Қавми сердиплом

Истед, бародарон, чаро ин тавр? Охир мо-ку дар мамлакатамон тамоми намудҳои донишгоҳу литсею донишкадаҳоро дорем. Ҳоло мо дар бораи макотиби таълимоти умумӣ ва омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии гуногуншаклу гуногунмазмун, ки дашту саҳроро пур кардаанд, гап намезанем. Барои носатро партофтан лаби гилеми хонаатро мебардорию, аз тагаш литсеи туркӣ мебарояд.
Модоме, ки ҳамин тавр бошад, модоме ки ҳар кадомамон дар зери болинамон дутогӣ диплому, боз ҳамин қадари шаҳодатномаи хатмкунандаи техникуму омўзишгоҳҳоро дошта бошем, пас чаро коре намекунем?

Дар истгоҳи автобус агар аз касе мадад пурсӣ, ки: «Додар, ёрӣ деҳ, ҳамин линчаро ба мошин бор кунем»,- дарҳол аз киссааш як қуттӣ дипломҳои сурху кабудро бароварда, «Худованд маро барои линчабардорӣ наофаридааст», гўён маъзарат мехоҳад. Носфурўш дар таги сатилаш дипломи донишгоҳи миллӣ дораду, пиёзфурўш ҳуҷҷати донишкадаи ҳунарҳои зебо...

Дирўз аз як гадои сари роҳ, суроғаи кадом корхонаеро пурсидам. Вай аз ман қаламу коғаз талаб кард. Додам. Ў дар як лаҳза, бе паргору ҷадвал нақшае кашида дод, ки аз дидани он на танҳо ман, балки меъмору топограф ва хариташиносони тамоми ҷаҳон ангушти ҳайрат мегазиданд. Аз рўи нақшаи ин гадои сари роҳ кашида, ҳатто кўр ҳам бехато рост ба таги дарвозаи ҳамон идораи ман мекофтагӣ меомад. Гадо бошад, нигоҳи ҳайратомези маро пай бурда, бо тамасхур гуфт:
- Мефаҳмӣ, бародар, ман пеш аз касби гадоиро омўхтан, донишкадаи политехникиро дар хориҷаи на чандон дур, яъне дар шаҳри таърихии Санкт - Петербург хатм карда будам.
- Пас чаро шумо аз рўи ихтисосатон кор намекунед? - пурсидам аз гадо-наққош.
- Чунки даромади ин касбам, нисбат ба маоши он касби диплом доштаам анча зиёдтар аст...

Ду байторро дидам, ки ҳангоми ширакайфӣ, (аз афташ гов ё аспи касеро муолиҷа кардаанду, соҳиби мол барои онҳо зиёфат оростааст) дар бораи узвиёти моли муолиҷа кардаашон чунон ғазалсароию шеърбофӣ мекарданд, ки вазну қофияаш қариб ба «Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост» рост меомад.

Пас чаро мо ба кўрпача часпида мондаему коре намекунем? Аксари заводҳо аз бекорхобӣ монда шудаанд. Таҷҳизоти ин заводу корхонаҳо кайҳо аз занг ба худашон кафан дўхтаанду, акнун оромона интизоранд, ки кай пионерони давраи шўравӣ омада, онҳоро ба қабристонашон - ба ҷои оҳанпора ҷамъкунӣ мебаранд...

Ин тавр намешавад бародарон. Шахсан ман аз ҳамин рўз сар карда, ба кор шурўъ мекунам...

Агар шумо сабру тоқатро пеша карда, ин ҳикоячаро то охир хонед, он гоҳ хоҳед донист, ки ман дар ҳикояи дигарам чӣ тавр... мошин месозам. Ана ҳамин!