҳои дохилии кишварро низ бар дӯш дошт, вале пас аз барканорӣ аз қудрат аз Тоҷикистон фирор намуд. Баъдан, дар Маскав боздошт гардид ва ба Душанбе истирдод шуд ва ба 15 соли маҳбас маҳкум шуд.
Тафсилоти бештар аз конфронси матбуотии Шерхон Салимзода дар фурсати наздиктарин нашр хоҳад шуд.