Эмомалӣ Раҳмон ба Полша телгроми таслият фиристод

Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сабаби суқути ҳавопаймои раиси ҷумҳури Полша ва даргузашти Лех Качинский ва даҳҳо нафари дигар ба Бронислав Коморовский-кафили раиси ҷумҳур телгроми таслият фиристодааст. Раҳбари давлати Тоҷикистон аз номи худ ва мардуми тоҷик ба сабаби ин фоҷеа ба раҳбарияти Полша ва мардуми он кишвар амиқан изҳори ҳамдардӣ кардааст.