Додситонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар айбномаи батозагӣ эълонкардааш нисбат ба узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов чанд ҷурми дигарро ба ў нисбат додааст.
Он гуна ки аз қабл иnтилоъ дода мешуд, Муҳамадрўзӣ Бурҳонов ахиран бо иттиҳоми монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти камиссиюни интихоботӣ, боздошт ва аз 27-ум март бад-ин сў, дар маҳкамаи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.
Додситонии Вахш мегўяд, Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов ҳамчунин бо ду банди дигари кодекси ҷиноятӣ - моддаи 151- сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз ва моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ муттаҳам дониста мешавад.
Додситонӣ меафзояд, Муҳамадрўзӣ Бурҳонов дар рўзи интихоботи парлумонии кишвар узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ноҳияи Вахш буда, барои пирўзии номзади ҳизбаш дар ин қитъа амалҳои хилофи қонун кардааст. Аз ҷумла, ба иддаои додситонӣ, вай баргаҳои раъйро ба ҷойи интихобкунандаҳо ғайриқонунӣ пур карда, вориди сандуқи раъй сохтааст. Ҳамчунин ба кори камиссиюни интихоботӣ мудохила кардааст.
Назари вакили мудофеъ
Ва аммо Абдураҳмон Тўраев, вакили мудофеъи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов, мегўяд, нафари таҳти ҳимояташ иттиҳомоти алайҳи ў эълоншударо комилан рад мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии Вахш мегўяд, иттиҳомоти эълоншуда ба ҳадде ҷиддӣ мебошанд, ки ба мақомот барои ба ҳабси пешакӣ гирифтани Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов асос додааст.
Ва аммо раёсати созмони Ҳизби наҳзат дар вилояти Хатлон иддао дорад, ки узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Вахш бар асоси шикоятнома ва асноди тақаллубӣ боздошт шудааст.
Нигаронии раёсати ҲНИТ
Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломӣ, мегўяд, ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов пас аз 27 рўзи баргузории интихобот ва мағлуб шудани муовини раиси ноҳия аз номзади ҳизби наҳзат дар ин интихобот, саволҳоеро ба миён меорад, ки оё ин парванда бо мудохилаи мақомоти ҳукумати маҳаллӣ боз нашудааст?
Ба иддаои масъулини Ҳизби наҳзат, қазияи мазкур ба ин хотир сар задааст, ки мақомоти ҳукумат мехоҳанд, натоиҷи интихоботро дар қитъаи райдиҳии рақами 22 лағв намуда, ба хотири вакили мардумӣ интихоб шудани Заррина Гурезова, муовини раиси ноҳия, ки дар ин қитъаи раъйдиҳӣ мағлуб шуда буд, интихоботи иловагӣ баргузор намоянд.
Ва аммо худи Заррина Гурезова, муовини раиси ноҳияи Вахш дар умури идеоложик, мегўяд, бо вуҷуди мағлуб шудан дар интихобот, вай қасди бекор кардани натоиҷи онро надорад ва дар қазияи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов низ даст надорад.
Муовини раиси ноҳия ҳамчунин гуфт, номзади Ҳизби наҳзати исломӣ, ки барандаи интихобот аз қитъаи раъйдиҳии рақами 22 шудааст, ба ҳайси вакили мардумӣ дар якумин ҷаласаи Маҷлиси вакилони ноҳия ширкат варзидааст.
Тақозои додситонӣ аз ҳавзаи интихоботӣ
Бо ин вуҷуд, додситонии ноҳия аз мақомоти ҳавзаи интихоботӣ тақозо кардааст, натоиҷи интихоботи ахирро дар қитъаи раъйдиҳии рақами 22 бекор карда, пирўзии номзади Ҳизби наҳзатро лағв намояд, чун дар ин қитьа узви камиссиюн аз ҳизби наҳзат ба тақаллуб роҳ додааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Тўраев, вакили мудофеи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов, мегўяд, вазъи сиҳҳатии нафари таҳти ҳимояташ ўро нигарон кардааст. Чун ба гуфтаи ў, Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов аз бемории сил азият мекашад ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳоли ў бадтар шудааст. Зимнан, вакили мудофеъ аз додситонӣ хостааст, то замони баргузории муҳокимаи додгоҳӣ Бурҳоновро аз боздоштгоҳ раҳо кунад.
Дар сурати собит шудани гуноҳи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов дар додгоҳ, ўро ҷазои маҳрумият аз озодӣ то панҷ сол интизор аст.